Бино ба иттиллои оҷонсии «Азия Плюс» мошинҳои пурбори Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки барои намоишгоҳи Душанбе аз 13- то 17 пешбинӣ шуда буданд, дар марзи Узбекистон боздошта шудааст.Намояндаи масъули намоишгоҳи «Суруши Хуросон» ба оҷонсии «Азия плюс» гуфтааст, ки танхо ними бори намоишгоҳ вориди Точикистон гардидааст. Аммо тибқи баёнияи Муҳаммад Умрон рӯзи дуввум аст, ки мошинҳои пурбори Эрон иҷозаи гузаштани марзро надоранд. Дар баёнияи Муҳаммад Умрон гуфта мешавад, ки сафорати Теҳрон дар Душанбе аз ин қазияи хабардор аст ва роҳҳои дигари ҳалли қазияро ҷуё мебошанд. Ёдовар бояд шуд, ки расман Ҷумҳурии Исломии Эрон барои боздошти қатораҳои Тоҷикистон ба Узбакистон ҳушдор дода буд, ки аз ин амал даст кашад. Дар акси ҳол чораҳои дигар аз сӯи ин кишвар андешида мешавад. Бо имзо кардани чандин асноди байналмилали, мутаассифона, ҷониби Узбекистон ҳеҷ гуна ӯҳдадориҳои байналмилалиро иҷро кардани нест. Вагарна чӣ маънӣ дорад, корвони монишҳои барои намоишгоҳ пешбинӣ шударо беш аз дӯ рӯз манъ кардан.
Categories
Ахбори рӯз