Categories ҶОМЕА

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Хуан Мендез

Шоми рӯзи 11-уми феврал Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, Хуан Мендез, гузоришгари хоси СММ оид ба масоили шиканҷа ва ҳуқуқи инсонро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз парлумон хабар расид, дар ҷараёни мулоқот масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Ш.Зуҳуров дар ин маврид чунин иброз доштааст: Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба муқобилият алайҳи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайриинсониро ба тасвиб расонида, пайваста дар амалӣ намудани он кӯшиш менамояд. Ва манъи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайриинсонӣ на танҳо аз талаботҳои Конвенсияи номбурда, инчунин аз меъёрҳои моддаи 18 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сарчашма мегиранд.
Дар ин замина мақомоти қонунгузории кишвар пайваста барои решакан намудани шиканҷа дар ҳаёти ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин самт қабул ва такмили қонунҳои зиёде дар Тоҷикистон анҷом гирифтааст.
Маъмулан дар бораи ҷой доштани шиканҷа бештар дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва адои ҷазои ҷиноятӣ сухан меравад. Бинобар ин, яке аз роҳҳои аз байн бурдани шиканҷа ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсонест, ки бо истифода аз мақоми хизматӣ нисбати дигарҳо бо мақсади гирифтани нишондоди дилхоҳ ё бо дигар мақсадҳо шиканҷа ва ё муносибати ғайриинсониро раво мебинад. Дар ин самт ба Кодекси ҷиноятии ҶТ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Мутобиқи он расонидани ҳама гуна азобу уқубати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ аз ҷониби шахсе, ки тафтишоти пешакӣ мебарад ё нафарҳое, ки бо таҳрик ё розигии хомӯшонаи онҳо ё бо огоҳӣ доштан аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарор дошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ё ҷазо додани ӯ барои ҳаракате, ки содир намуда ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидану маҷбур кардани ӯ ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳар гуна табъиз асос ёфтааст шиканҷа эътироф мешавад.
Ба мафҳуми шиканҷа дар қонунгузории кишвар назар афканем, мебинем, ки ҳатто азоби рӯҳӣ низ, агар бо мақсадҳои дар боло зикргардида содир шуда бошад, шиканҷа эътироф мегардад.
Вале танҳо бо муқаррар намудани ҷавобгарӣ ба ин ҷиноят мубориза бурдан ғайриимкон аст. Бинобар ин, баъди қабули он кори фаҳмондадиҳӣ бо иштироки доираи васеъи кормандони мақомоти прокуратура, ВКД, КДАМ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гузаронида шуд, ки натиҷаи он аллакай ба чашм мерасад.
Дар тавсияҳои Шумо дар хусуси суст будани ҷазои дар қисми 1, моддаи 143 пешбинӣ гардида сухан мерафт, ки он мавриди омӯзиши гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав қарор дорад ва имсол мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Барои пешгирии шиканҷа Омбутсмен нақши калонро иҷро менамояд. Аз ин рӯ, ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» тағйиротҳои зарурӣ ворид карда шуданд. Аз ҷумла Омбутсмен барои бемамоният ворид шудан ба муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ махсус қайд гардида, ба маҳкумшудагон ҳуқуқ дода шуда, ки бевосита бо ӯ муроҷиат намоянд. Ҳамчунин ба Омбутсмен ҳуқуқ дода шуд, ки ба маҳкумшудагон сӯҳбати як ба як доир намояд. Илова бар ин мукотибаи маҳкумшудагон бо Омбутсмен таҳти назорат қарор намегирад.
Дар баробари ин, тавре аз сӯҳбати ҷаноби Зуҳӯров бар меояд, дигаре аз масоил ҳам ба қонунгузорӣ ворид шудаанд, ки бештар ба такмил ва комил гардонидани салоҳияту ваколати Омбутсмен равона шудаанд.
Дар хотимаи гузориши хеш раиси Маҷлиси намояндагон гуфтааст: Ба ғайр аз ин ба вазъи ҳуқуқии маҳкумшудагон, шахсони ба ҷазои якумра аз озоди маҳрум маҳкумшуда низ дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи ин тағйирот ба онҳо шароити муқаррарӣ ва беҳбуд шудаи нигаҳдошт муқаррар карда шудааст ва давомнокии мулоқотҳои кӯтоҳмуддату гирифтани баставу дастовез зиёд карда шудаанд. Иҷроиши нақшаи миллӣ идома дорад. Боварии комил дорем, ки тағйиротҳои ворид шуда барои пешгирӣ намудани шиканҷа дар Тоҷикистон нақши калонро мебозанд.
Гузоришгарди хоси СММ Хуан Мендез омодагии ин созмонро барои густариши ҳарчи бештари муносибот бо Тоҷикистон баён дошта, таъкид намуда, ки ин ниҳод барои расонидани кумакҳои ҳамаҷониба ба давлати Тоҷикистон ҳозир аст.
Хуан Мендез таъкид карда, ки Тоҷикистон дар заминаи ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар кишвар қадамҳои устувор бардоштааст ва ум ед аст, ки ин иқдом ба таври ҳамешагӣ мавриди иҷро қарор мегирад.

More From Author

You May Also Like