Муҳибуллоҳи Қурбон
Nahzat.tj
Агаринкамбудҳоислоҳванархҳопоённашаванд, фурсатепасБоғипойтахтбабоғитанҳосарватмандонтабдилмеёбад. Агар 50 сомонӣ надошта бошед, бо ду – се фарзанд ба Боғи пойтахт наздик нашавед!
Дар Душанбе муддатест, ки Боғи пойтахт дар гӯшаи хеле зебои шаҳр дар канори дарё ва поёни маҳаллаи Лучоб фаъолият дорад. Воқеан ҳам ин боғ ба боғи афсона монанд аст ва махсусан ба тифлон таассуроти нотакрор мегузорад.
Аммо танҳо чор – панҷ майдончаи он кор мекунад ва ҳанӯз чархофалак, кӯл ва чанди дигар омодаи қабули меҳмонон нест, ҳол он ки ин иншооти ҷашнӣ буд ва соли гузашта то рӯзҳои истиқлолият бояд мавриди истифода қарор мегирифт.
Хуб, гуфтем, шояд аз сабаби камбуди молиявӣ иншоот дар вақташ ба қабули муштариёну муштоқонаш омода нашуд, бинобарин аз ин чиз сарфи назар мекунем ва роҳи ин Боғи пойтахтро мегирем.
Дар даромадгоҳи танг мардуми бисёр бе навбату бе тартиб мекӯшанд ба боғ ворид шаванд. Барои чӣ онҳо наметавонанд озод ба боғ гузаранд? Чуни худи мо ба гузаргоҳ расидем, сабабашро фаҳмидем. Маълум мешавад, барои вуруд ба ҳар нафар, бале, ба ҳар нафаре, ки синнаш аз яксола болост, 1 сомонӣ муқаррар шудааст.
Гумон кардам, чӣ хубе, ҳамагӣ бо як сомонӣ бачаҳо дар чанд майдонча ҳам ба аспаку ҳам ба мошинча ва ҳам ба аробача ва ҳам ба қаторча савор мешаванд, вале чун 1 сомонӣ ба ҳар нафар дода, бо фарзандонам ба боғ ворид шудему ба тарафи аттраксионҳо рафтем, он ҷо боз хазина будааст, ки ба ҳар як майдонча чипта мефурӯхтааст, ки дар бораи нархи онҳо дертар сӯҳбат мекунем.
Ман, ростӣ дар ҳайрат задам, ки наход вуруд ба боғи давлатӣ, ки аз ҳисоби пули мардум сохта шудааст, пулакӣ бошад??? Ва чаро 1 сомонӣ, вақте қисме аз майдончаҳо омодаи қабули муштариён нест?
Акнун, хонандаи азиз, тасаввур кунед, ки шумо ба автобус пардохт карда, савор мешавед ва боз баъди нишастан аз шумо ба маконатон мерасонем гуфта, боз пул мечинанд. Шумо пул дода, ба кинохона медароед ва баъди нишастан барои тамошои филм алоҳида пул меситонанд. Ва ё шумо ба мошини кирокаш савор шудед ва маблағи муайян додед, вале ронанда мегӯяд, ки акнун барои маводи сӯхт ҳам пул диҳед.
Ин ҷо айнан чунин ҳол аст: Шумо барои ба боғ даромадан пул медиҳед ва барои ба мошинача нишастан боз алоҳида панҷ сомонӣ медиҳед.
Ин гуна тартибот ба ягон мантиқ дуруст намеояд ва ман нав дидам, ки барои ба боғи халқӣ ворид шудан пул ситонанд.
Албатта, агар ин Боғи пойтахт хусусӣ бошад, гила ё шикояти мо шояд камасос мешуд, зеро як шахс барои истироҳату фароғати фарзандони мову шумо пул сарф карда, сохтааст ва дар доираи қонуну низомномаҳо метавонад нархнома тартиб диҳад. Вале ин ҷо Боғи мову шумост, зеро аз ҳисоби мову шумо сохта шудааст ва намешавад, ки бо пули мо сохта, вурудашро барои мо пулакӣ созанд!
