Categories ҶОМЕА

Набши қабри Ёсир Арафот оғоз шуд

Як мақоми фаластинӣ ва манобеъи наздик ба хонаводаи раҳбари факиди фаластиниён эълом карданд, ки амалиёти набши қабри Ёсир Арафот барои намунабардорӣ аз ҷасади вай оғоз шудааст.

Ба гузориши “alarabiya”, қабри Ёсир Арафот дар пайи интишори гузоришҳое дар мавриди масмумияти вай тавассути Исроил барои анҷоми озмоиш боз мешавад.

Яке аз наздикони хонаводаи ӯ ба манбаъи мазкур гуфтааст, ки аллакай қудосозии болои қабр (сементаш) оғоз шуд ва қарор аст набши қабр то 15 рӯз идома ёбад.

Манбаъ таъкид кард, ки набши қабр марҳилаҳои гуногун дорад ва коршиносони фаронсавӣ ва русӣ дар намунабардорӣ, анҷоми озмоишҳои марбут ширкат хоҳанд кард.

Ӯ афзуд, ки ибтидо санги қабр ва сементи болои он бардошта мешавад, сипас оҳанҳое, ки таги семент гузошта шудаанд гирифта мешаванд, то ба хоке, ки ҷасади вайро пушонда бирасем.

Атрофи қабри Арафот, ки дар Ромуллоҳ дар Каронаи ғарбӣ воқеъ аст ба василаи чодар пӯшонда шудааст.

Давлати худгардон эълом кардааст, ки ба таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳи Ёсир Арафот ба ҳеҷ ваҷҳ ба хабарнигорон иҷоза дода нахоҳад шуд, то аз ҷасади ӯ аксбардорӣ кунанд. Ёсир Арафот пас аз вахим шудани вазъи ҷисмии ӯ дар ноябри соли 2004 ба як бемористони низомӣ дар Фаронса мунтақил шуд ва чанд рӯз баъд дар он ҷо даргузашт.

Аз он замон то кунун иллати марги раҳбари фақиди фаластиниён эълом нашуд, аммо мақомоти фаластинӣ ва хонаводаи ӯ эълом мекунанд, ки вай ба василаи омилҳои Исроил масмум шуда буд.

More From Author

You May Also Like