Categories Uncategorized

160 вакили афғон ба ҳаҷ рафтааст

Парлумони Афғонистон ба  хотири озими Арабистони Саудӣ шудани шумораи зиёди намояндагонаш таътил эълон намуд.

Бино ба гузориши расонаҳои хабарӣ, 160 вакили парлумони кишвари мазкур ба хотири зиёрати хонаи Каъба ва адо намудани яке аз аркони Ислом ба Арабистони Саудӣ сафар намудаанд ва  парлумон низ  барои ба ҳадди нисоб нарасидани шумораи намояндагон  ҷаласаҳои худро мавқуф гузошта, таътилот эълон кардааст.

Маврид ба ёдоварист, ки парлумони Афғонистон дар умум дорои 249 намоянда буда, ҳар панҷ сол як бор дар интихоботи умумии ин кишвар интихоб мешаванд. Ҳадди ақал бояд 64 намояндаи онро занони афғон ташкил диҳанд.

More From Author

You May Also Like