Аз сабаби он ки ин гуна боғи замонавӣ дар пойтахт, ки садҳо ҳазор тифл дораду яктост ва боз ними майдончаҳо ҳанӯз фаъол нест, дар сари ҳар аспаку ҳар мошинча даҳҳо бача интизор ва волидайн барои гирифтани чипта дар навбату бе навбат назди хазина овора…
Аз ин навбатпоиҳо гурӯҳе хеле хуб истифода доранд. Чун ман бо духтаронам барои аспак ба чор сомонӣ чипта харидему савор шуданд, дар назарам як – ду бор гардиш хӯрду истод. Гуфтанд, ки танҳо ДУ дақиқа тоб мехӯрдааст.
Лекин кӯдак нав ҳузуру ҳаловати аспакро мечашид ва намехост аспак қарор гирад, бинобарин фуромадан намехост. Аммо барои аз нав ба ин аспак савор кардан маҷбур мешавед, бачаатонро фуроварда, рафта, боз ба ЧОР сомонӣ чипта харида, боз барои ДУ дақиқа ба аспак савор кунед…
Ба мошинбозӣ рафтем. Се дақиқа. Медонед чанд сомонӣ? Бовар намекунед: ДАҲ сомонӣ барои як мошин! Дар майдончаи хурд ба ҷойи панҷ – шаш мошин даҳ – ёздаҳ мошин сар додаанд, вале аз сабаби танг ва нарасидани майдон ба ҷойи рондан фақат ба якдигар бархӯрд ва «садама» месозанд.
Албатта, агар панҷ – шаш мошин мешуд, каме имконияти рондан ва хушҳол шудани ронандаҳои хурдсол мегардид, аммо дар се дақиқа панҷ мошини зиёдатӣ давад, медонед, ки 50 сомонӣ ва дар як соат даҳ бор ронандаҳои хурдсол иваз шаванд, 500 сомонӣ ва дар ҳашт соати корӣ 4000 сомонӣ ва дар як моҳ… Биёед, он тарафашро ҳисоб намекунем, вале фаромӯш накунед, ки ин чанд ҳазор сомонӣ дар як рӯз танҳо аз ҳисоби мошинчаҳои зиёдатӣ, ки НАБОЯД даванд, ҷамъ мешавад.
Мутаассифона, ягон нафар эътироз ҳам надорад, ки нархҳо гарон аст. Чун аз боғ берун мерафтем, яке аз ходимони он гуфт, ки пас аз чанд рӯз дигар вуруди 1 сомонӣ, ки ҳамчун имтиёз ё нархи санҷишӣ буд, ба охир мерасад ва арзиши даромадгоҳ 2 сомонӣ мешавад.
Баъди шунидани ин шумхабар танҳо зери лаб гуфтам: барои чӣ? Магар даромадгоҳ ҳам аттраксион аст, ки аз он пул мегиранд???
Хонандаи азиз, аксари мову шумо серфарзандем ва агар бо чор фарзанд ба Боғи пойтахт моҳе як бор равед ва ҳар яке дар панҷ майдонча савор шавад, ба ҳисоби миёна чор сомонӣ диҳад, он гоҳ шумо 80 сомонӣ бояд пардохт кунед. Агар ин шумхабар рост барояд, даҳ сомонӣ барои вуруди шумо ва чор фарзанд илова кунед 90 сомонӣ ва даҳи дигар барои роҳ масраф гардад, як сайри боғ бо чор фарзанд барои шумо ба 100 сомонӣ мерасидааст!
Дар назар чунин мерасад, ки роҳбарияти шаҳр, махсусан, мӯҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки барои ободонии шаҳр заҳмат мекашанд, аз ин камбудҳое, ки дар Боғи пойтахт ҳаст, огоҳии комил надоранд, вагарна кайҳо аз боғи афсона нархҳои афсонавӣ бардошта мешуду даромадгоҳи он бепул.