40 соли ҲНИТ: Аз кунҷи ҳуҷраҳо то долонҳои парлумон (1)

Умдатарин ташаккули мухолифини тоҷик – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон- дар ин шабурӯз 40-солагиашро таҷлил мекунад.
Нахустин гурӯҳи мазҳабиву сиёсии пинҳонкор дар Тоҷикистони Шӯравӣ, нирӯи асосӣ дар Иттиҳоди оппозисиюни тоҷик – тарафи дувуми сулҳи соли 1997 бо ҳукумати Тоҷикистон, умдатарин ташаккули мухолифини кунунӣ ва танҳо ҳизби мазҳабии сабтиномшуда дар Осиёи Марказӣ. Чунин аст як таърифи кӯтоҳ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ), ки таърихи фаъолияташро аз баҳори соли 1973, аз нишасти 5 асосгузораш дар манзили Қаландари Садриддин дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳисоб мекунад.

Аввалин нишаст дар манзили Қаландари Садриддин

Ин 5 тан ҳама аз шогирдони Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов, мулаққаб ба Мавлавии Ҳиндустонӣ буданд, ки баъди хатми мадрасаи Девбандияи Ҳинд дар манзилаш дар маҳаллаи Аэропорти кӯҳнаи Душанбе пинҳонӣ аз Ислом дарс медод. Дар оғози соли 1973 мақомоти амниятӣ ин “мадраса”-ро ошкор карданд ва як ҳадафи 5 нафари ҷамъшуда дар манзили Қаландари Садриддин ташкили ҳалқаҳои нави таълими мазҳабӣ ва таъмини амнияти ин дарсҳо буд.

Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар оғоз кадом ҳадафи мубориза бо давлати Шӯравиро надоштанд, балки талоши онҳо танҳо табиати маърифатӣ дошт: “Мо, албатта, сиёсати Русияро ҳанӯз хуб намедонистем, аз таърихи ҷавонбухориҳо низ огоҳии зиёд надоштем. Ба сурати ҷаласа ҳам набуд, вале фикрҳое дар сар доштем, ки ҳуқуқи худро чигуна талаб кунем. Дар он замон талаби ҳуқуқ осон набуд, агар заррае садо мебаровардӣ, масъалаат ҳалл мешуд. Дар он нишаст ман будам, Абдуллоҳи Нурӣ буд, Одинабеки Абдусалом, Неъматуллоҳи Эшон ва Қорӣ Муҳаммадҷони Муҳиддин. Се масъаларо гузоштем мо. Якум, чӣ кор кунем, ки мардумро бо фарҳанги исломӣ бештар шинос кунем, чунки мардум бисёр дар торикӣ қарор гирифта буд. Дувум, мубориза бо бидъату хурофоте, ки дар он замон хеле аз домани мардум гирифта буд ва ҳамин бадъатҳоро Ислом медонистанд. Ва сеюм ҳадаф ин буд, ки сукути уламоро бишканем. Аммо мо аз инаш намедонистем, ки ин кори мо паёмад дорад.”

М. Салимзода, муаллифи рисолаи илмии “Аз таърихи зуҳури Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” менависад, Исломи сиёсӣ дар асри 20 маъмулан аз тариқи шабакаҳои мавсум ба “ҳуҷра”-ву “давра” ва “ҳалқа”-ҳои дарсӣ густариш ёфтаву ба таълимоти уламое, чун Ҳасан Бано, Саид ва Муҳаммад Қутб, Ҷамолиддини Афғонӣ ва дар Тоҷикистон ба ашъори инқилобии Муҳаммад Иқбол низ такя мекард. Дар авоили солҳои 90 наҳзатиҳо маҳз шеъри “Аз хоби гарон хез!”-и Иқболро дар майдонҳо мисли гимн мехонданд.

Таъсири дарсҳои Мавлавии Ҳиндустонӣ низ дар эҳёи ақидаҳои исломӣ дар Тоҷикистон андак нест ва тақрибан ҳамаи рӯҳониёни саршиноси имрӯзаи мо шогирдони ӯянд, ки баъдҳо ба ду шоха ҷудо шуданд: пайравони ақоиди “муҷаддадия”, ё навгароён, ки аз паси Саид Абдуллоҳи Нурӣ рафтанд ва дар ниҳоят дар ҳизби наҳзати исломӣ ҷамъ омаданд ва қадимгароёне, ки муборизаи навгароён алайҳи одатҳое, чун “оши саритахта” дар манзили маййитро напазируфтанд. Худи Мавлавии Ҳиндустонӣ баъдан батадриҷ ба қадимгароён наздиктар шуд ва Нуриро маҳкум ҳам мекард, ки ба Ислом ҷомаи сиёсӣ пӯшондааст.

40 сол: Муболиға ё воқеъият?

