Categories СИЁСАТ

Зиндонӣ ба зиндон меравад

М. Сиддиқзода

nahzat.tj

Коргардони филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” аз ҷониби суди шаҳри Лос Анҷелес барои як сол ба маҳбас фиристода шуд.

Басил Накула, шаҳрванди масеҳии Миср, ки филми касофати “Бегуноҳии мусалмонон”-ро дар Амрико ба навор бардошта ва дар он таҳқири паёмбари Ислом Муҳаммад (САВ) сурат гирифта буду боиси марги даҳҳо мардум дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ва тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо бар муқобили ин коргардон ва филм гардид, ба мӯҳлати як сол ҳукм гирифт.

Аммо ӯро на барои филмаш, балки танҳо барои он ки вай қойидаи будубоши ҳукми шартиро вайрон намуда будааст, моҳи сентябр боздоштаанд.

Чунин аст “озодӣ”-и амрикоӣ.

Кӣ медонад, шояд махсус аз маҳбас ҷавобаш додаанд, то ки ба муқобили мусалмонон чунин филми аҳмақона ва бадахлоқонаро ба навор бардорад.

Ёдовар мешавем, коргардони собиқ зиндонӣ ҳатто бозигарони филми ояндаашро фирефта будааст; яъне, ба онҳо як ном ва дигар мазмунро нақл карда, баъд бозии онҳоро ба навор бардошта, ҳангоми бандубасти филм номи қаҳрамонҳоро тағйир ва ба он мазмуни зиддиисломӣ дода будааст.

Ҳамин тавр зиндонӣ кори пур аз ҳамоқату бадахлоқиашро ба анҷом расонида, ба зиндон рафт…

More From Author

You May Also Like