Гурӯҳи “Ихвонулмуслимин” бо вуҷуди он ки қудратро дар Миср дар даст дорад, дар Тоҷикистон ба унвони созмоне ифротӣ шинохта мешавад ва фаъолияти он мамнуъ аст.
Ба гузориши “tajik.irib.ir”, гурӯҳи “Ихвонулмуслимин” дар радифи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ, назири Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, Ҳаракати исломии Туркситони шарқӣ, Алқоида, Толибон, Лашкари тайиба, Ҷамоати исломии Покистон, Ҷамоати таблиғ ва салафия қарор дорад, ки фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон мамнуъ аст.
Аз ин рӯ “Ихвонулмуслимин” низ дар феҳристи гурӯҳҳои террористии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон қарор дорад, ки бар асоси тавофуқи кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақили муштаракулманофеъ ба унвони созмони ифротӣ шинохта шудааст.
Аммо ба гуфтаи манбаъ, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндаи парлумони Тоҷикистон муътақид аст, ки пас аз тағйири қудрат дар Миср, давлати Душанбе бояд бар асоси манофеи худ ба унвони кишваре мустақил дар заминаи хориҷ кардани номи ин гурӯҳ аз феҳристи созмонҳои террористӣ тасмимгирӣ кунад ва аз пайравии кӯркӯрона аз дигар кишварҳо даст бардорад, чаро ки Тоҷикистон муваззаф аст, то барои таҳкими равобит бо Мисри нав иқдом намояд.