Categories Ахбори рӯз

522 га замин барои минтақаи озоди иқтисодӣ дар Данғара ҷудо карда шудааст

Дар ноҳияи Данғара майдони 522 га замин барои «минтақаи озоди иқтисодӣ» ҷудо карда шудааст. 20 субъект дар ин минтақа бо сарпарастии хориҷиён фаъолият доранд.
Ба гуфти раиси ноҳияи Данғара Маҳмадуллоҳ Сайдалиев, аз 20 корхонаи дар «минтақаи озоди иқтисодӣ» номнавис шуда, 3-тои он ба фаъолият сар карданд. Инҳо корхонаҳои сангу шағал ва истеҳсоли маводи шустушӯй мебошанд, ки муштаракан бо ирониҳо сохта шудааснд.
Корхонаҳои мазкур то ҳол ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, дар қисман мағозаҳои кишвар маҳсулоти онҳо ба фурӯш бароварда шудааст. Корхонаи сеюмаш, ҶДММ «Космос» аст, ки ба ворид кардани техникаҳои вазнини корӣ аз хориҷи кишвар машғул мебошад ва ба таври лизинги техникаҳои овардаро ба корхонаҳои зарурманд медиҳад.
Корхонаи дигар коркарди нафт мебошад, ки сохтмонаш оғоз ёфтааст ва иқтидори коркарди он 1,2 миллион сомонӣ дар як сол мебошад. Ин корхона ҳам дар ҳамкорӣ бо чиниҳо сохта мешавад. Онҳо ашёи хоми нафти кони омодашударо дар Шибирғони Афоғистон кайҳо омода кардаанд, яъне манбаи ашёи хом доранд. Нафро аз он ҷо оварда, коркард мекунанд ва маҳсулоти онро дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба фуруш мебароранд.
Корхонаи дигар, заводи оҳану бетон мебошад, ки заминеро барои сохтмони он ҳамвор карда истодаанд, ки маблағи сохтмонан 20 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар баробари ба фаъолият оғоз кардани он 1000 ҷои кор пайдо мешавад.
Дар ин минтақа бунёди корхонаи семент низ дар назар аст, ки бо иқтидори 800 ҳазор тонна сементро дар як сол истеҳсол мекунад. Инчунин, Паксементи кишвари Покистон низ корхонаи сементистеҳсолкунии дуюмро бо мо мувофиқа кардааст, ки маблағи бунёди корхона 100 миллион доллари амрикоӣ мебошад. Корхонаи дигар бошад ин корхонаи истеҳсоли кандесионерҳо мебошад. Умуман аз 20 субъекти гуфта шуда 15 ададаш фаъол мебошад. Дар ҳолати ба кор даромадани ин корхонаҳо наздики 4500 ҷои кори нав дар ноҳияи Данғара ташкил мешавад.
М.Мустақим, аз ноҳияи Данғара

Аз соли 2010 то ба имрӯз ба ноҳияи Балҷувон 190 нафар саёҳони
хориҷӣ ташриф овардаанд
Ноҳияи Балҷувон ҳамчун минтақаи туризм мувофиқи қарори Ҳукумати ҶТ эълон шуда буд ва барои ташрифи саёҳони хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ва ҳам ҳукумати маҳаллӣ сол ба сол шароит муҳаё карда мешавад. Ба гуфтаи раиси ноҳияи Балҷувон Фатоҳ Аминов роҳи мошингарди Данғара – Кангурт дар арафаи ба анҷомёбист ва инчунин, огози сохтмони литсеи касбии саёҳӣ туризм ва ба истифода додани меҳмонхона дар ноҳияи Балҷувон аз ҷумлаи муҳаё кардани шароит барои саёҳони хориҷист. Лекин, ҳануз ҳам корҳои зиёде барои пурра шароит барои ташрифи саёҳон омода кардан мондааст. Бо имконияти ба даст омада мо сол ба сол шароити саёҳонро муҳаё карда истодаем ва ташрифи онҳо сол ба сол зиёд шудан дорад. Барои мисол, соли 2010 ба ноҳия 19 саёҳ ва соли 2011 бошад 27 саёҳ, соли 2012 бошад 32 саёҳ, соли 2013 бошад 31 саёҳ ва танҳо дар шаш моҳи соли 2014 51 саёҳони хориҷӣ ба ноҳияи Балҷувон ташриф овардаанд. Дар давоми чор сол бошад 160 нафар саёҳони хориҷӣ ба ноҳияи Балҷувон ташриф овардаанд. Асосан онҳо барои шикор ба ноҳияи мо ташриф меоранд, шикори хук.

М.Мустақим, аз ноҳияи Балҷувон

More From Author

You May Also Like