Categories Uncategorized

Хукпарварӣ дар зиндон?

Хӯшае аз боғи матбуот

Халқ дар торикӣ мегардад,  Ёров дар «Лэнд Крузер»-и 100 000 доллараву мансабдор бо костюми 15 000 доллара! Беҳуда нагуфтаанд, мурдаро монда, тутхӯрӣ!

«Имрӯз News» аз 16 октябр мақолаи «Ланд Крузер»-и 100 ҳазор доллараи Ёровро дидам», ки ба қалами Рустами Ҷонӣ тааллуқ дорад, ба табъ расонидааст ва чанд пора аз он бароятон тақдим мекунем: «…ширкати «Барқи тоҷик» чанд сол аст аз қарзи андозу мардум намебарояд, ба кадом ҳуқуқ роҳбари он бо «ToyotaLandCruiser 200» мегардад:»,  «…дар ҷомеа ҳар қадар мардуми пулдор зиёд бошад, ҳамон қадар иқтисод боло меравад.  Дар Тоҷикистон чун мансабдор сарватманд аст, мардум бадбахттар мешавад, тиҷорат мемирад.»,  «Дар Тоҷикистон мебинем, ки сол ба сол сафи тоҷирон коҳиш меёбаду қарздор мешаванду муфлис. Дар қиёс мебинем, қасрхову мошинҳову умуман амволи мансабдорон ба номи бародару зану бародари зану келину бачаи холаву боз намедонам ба номи кӣ навишта шудаанд, зиёд мешавад…» «Дар як нишаст як бародари тоҷирам ба як костюми як мансабдор ишора карда, пурсид, ки: «Медонӣ, чанд пул аст?» Гуфтам: на.  Гуфт: «15 ҳазор доллар».

Ба ин гуфтаи муаллиф танҳо илова мекунем, ки ин саҳна ба ибораи «Мурдаро монда, тутхӯрӣ» рост меояд.

Лолаи Саидакбар аз «Чархи гардун» бо мақолаи «Қадри чакомаи гесӯ» аз Улуғзода болост?» афсӯс мехӯрад, ки барои гузаронидани ҷашни садаи бузургтарин адиби миллати мо Сотим Улуғзода танҳо театри ба номи Лоҳутиро додаанд, вале барои гузаронидани озмуни «Чакомаи гесӯ» қасри аз он болотару бошукӯҳтарро муносиб дидаанд.  Муаллиф бо алам менигорад: «Шояд ҷашни Устод аз он хоксорона буд, ки ӯ соҳиб надорад?  Яъне, новобаста аз он ки барои халқат ҷонфидоӣ намудаӣ, агар дар ватанат пайванде надошта бошӣ, вой бар ҳолат?

Ё аз «биография» дида, «география» дар ҷои аввал меистад?»

Бале, мутаассифона, гоҳе чунин аст!  Ҷашни … 40 – солагии шоир Салими Хатлониро ба ёд оред: он чӣ тавр бошукӯҳу шаҳомат гузашта буд…

Муаллиф аз «Тоҷикистон» Тоҷинисои Азиз ба мақолааш хеле ҳадафрас сарлавҳа гузоштааст: «Ассалом, хайр набошад!», ки он ба масъалаи баланд бардоштани нархи гуфтугӯ бо Русия бахшида шудааст.  Порае аз ин мақола: «Дар Амрико қонуне ҳаст бо номи «Шерман», ки муқобили поймол кардани ҳуқуқи истифодабарандагон амал мекунад. Дар мо Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ки бояд онҳоеро, ки ҳуқуқи истифодабарандагонро поймол мекунанд, ҷазо диҳанд. Дар сурате, ки худи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ширкатҳои мобилиро барои болоравии нарх маҷбур мекунад, ман ин мантиқро намефаҳмам.»

Аз ҳама аламовараш он аст, ки дар Русия муҳоҷирони мо кору зиндагӣ мекунанд ва агар лаҳзае он роҳбарони Хадамот дар бораи халқи худ меандешиданд, ба ширкатҳои мобилӣ мефармуданд, ки нархи гуфтугӯро бо Русия арзон кунанд.»

Чӣ илоҷ, чунин ҳукумат ва чунин Хадамот дорем!

