Categories Uncategorized

1.5 миллион овора ва 41 кушта дар туфони шадид дар Ҳиндустон ва Филиппин

Ду гардбоди вайронгар бар фарози Ҳиндустон ва Филиппин дастикам 41 қурбонӣ гирифт ва беш аз яку ним миллион нафарро аз хонаҳои худ фирорӣ кард. Гуфта мешавад Филиппин дар интизори туфони тозае қарор дорад.

Тайи дур рӯзи ахир вазишҳои туфонӣ ва борони селосо дар Ҳиндустон ва Филиппин дастикам 41 нафарро қурбонии худ кардааст.

Гардбоди нирӯманди “Пойлен” дар масири худ дар Ҳиндустон 15 нафарро ба куштан дод ва хасоратҳои бисёре бар ҷой гузошт.

Дар бузургтарин амалиёти наҷот дар таърихи Ҳиндустон, нирӯҳои имдод тавонистанд тайи ду рӯз беш аз 1 миллион нафар аз сокинони минтақаҳои соҳилии шарқи кишварро ба макони амн интиқол диҳанд.

Туфони “Норӣ” дар Филиппин низ боис шуд, ки беш аз 400 ҳазор нафар хонаҳои худро тарк кунанд.

Дар 30 шаҳри Филиппин сел ҷорӣ шуд ва шабакаи интиқоли барқ аз кор уфтод. Дар бархе минтақаҳо то баландии 2 метр ба зери об рафтааст. Ба гуфтаи Идораи ҳодисаҳои табиъии ин кишвар, ҳудуди 16 500 хона осеб дидааст.

Суръати туфони “Норӣ” дар Филиппин ба 150 километр дар соат ва суръати гардбод дар Ҳиндустон ба 200 километр дар соат мерасид.

Шоҳидони айнӣ аз ҷараёнҳои сел ва қатъи густурдаи шабакаи интиқоли барқ гузориш доданд.

Вазиши бодҳои саҳмгин дар Ҳиндустон дарахтҳо ва бисёре аз гиёҳонро решакан ва хонаҳоро вайрон ва заминҳои кишти биринҷ ва найшакарро нобуд кардааст.

Гуфта мешавад, ки оби дарё то чанд сад метр ба сӯи хушкӣ пешравӣ доштааст. Мақомоти Ҳиндустон эълон карданд, ки дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла дар вилояти Баҳорӣ низ сел ҷорӣ хоҳад шуд.

Сокинони савоҳили шарқи Ҳиндустон дар ҳоле, ки шоҳиди ларзиши панҷараҳо ва резиши бахшҳое аз сохтмонҳо буданд, шаби гузаштаро дар ошёнаҳои амни сохтмонҳое бо субот ба сар бурданд.

Дар Филиппин мардум ҳанӯз аз паёмадҳои ин гардбод нафаси тоза накашидаанд, ки бояд дар интизори туфони дигаре бошанд. Туфони “Випо” қарор аст, фардо душанбе (14-уми октябр) аз фарози Филиппин бигузарад.

Коршиносони ҳавошиносӣ мегӯянд, ки ба эҳтимол минтақаҳои соҳилӣ дар амон хоҳанд буд, вале бояд бар рӯи боронҳои селзо ҳисоб кард.

Тайи чанд рӯзи гузашта, ҷорӣ шудани сел ба шумори зиёде аз шаҳрвандони Филиппин хасоратҳои ҷониву молӣ ворид карда, ба хонаҳои онҳо осеб расондааст. Ҳоло, бисёриҳо нигарони туфони ҷадид ҳастанд, ки бо боронҳои шадид тавъам аст.

Манбаъ: Хабаргузории Олмон

More From Author

You May Also Like