Оё курсии ду вазир: хориҷа ва молия имкони табдили дубораро доранд?
Хуршед Атовуллоҳ, журналист:
“Манзур аз суоли шумо эҳтимол Вазорати хориҷа ва молия мебошанд, ки дар аввалӣ духтари президент, Озода Раҳмонова муовин асту дар дуввумӣ домодаш, Ҷамолиддин Нуралиев.
Вале фикр намекунам, ки дар ин ду вазорат такроран табдили курсӣ ба амал биёяд, зеро агар чунин мешуд, аллакай шуда буд.
Яъне касе имрӯз наметавонад ба ягон таъиноти Э. Раҳмон эътироз пеш оварад.”
Умед Ҷайҳонӣ, фарҳангшинос:
“Кобинае, ки раисҷумҳур ин бор ташкил дод, қудратро дар дасташ бештар қабз мекунад. Хешованду ҳамшаҳриҳояш ин бор симмати бештар дарёфт карданд, ҳатто писараш ҳам наздиктар ба симмати раисиҷумҳур такя зад.
Бо ин ҷо ба ҷогузоштанҳо дар ҳукумат баъид нест, ки дар ин ҳафт сол низоми Тоҷикистон аз ҷумҳурӣ ба подшоҳӣ низ тағйир ёбад, агарчи низоми давлатдории Тоҷикистон расман ҷумҳурист, вале амалан қудрат зери иродаи як хонаводааст, он ҳам хонаводаи Э. Раҳмон, ки воқеъияти он подшоҳист.
Ин гаштро дар Озарбойҷон низ дида будем, ки падар писари хешро ҷонишин кард.
Вале дар дурнамо табдил шудани курсиҳои нафари аввал ба афроди наздик ба президент дар вазоратҳои алоҳида эҳтимол дорад, бахусус дар вазорати хориҷа ва молия.”
Илҳом Ёқубов, раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд:
“Дар вазоратҳо кору фаъолият намудани фарзанд ва хешу табори наздики раиси Ҳукумати ҶТ мухолифи Қонун «дар бораи хизматчии давлатӣ», ҳамчунин қонун «дар бораи агентии давлатии назоратии зидди фасод» аст.
Аммо дар кишваре, ки қонун танҳо дар рӯи қоғаз аст ва мавридҳои дигар танҳо дар нисбати афроди бечораву бепуштибон гӯё пиёда мешавад, на танҳо курсии ду вазир табдили дубора мебинад, ҳатто дар як вақт вазоратро як авлоди маълум идора ҳам мекунанд.”
Аюб Эгамов, коршинос:
“Манзур аз ин суол, агар вазоратҳои хориҷиву молия ва духтару домоди президент бошанд, ба ҳардуи онҳо роҳбари ин ду ниҳоди калидӣ будан шарт нест.
Духтару домоди президент метавонанд ҳамчун муовин ҳам ин ниҳодҳоро дар контроли худ дошта бошанд.
Фикр мекунам, дар дурнамо ба ҳайси роҳбари вазоратҳои хориҷӣ ва молия таъин шудани ин ду нафар аз мантиқ дур аст.
Тавре дар боло ишора рафт, онҳо ҳамчун муовин ба таври тулонӣ фаъолият ва бояд манфиати оиларо ҳифз намоянд.”