Бархе муаррихон 40 сол нишон додани таърихи ҳизби наҳзатро муболиғаомез меноманд ва мегӯянд, ҳалқаҳову давраҳои бештар дарсии Нуриву пайравонаш, ҳатто бо вуҷуди фаъолияти зеризаминӣ ҳанӯз ба маънои ҳизб нест, чунки то миёнаҳои солҳои 80 ягон ҳадафи сиёсиро дунбол намекард. Иброҳими Усмон мегӯяд, таърихи ҳизб бояд аз соли 1990, ки ин ҷунбиш бори аввал ҳамчун ҳизб садо баланд кард, ҳисоб шавад: “Ҳар он чӣ ки то соли 1990 буд, сарахбори ба вуҷуд омадани ин ҳизб аст, кӯшиши ташкил кардани ҳизб нест. Ҳеҷ кас дар он замон худро ҳизбӣ ҳисоб намекард, касе дар бораи ҳизб гап намезад. Онҳо ҳеҷ зарар намебинанд, агар гӯянд, ки таърихи мо аз соли 1990 шурӯъ мешавад. То он замон дар ин ҳаракат на хусусияти ҳизбӣ, балки хусусияти бедории исломӣ бештар ба назар мерасид.”

Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин мегӯяд, албатта, дар солҳои аввал онҳо худро як созмони ҷавонон мегуфтанд, ё ҳаракати ҷавонон, на ҳизби наҳзати исломӣ, вале бо ҳар вуҷуд, ҳизби имрӯза меваи талошҳоест, ки аз соли 1973 оғоз мегирад: “Дуруст аст, ки ҳизбро соли 1991 сабтином карданд. Аммо ин ҳаракат ҳамчун як ҷунбиши сиёсиву фарҳангӣ аз ҳамонҷо бархост. ҲНИТ баъдҳо аз ягон ҷои дигар шакл нагирифт, балки шаклгириаш аз ҳамон ҷаласаи баҳори соли 1973 аст.”

Вақте КГБ хабар ёфт…

Аммо Султони Ҳамад, ки дар даврони Шӯравӣ дар ниҳодҳои амниятии вилояти Қӯрғонтеппа кор мекард ва таърихи ҲНИТ-ро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, нахустин хабарҳо дар бораи вуҷуди гурӯҳи пинҳонкори мазҳабӣ дар Тоҷикистон алакай соли 1975 ба идороти амниятӣ расид, ки аз вуҷуди як шабакаи муташаккили мазҳабӣ дарак медод: “Соли 1977 аз сӯи КГБ нахустин маълумотнома барои Кумитаи марказии ҳизби ҳокими коммунисти Тоҷикистон ироа шуд. Дар он гуфта мешуд, ки як гурӯҳи наве пайдо шудааст, ки дар маъракаҳо таблиғи дин ва баъзан аз ҳукуматдорон ҳам интиқод мекунад. Дар Кумитаи марказӣ ин санадро хеле ҷиддӣ гирифтанд, чунки медонистанд, ки ҳар маълумоте, ки аз КГБ меояд, ҳатман ба идораи марказии КГБ дар Маскав ва аз онҷо ба КМ КПСС расонда мешавад.”

Ба навиштаи М. Салимзода, муаллифи рисолаи “Аз таърихи зуҳури ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”, муллоҳои навгаро дар оғоз бештар ба ташкили ҳалқаҳои дарсӣ, умдатан дар ҳудуди вилояти вақти Қӯрғонтеппа ва Душанбе, эҳёи Исломи асил ва мубориза бо хурофот, назири ҳамон “оши саритахта”, масрафи беш аз ҳадд дар худоиҳо, тақсим кардани ертиш ё тоқивор дар маросими дафн, ва парастиши авлиёву мазорҳо, машғул буданд. Муллоҳои нав ҳамин тавр ба эшонҳои дар ҷомиа пурнуфуз ҳамла мекарданд, ки Исломро ба як манбаъи даромад табдил додаанд. Ин ҳама дар ниҳоят рӯҳониёни суннатгароро дар муқобили онҳо қарор дод.

Ҳаводорони ҷунбиши ҷадид дар ҳалқаҳои махфии панҷгонае муттаҳид мешуданд, ки ба хотири пешгирӣ аз ифшо шудани ҳаракат, аъзои як панҷгона аз панҷгонаи дигар дарак надошт. Шамсиддини Саид, аз собиқадорони ҲНИТ, ки соли 1980, ҳанӯз дар 16-солагиаш ба ин ҷунбиш пайвастааст, мегӯяд, ӯ фақат баъди 3 сол дарак ёфт, ки падараш низ узви ин ҳаракат аст: “Як рӯз хостам, ки падарамро низ ба ин гурӯҳ даъват кунам. Падарам як табассум карду гуфт, баъдан сӯҳбат мекунем. Баъди чанд рӯз даъватам карду гуфт, ки ман ҳам чанд сол боз узви гурӯҳи шумо ҳастам.”

Давом дорад…

“Озодӣ”

More From Author

You May Also Like