Мақомоти Либя аз Африқои ҷанубӣ ва раисҷумҳури ин кишвар ба СММ шикоят кардаанд, ҳамзамон таъкид бар он доранд, ки агар дороиҳо ба Либя бозгашт дода нашавад ба Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ шикоят хоҳанд кард.
Як рӯзномаи хориҷӣ аз кашфи сарватҳои ба ҷоймонда аз даврони Қаззофӣ дар ҷануби Африқо ба қимати 200 млрд доллар ба иловаи садҳо тан тилло ва алмос хабар дод.
Ба гузориши “Афкор ниюз”, тавре ки ин рӯзнома навиштааст, ки ин сарвати бузург айни замон дар 7 анбор ва паноҳгоҳҳои махфӣ нигоҳдорӣ мешаванд.
Чанд сиёсатмадори олирутбаи Африқо, тоҷирони машҳур ва як қозии собиқ Додгоҳи олӣ ва теъдоде аз ширкатҳои хусусӣ касоне ҳастанд, ки алоқаманд буданд, то ин сарват ғорат карда шавад.