nahzat.tj
Шоми 19 – уми июли соли равон дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки хабарнигорони ватанӣ 2000-умин истгоҳи бесими шабакаи «МегаФон» мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
Ин истгоҳи иртиботии бесими навбатиро «Наврӯз» ном карданд, ки он бо пахши тугмача аз ҷониби Акбаралӣ Саттор – раиси Иттиҳоди журналистони тоҷик ба фаъолият оғоз кард.
Истгоҳи мазкур бо як нерӯгоҳи бодии барқии бо иқтидори 6,5 кВт в батареяи офтобӣ бо ҳамин иқтидор муҷаҳҳаз аст. Андрей Шишковский, муовини директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон», дар маросими ифтитоҳӣ гуфт: «Мо ният дорем, ки минбаъд боз ҳам фаъолона ва босамар шабакаро вусъат бидиҳем. Нақшаҳои «МегаФон» – то поёни соли 2012 ба истифода додани наздики 200 истгоҳи иртиботии бесим ва таъмини зиёда аз 70 маҳалла бо интернет ва алоқаи овозии босифат мебошад».
Ба гуфтаи масъулини ин ширкат барои чунин як истгоҳ тақрибан 15 ҳазор доллари ИМА масраф мешудааст. Ҳадаф аз сохтмони азим – вусъати фарогирӣ, афзоиши ҳудуди шабака ва мукаммалсозии сифати хизматрасонӣ барои зиёда аз як миллион муштариёни тоҷикистонӣ будааст.