Categories Uncategorized

50 нафар дар робита ба қатли сафири Амрико боздошт шуд

Раиси Конгресси миллии Либя гуфт, ки 50 нафар мазнун дар робита бо ҳодисаи кушта шудани сафири Амрико дар Банғозӣ боздошт шудаанд.

Муҳаммад Алмуқриф, раиси Конгресси миллиии Либя дар суҳбат бо шабакаи хабарии “СВС” эълом кард, ки 50 нафар дар робита ба кушта шудани сафири Амрико дар Банғозӣ гумонбар дониста шуда ва боздошт гардиданд.

Мардуми Либя шаби сешанбе дар эътироз ба сохти филми тавҳиномези амрикоӣ ба консулгарии Амрико дар Банғозӣ ҳамлам карданд. Дар ин ҳамла чор амрикоӣ аз ҷумла сафири Амрико дар Троблюс кушта шуд.

Раиси мазкур рӯзи шанбе таъйид кард, ки дар кушта шудани консулгарии Амрико дар Банғозӣ дасти бегона ва маслиҳатҳои хориҷӣ нақши муҳим доштааст. Вай дар робита ба ин ҳодиса иброз дошт, ки ин нақша агарчи аз тарафи шаҳрвандони либёӣ сурат гирифта, аммо маслиҳатдиҳӣ ва нақшакашии он тавассути бегонаҳо барномарезӣ шудааст.

More From Author

You May Also Like