nahzat.tj
Як рӯзномаи исроилӣ навиштааст, ки давлати Арабистони Саудӣ ба Исроил ҳушдор додааст, ки ҷангандаҳои исроилӣ барои ҳамлаи эҳтимолии таъсисоти атомии Эрон иҷозаи убур аз ҳарими ҳавоии Арабистонро надоранд.
Бар асоси ин гузориш, Арабистон дар ин паёмаки ахири аз тариқи мақомоти амрикоӣ барои мақомоти исроилӣ ирсолшуда, таҳдид кардааст, ки дар ҳолати ба ҳарими ҳавоии Арабистон ворид шудани ҳавопаймоҳои исроилӣ, мушакҳои зидди ҳавоии Саудӣ муқобила хоҳад кард.