Categories Ахбори рӯз

109 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман берун бароварда шуд

109 нафар шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз Яман ба Маскав интиқол дода шуда, сипас ба Тоҷикистон фиристода шуданд.

Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия , дар байни ин 109 шаҳвардони Тоҷикистон 18 нафарашон кӯдакон мебошанд, ки тавассути Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз шаҳри Санъо, пойтахти Яман ба шаҳри Маскави Русия марҳила ба маҳрила берун бароварда шуданд.

6-уми апрел аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, кияк гурӯҳи 7-нафараи табибон, шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд шаҳри Адани Яманро тарк карда ба шаҳри Санъо, ки ҳудуди 500км роҳ аст, худро бирасонанд, ба ҳамин хотир “Мо аз онҳо хоҳиш кардем тавассути бандари обӣ худро то марзи Арабистони Саъудӣ бирасонанд, то масъулини Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар барои бозгашт ба Ватан ба онҳо кӯмак кунанд”.

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия, ки як ситодеро дар хусуси хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман таъсис додааст, мегӯянд, ки дар минтақаи Ҳазрамавти Яман низ ҳудуди 50 нафар шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ҳузур доранд, ки дар миёни онҳо 12 тан шаҳрвандони Тоҷикистон низ мебошанд, ки қасди ба Ватан баргаштанро доранд.

Ин ситод то ҳол натавонистааст, ки теъдоди дақиқи тоҷикон дар Яманро маълум кунад, зеро ба гуфтаи онҳо қисме аз пизишкони тоҷикистонӣ, ки дар Яман кор мекунанд, шаҳрвандии Русияро доранд ва масъулини ситод ба касоне кӯмак расонида метавонанд, ки ба инҳо тамос гирифта, худ ва ҷову маконаш муаррифӣ кунанд.

Тайи 10 соли ахир табибони Тоҷикистон ҷои муносиби муҳоҷирати кории худро дар Яман пайдо карда, онҳо тавассути ширкатҳои тоҷикӣ ва русӣ, аз ҷумла бо даъвати намояндагии ширкатҳои “Технострой” ва “Техностройэкспорт”-муассисаи иқтисодӣ-саҳҳомии Русия ба ин кишвар сафар мекарданд ва то соли 2012 теъдоди онҳо ба 300 нафар расида буд, аммо тайи 3 соли ахир муҳоҷирати кории табибони тоҷикистонӣ ба ин кишвар афзоиш ёфта, коршиносон теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яманро ҳудуди 700 нафар арзёбӣ мекунанд.

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман ба кору фаъолиятҳои тиббӣ шуғл меварзанд, зеро Вазорати тандурустии ин кишвар барои онҳо ҳам шароити хуби корӣ ва ҳам маъоши муносиб ба хостаҳояшонро фароҳам карда буд, ба ҳамин сабаб пизишкони тоҷикистонӣ кор кардан дар Яманро нисбат ба Тоҷикистон тарҷеҳ медоданд.

Дар пайи даргириҳо дар Яман ва дахолати Арабистони Саудӣ ва ҳампаймонаш вазъи ин кишвар вахимтар гардид. Тоҷикистон барои берун овардани шаҳрвандонаш аз ин кишвар ва аз Русия кӯмак хост.

Пеш аз ин, 27-уми марти соли ҷорӣ, Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки “бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми намояндагиҳои дипломатию консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои араб, аз ҷумла дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Мисри Араб вазифадор шудаанд, ки бо истифода аз имкониятҳои дастрас барои таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман ва баровардани онҳо аз ин кишвар чораҳои зарурӣ андешанд ва бо ниҳодҳои дахлдори кишварҳои мазкур ҳамкории лозимаро анҷом диҳанд.

Камоли ҶАМОЛПУР

More From Author

You May Also Like