Абдусамади Раҳмон
nahzat.tj
Масъулини Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Душанбе – Чаноқ»-и Вазорати нақлиёти кишар мегӯянд, рӯзи расман ба истифода додани нақби «Шаҳристон» ифтитоҳ ва ба истифода додани он ба рӯзи 27 октябри соли ҷорӣ дар назар аст.
Нақби Шаҳристон аз ҷумлаи бузургтарин лоиҳаҳои сохтмонии кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар ҳамкориҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин бо дарозии беш аз 5000 метр бунёд хоҳад гашт. Ин нақб дар 180 километрии роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ аст. Шурӯъи сохтмони расмии он 22 августи соли 2006 оғоз ёфта, арзиши лоиҳаи нақб беш аз 79 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин ба гуфтаи манбаъ, то имрӯз ҳамаи корҳои вобаста ба пардоздиҳию танвирӣ анҷом ёфта ва нақби «Шаҳристон» барои баҳрабардорӣ пурра омодааст.
Бояд гуфт, ки пештар гуфта буданд, ки ба сабаби фурӯравии кӯҳпораву хок масъулини маъмурияти вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки таърихи ба истифода додани иншоотро аз моҳи июн ба моҳи сентябри соли равон мутаваққиф гузоранд, аз ин рӯ ифтитоҳи нақби «Шаҳристон» на дар ҷашни Ваҳдати миллӣ, балки дар остонаи ҷашни Истиқлол ба истифода дода хоҳад шуд.
Ва бори аввал соли 2010-ум ҳам нақби мазкур ба таъхир гузошта шуда буд. Ахиран гуфта буданд, ки маросими расмии ба истифода додани нақби «Шаҳристон» дар шаҳри Истаравшан 9-уми сентябр дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлол баргузор хоҳад шуд.