«Овоза» пешгӯӣ дорад, ки «Ояндаи миллати тоҷик гадоист?» Рӯзноманигор Шаҳлои Наҷмиддин шоҳиди чунин воқеа шудааст: «…дар назди бинои ДДМТ… чашмам тахмин ба 12 кӯдаку наврасони синну солашон гуногун фитод, ки байни донишҷӯён парешон шуда, дасти гадоӣ ба сӯи раҳгузарон дароз мекарданд, мисли «Саёҳи ҳинд»-и Мирзо Турсунзода… Меандешам, бо ин ҳол ояндаи мову миллати мо чӣ мешавад?  Насли ҷавон ояндаи миллат аст.  Пас, миллати тоҷик дар оянда гадо мешавад?»

Ҳафтаномаи «Озодагон» бо муаллифии Ҳумайрои Бахтиёр тахмин мезанад, ки барои интихоботи президентии соли 2013 «Команда»-и Раҳмон боз аз кадом роҳ истифода мебарад?»  Яке аз хулосаҳои муаллиф он аст, ки «Ҳукумат эътимоди мардумро аз даст додааст.  Коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи қаблии ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки бо вуҷуди истифодаи тамоми дастовардҳо ин навбат гурӯҳи ҳукуматӣ эътимоди мардумро ба даст оварда наметавонад.»  Боз ин ҳафтанома пурсише миёни сиёсатмадорон ва коршиносон гузаронидаст: «Оё шахсеро, ки бо силоҳ вориди Душанбе шудааст, метавон қаҳрамон номид?»

Ҳафтанома менависад, ки «24 октябри соли 1992 Сафаралӣ Кенҷаев ба пойтахти ҷумҳурӣ бо артиши аҷнабӣ ва силоҳ ворид шуд. Ҳанӯз як қисми мардум аз Кенҷаев ба унвони қаҳрамон ёд мекунанд.»  Аз пурсиш маълум мешавад, ки ҳеч кадоме аз пурсидашудаҳо Кенҷаевро қаҳрамон намешуморад.

«Фараж» сӯҳбати пурмӯҳтавоеро бо Саймиддин Дӯстов, раиси созмони ҷамъиятии «Индем» бо номи «Хатои Музаффархон» дар бораи натиҷаи сафари Владимир Путин ва созишномаҳои миёни ду кишвар ба хонандагонаш пешниҳод кардааст.  Ин сӯҳбати Дӯстовро бояд ҷумла ба ҷумла хонд, то ки ба хулосаҳои мусоҳиб шинос шавем, вале мо бо чанд ҷумла иктифо мекунем: «Мутаассифона, онҳое ҳақ баромаданд, ки мегуфтанд, барои ин ҳукумат қудрат ва манфиатҳои гурӯҳӣ аз ҳама чиз болотар меистад… Мутаассифона, аз «ҳаёту мамот» интихоби мо «мамот» шуд…», «Як кас наметавонад, ҳамеша қарорҳои дуруст ва самаранок қабул кунад, агарчанде нобиғаи нодир ҳам бошад. Тӯли таърих миллатҳое, ки тақдирашонро ба касе ё гурӯҳе таслим кардаанд, ҳамеша мағлуб шудаанд…» «қирғизҳо… ба ивази як пойгоҳчаи камаҳамият беш аз 400 миллион доллар қарзашонро лағв карданду ҳам кафолати сохтмони НОБ-и «Қамбарота»-ро гирифтанд… ки аз дастовардҳои бузурги онҳост.  Онҳо тақрибан ҳеч имтиёзе ба ҳарбиёни Русия надоданд ва ҳар гоҳ ки хоҳанд, аз ин қарордод даст мекашанд.  Зеро умури давлат дар ин кишвар дар ихтиёри як кас нест. »

Ба гуфтаи Дӯстов танҳо илова мекунем: гап дар сари он ки қирғизҳо соли оянда интихоботи президентӣ надоранд ва русҳо барои ба сари қудрат омадани ҳукуматашон бевосита силоҳ надодаанд.

