Categories Ахбори рӯз

18-соли “Ваҳдати миллӣ”: Оё имрӯз онро дорем?

Ҳафтаи оянда
17-уми июн ба муносибати 18-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар
“Президент-отел”-и шаҳри Маскав анҷумане таҳти унвони “Осиёи Марказӣ-чолишҳои
муосир” баргузор мегардад. Дар робита ба мавзӯи “Ваҳдати миллӣ” хатарҳое, ки онро
таҳдид мекунад, “Наҳзат” пурсишеро дар байни коршиносони тоҷик анҷом дод, ки манзуратон
мегардад.

Оро Маъруфпур, рӯзноманигор

Ваҳдат мева дод, ки ин тинҷию оромӣ мебошад. Рисолати
мо акнун ин ваҳдатро нигоҳ доштан аст, аммо ин кори саҳл нест. Зеро бо
гуногунандешӣ бояд муросо кард ва якпорчагӣ ва ҳамдигарфаҳмиро нигаҳ дошт. Дар тафаккури
мо бояд ин ягонагӣ ҷой гирад. Хатар ба Ваҳдат ин ғофилии ҷавонон аст, ки мутеъи
афкори ғайр шуда, пойбанди гурӯҳҳои экстермистӣ мешаванд. Таҳсили комил,
вусъати ҷаҳонбинӣ, забондонӣ ва соҳибихтиёру боваринокӣ ҷомеаро дар ҳолати Ваҳдат
нигоҳ дошта метавонад.

Дилшод Назаров, як
сокини пойтахт

Имрӯз шабакаҳои телевизионии давлатӣ
дар арафаи рӯзи “Ваҳдати миллӣ” ба ҷои инъикоси ҳақиқат ва нишон додани заҳмату
талошҳои ҷонибҳои ба сулҳу субот расида, барномаҳое таҳия мекунанд, ки латма ба
ин раванд мезанад. Ин як нишонаи бехирадӣ аст, ки баъди дидани барномаҳо дар
арафаи ин рӯз дар зеҳни дилхоҳ тамошобин як суол пайдо мешавад, ки агар ин ҳама
ҷангу ҷанҷол ва хунрезиҳоро он тараф (мухолифин ва ҲНИТ) карда бошанд, пас ҳукумат
дар соли 1997 бо кӣ сулҳ баста буд? Аз он ки имрӯз ҳукумат ба Ваҳдати миллӣ
назари якҷониба дорад ва тарафи дигари сулҳ ва дар раъс ҲНИТ- ро нодида мегирад,
ин худ хатар аст.

Воҳидхони Қосиддин, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ

Бо
гузашти 18 сол аз имзои созишномаи сулҳ мо ба сулҳу ваҳдати комил мутаассифона
нарасидаем ва то имрӯз аз самараи он аксари шаҳрвандон маҳруманд. Чӣ гуна мо ба
ваҳдат бовар дошта бошем, ҳангоме, ки як ҷониби сулҳ пушти дар мондааст ва
оддитарин ҳуқуқҳои конститутсионияш поймол мешавад. Яке аз дастовардҳои ин
созиш фаъолияти озоди ҳизби сиёсии характери динидошта мебошад, ки имрӯз аз
ҷониби мақомоти давлатӣ нодида гирифта мешавад ва болои ин ҳизб монеагузорӣ ва фишорҳои
гуногун сурат мегирад. Шуъбаву бахшҳои ин ҳизб аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ
маҷбур карда мешаванд, то ба аризаҳои қалбакие, ки худи мақомот тартиб додаанд,
имзо гузоранд. Магар 18 сол пеш ба ҳамин хотир ду ҷониб ба созиш расида буданд?
Оё ин аҳдшиканӣ нест? Ҳамин аст, оини ҷавонмардӣ? Ин Ватан барои ҳама азиз аст
ва ҳамагӣ ба ин хоку об ва марзу бум ҳақ доранд. Аъзои ҲНИТ низ мисли дигар
аҳзоби сиёсӣ ҳаққи фаъолияти озоди сиёсӣ доранд, онҳо ҳам мехоҳанд, мисли
дигарон аз ҳамаи неъматҳое моддиву маънавӣ истифодаи баробар дошта бошанд. Вақте
як ҷониби сулҳ аз ҷои кор ба хотири узви ҳизб будан хориҷ карда мешавад, вақте
фарзанди ӯ ба хотири падар ё модараш аъзои ҳизб будан ҳуқуқи дар макотиби олӣ
таҳсил кардан пайдо намекунад, вақте ки фарзанди аъзои ҳизб барои он ки
волидайнаш аъзои ҲНИТ мебошанд, зери фишор қарор мегиранд, ӯ чӣ гуна метавонад,
ба ваҳдати миллӣ бовар кунад?

Имрӯз ба “Ваҳдати миллӣ” ду омили таҳдид вуҷуд дорад, яке омили хориҷӣ
ва дигаре омили дохилӣ. Бузургтарин омили хориҷӣ ин дар марзи кишварамон бо Афғонистон ҷамъ омадани ҷангандаҳои Толибон, Ҳаракатиисломии Узбекистон ва ДИИШ мебошад. Омили дохилӣ
бошад, ин зиёд шудани сафи нафароне, ки бо сабабҳои гуногун ба сафи ДИИШ мепайванданд ва аз ҳама хавфноктар ҳамин гурӯҳҳо ба шумор мераванд. Ягона роҳи
пешгирии ин хатарҳо доштани “Ваҳдати миллӣ”-и комил мебошад ва сари ин ҳама
бояд андеша намоянд. Омили асосии таҳкимзо барои “Ваҳдати миллӣ” бошад, ин гуфтугӯ
ва муколамаи созанда байни қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Бо таҳдиду
фишор ба ҷое нахоҳем расид.

More From Author

You May Also Like