Шикояти мусалмонон аз маҷаллаи фаронсавӣ

Ду созмони исломӣ дар Фаронса аз маҷаллаи “Чарлӣ Ҳебду”, ки нисбати Паёмбар (с) тавҳин карда буд шикоят карданд.

Ба гузориши “Он Ислом”, ду созмони исломӣ дар Фаронса аз маҷаллаи “Чарлӣ Ҳебду”, карикатурҳои тавҳиномези Паёмбар (с) – ро мунташир карда буд, шикоят кард.

“Иттиҳодияи демократии Алҷазира дар умури сулҳ ва тавсиа” ва созмони “Иттиҳодия Араб” дар шикоятномаи худ овардаанд, ки карикатурҳои мунташиршуда дар маҷаллаи мазкур ба шахсияти Паёмбар (с) тавҳин карда ва эҳсосоти мазҳабии ҷомеаи исломиро хадшадор кардааст.

Ин ду созмони исломӣ хостори пардохти ғаромати 780 ҳазор евро ба унвони хисорот аз сӯи ин маҷаллаи фаронсавӣ шудаанд.

Дар баёнияе, ки аз сӯи созмонҳои исломӣ мунташир шуда, омадааст, ки вазифаи додгоҳ ҳимоят аз мусалмонон аст.

Ин дар ҳолест, ки Речард Малко, вакили ин маҷаллаи фаронсавӣ изҳороти мақомоти ин ду созмонро изҳороти газоф донист.

Вай дар ин хусус изҳор дошт, ки маҷаллаи фаронсавӣ як маҷаллаи танзу шухинигорӣ дар бораи масоили мазҳабӣ аз суннатҳои фаронса аст, аммо мусалмонон мехоҳанд бо эҷоди шикоят монеъи ин суннати фаронсавӣ шаванд. Фаронса бо доштани ҳудуди шаш миллион мусалмон бештарин ҷамъияти мусалмон дар миёни кишварҳои аврупоиро дорост.

More From Author

You May Also Like