«Нигоҳ» ба давраи шогирдии президент Раҳмон назар карда, мусоҳибае бо «Муаллими Эмомалӣ Раҳмон: Президент баҳои «се» мегирифт» анҷом додааст:  «Шояд имрӯз Холмуҳаммад Камолов, устоди фанни риёзии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон борҳо саҳифоти гузаштаи худро варақ занад ва ҳамон шогирди навраси худро пеши рӯ орад.  Шояд даҳҳо хотироти дигар дорад. Аммо Камолов, ҳоло ки ба синни 80-солагӣ расидааст, ҳамоно устоди сахтгир ва ҳақиқатнигор ба назар мерасад.  Ӯро беарзишии иҷрои қонун, амалҳои роҳбарони шаҳру навоҳӣ, садҳо ҳазор муҳоҷирони тоҷик, заминфурӯшиҳо ва мушкилоти дигари ба сари мардуми тоҷикомада ба дард меорад.  Ӯ мегӯяд, ки солҳои охир роҳбарони Данғара ӯро аз шогирдаш Эмомалӣ Раҳмон дур нигоҳ медоранд, фурсати аз ноадолатиҳои замона гуфтанро намедиҳанд.»

Шояд ин маҳдудкунӣ барои он рух медиҳад, ки муаллими Раҳмон таъкид дорад, ки «ҳафт сол боз аъзои ҲНИТ ҳастам. Бо аҳли оила ба ин ҳизб ва ғояҳои он эътиқод дорем.»

Вале беҳтарин мақолаи ҳафтанома ин сӯҳбати собиқ маҳбус Саидалӣ Казаков бо хонандагони сайти Tojnews бо номи «Зиндонҳои Тоҷикистон давлати як одаманд» мебошад.

Мӯҳтарам Казаков фошофош он далелҳои ришваситониро  меорад, ки мову шумо медонем, аммо метарсем ба ифшои онҳо:  «Ҳар боре, ки мулоқот бо волидайн мегузарад, барои хадамоти маҳбас 100 – 200 сомонӣ пардохт бояд дод. Ё ин ки агар барои ман аз хона маблағ меоварданд, нафаре, ки онро барои ман меовард, аввал ҳаққашро мегирифт.  Ставкаашон аз сари 100 сомонӣ 10 сомонӣ аст… Барои ба мулоқот рафтан аввал ба роҳбар 120 сомонӣ медиҳӣ, агар ҷой набошад, 150 талаб мекунанд.»

Воқеаи кушта шудани шодравон Ҳамзаро чунин нақл мекунад: «Пеш аз як ҳафтаи марги Ҳамза Икромзода 6 корманди маҳбас бо роҳбарии Исмоилов Маҳмуд ва Шерафган (опер) ба хобгоҳ (барак) омада, шабона ӯро кашолакунон бурданд, ман ҳамаи инро бо чашмони худ дидам. Ман назди маҳбусони дар наздикии Ҳамза буда рафтам ва пурсидам, ки дар ин ҷо чӣ гап шуд? Онҳо гуфтанд, ки кормандони маҳбас омаданд, Ҳамзаро «К… оча, ту чаро хоб намекунӣ?!!» гуфтанд.  Ҳамза гашта худи онҳоро дашном медиҳад ва мегӯяд, ки ман ҳоло ба очам нон надодаам, ки ту модари маро ҳақорат мекунӣ…

Саҳар вақте мо аз хоб хестем, Маҳмудро дидам, ки дасташро мебаст, пас аз ӯ пурсидам: «Задиша, ки дастатро мебандӣ?»  Як нигоҳе карду гап назада рафт.  Пас аз он шаб ман дигар Ҳамзаро надидам…»

«… Иззатулло Шарифов дар зона сагҳои ҷангиашро нигоҳ медорад. Нотарстарин одам ҳам онҳоро бинад, метарсад. Ин сагҳои хунмаст тамоми шаб меҷаканд, мардумро хобравӣ намемонанд.  Дар зона 40 – 50 хук парвариш мекунад, ки бӯи бад мекунад…»

Ёбеду гиред.  Наход  дар муассисаи ислоҳотӣ хук парвариш карда, аз гӯшти он ба маҳбусони мусалмон диҳанд? Шояд ба пойгоҳи низомиёни рус гӯшти онҳоро фурӯшанд?   Инашро танҳо соҳиби зиндонҳо медонад!

Чун анъана, суҳбати имрӯзаро бо латифае аз Тоҷикистон” ба охир мерасонем.

Очаи тухм

Ҳангоми хӯрокхӯрӣ дар хонаи як деҳотӣ, ки худро русидон мегирифт пурсиданд ки мурғ ба русӣ чӣ мешавад.  Зан фикр мекунад.  Ҳамин вақт соҳибхона дар як табақи тухм дар даст вориди хона мешавад.  Зан барои худро аз вазъият баромадан гуфт:

–          Ана, очаи ҳамин тухмро чӣ мегуфтанд?

More From Author

You May Also Like