Categories Uncategorized

Артиши озоди Сурия як халабони шабеҳи Асадро асир гирифт

Артиши озоди Сурия дар пайи сарнагун кардани як ҳавопаймои низомии марбут ба режими Асад халабонеро ба асорат даровард, ки хеле шабоҳат ба Башшор Асад дорад.

Бино ба гузориши хабаргузории “alarabiya.net”, мушовири сиёсии артиши озоди Сурия Басом Аддод рӯзи чоршанбе 17. 10. 2012 ин нуктаҳоро эълон намуда, афзудааст: “Ҳавопаймои низомии мазкур замоне ҳадафи гулулаҳои нерӯҳои артиши озод қарор гирифта ба замин ғалтид, ки манотиқи аҳолинишинро бомбаборон менамуд ва дар натиҷа нерӯҳои артиши озодро имкон шуд, то ду халабони онро асир бигиранд”.

Бар асоси ин гузориш, пас аз сарнагун шудани ҳавопаймои мазкур, чархболҳои режими кунунии Сурия талош намудаанд, то халабонҳоро наҷот бидиҳанд. Вале нерӯҳои артиши озод пешдастӣ намуда, онҳоро асир гирифтанд.

More From Author

You May Also Like