Categories Uncategorized

Сирри ресмони пои фил

Дӯсти азиз !чаро инқадар парешону ҳайрон менамоӣ ?

Гӯфт : магар ту боре дар сирк даромада тамошо кардаӣ ?

Гӯфтам: оре инки ҷои ҳайронӣ ва парешонӣ надорад.

Гӯфт: оё ту он филеро низ дидаӣ , ки бо банди борике дар ихтиёри сиркбоз аст?

Гуфтам оре дидаам, вале ба он таваҷҷуҳ накардаам.

Гӯфт: аммо манн аз нотавонии як фили азимҷусса дар муқобили як таноби борик тааҷуб кардам ва ба ҳамин хотир аз сиркбоз суол кардам, ки магар ин фил бо ин ҷуссаи бузург тавони кандани ин банди борикро надорад, ки мисли гусфанде худро дар ихтиёри ту қарор додаст.

Сиркбоз гӯфт: ин фил бо ин ҷусса ва қудрате, ки дорад метавонад 10 то таноб мисли инро бо ҳам барканад ва раҳо ёбад.

Гуфтам: пас чи сирре дар ин таноби борики шумо нуҳуфта аст.

Гуфт: сир дар дар фил нуҳуфта аст на дар таноб.

Гуфтам: он чигуна сррест.

Сиркбоз фармуд: ҳангоме ки ин фил хеле хурд буд ман ин бандро дар пояш бастам ва ҳар коре мекард наметавонист онро биканад. Фил бузург шуд ва ҳоло ҳам фикр мекунад, ки наметавонад он танобро барканад. Ба ҳамин хотир ин рози бисёр бузург вале хеле сода дар фил нуҳуфтааст на дар таноб.

Сипас он дӯсти хирадманди ман идома дод: худи ман дар чандин ҷоҳо ба мисли ин фил амал кардам. Замоне, ки дар мактаби миёна дарси химияро нафаҳмидам ба худам гуфтам, ки ман ин дарсро намефаҳмам ва ҳатто то ҳамин ҳоло ин фикр дар вуҷудам ҳукмфармо буд, аммо аз ҳамин ҳоло дигар ман он таноби ноаёни натавонистанро баркандам. Ин танҳо мисол нест ва ҳоло ман дар зиндагии инсонҳо чунин танобҳои ноаёнро хеле зиёд мебинам.

Гуфтаҳои дӯстам маро низ ба фикр водошт ва аз ҳамон рӯз тасмим гирифтам, ки худамро дар ихтиёри ҳаводиси замон ва шикастҳои зиндагӣ нагузорам. Зеро, шикаст заминаи пирӯзист ба он шарте, ки шахс монанди фил ноумед нашавад.

Пас шумо ҳам метавонед танобҳои ноаёни фикрии зеҳнатонро барканед ба он шарте, ки бихоҳед.

More From Author

You May Also Like