Categories Uncategorized

Бетараф набудааст…

Пурсишномаи навбатии ғайрирасмии мо “Зимистон меояд ва боз камбуди барқ эҳсос мегардаду маҳдудият ҷорӣ мешавад. Чаро?” бо ғалабаи назари “Барои он ки ба хориҷа мефурӯшанд” бо гирифтани  68.2% дарсади овозҳо аз 151 овоз” ба анҷом расид.

Ҳарчанд гаштаву баргашта сарварони “Барқи Тоҷик” расман эълон доранд, ки ҳеч кас барқро ба хориҷи кишвар намефурӯшад, хонандагони мо бовар надоранд. Барои чӣ?  Шояд барои он ки чунин изҳорот бисёр буду гоҳе гуфтаашон ба амалашон рост намеомад.

Дар зинаи дувум афкори “Барои он ки роҳбарият барқи бударо дуруст саришта намекунанд” бо 19.2% овозҳо қарор гирифт.

Танҳо 12.6% бовар доштаанд, ки сабаби нокифоя будани барқ дар он будааст, ки “дар дохил медузданд.”

Вале аз ҳама аҷоибаш он буд, ки дар масъалаи будану набудани барқ дар байни хонандагони мо ақаллан як нафар ҳам бетараф набудааст… Зеро масъала наметавонад ҳар нафарро бепарво гузорад.

More From Author

You May Also Like