Categories Uncategorized

6 фазилати шаби қадр. Ё чаро шаби қадр муайян нест?

Мусалмонон ба шаби қадр эҳтимоми вижае доранд, зеро ин шаб дорои хайру баракат ва раҳмати фаровоне мебошад.

Якум, шаби қадр шаби нузули Қуръони карим аст. Худованд мегӯяд: (إنا أنزلناه في ليلة القدر) яъне, мо Қуръонро дар шаби боарзиши қадр фиристодем.

Инчунин, Худованд дар сураи Бақара, ояи 185 мефармояд: {‏شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِيَ أُنزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِّنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ} Яъне, (Он чанд рӯзи муайян ва андак) моҳи Рамазон аст, ки Қуръон дар он фуру фиристода шудааст (ва оғоз ба нузул намудааст ва дар муддати 23 сол тадриҷан ба дасти мардум расидааст), то мардумро роҳнамоӣ кунад ва нишонаҳои рушане аз иршод (ба ҳаққу ҳақиқат) бошад ва (миёни ҳаққу ботил) дар ҳама давраҳо) ҷудоӣ афканд.

Дуюм, дар ин шаб Худованд тақдирҳоро аз лавҳи маҳфуз ба фариштагон мерасонад ва зиндагиву марг ва хубиву бадиро то соли оянда ба онон месупорад.

Сеюм, ин шаб аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Худованд мегӯяд: {‏لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِّنْ أَلْفِ شَهْرٍ‏} Яъне, шаби қадр шабест, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст.
Расули акрам (с) фармуданд: “Касе, ки аз подоши шаби қадр маҳрум шавад, аз ҳама хубиҳо маҳрум шудааст. (Насоӣ)

Чорум, ин шаб шаби омурзиш ва пок шудани гуноҳон аст. Расули акрам (с) мефармояд: “Касе, ки ин шабро аз рӯи имондорӣ ва талаби савоб (бо қироати Қуръон, хондани намозҳои нафлӣ, зикр ва ғайра ибодот) қиём кунад, гуноҳони гузаштааш омурзида мешавад. (Бухорӣ)

Панҷум, ин шаб шаби нузул ва фаромадани фариштагон ба замин аст. Худованд дар ин бора мегӯяд: {‏ تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِم مِّن كُلِّ أَمْرٍ} Яъне, фариштагон ва Ҷабраил дар ин шаб бо иҷозаи Парвардигорашон пайдарпай (ба курраи замин ва ба сӯи парастишгарон ва ибодаткунандагони шабзиндадор) барои ҳаргуна коре, (ки Худованд онҳоро дастур дода бошад.)

Расули акрам (с) дар ин робита фармуд: “Фариштагон рӯи замин дар шаби қадр бештар аз регҳо ҳастанд.)

Шашум, ин шаб шаби саломатӣ аст. Аллоҳ таъоло мефармояд: {‏سَلَامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ‏} Яъне, он шаб то баромадани субҳ шаби саломат ва раҳмат (ва дуруди фариштагон бар муъминони шабзиндадор) аст.

Таъйини шаби қадр

Ҷустуҷӯ дар ривоятҳои воридшуда дар хусуси шаби қадр моро ба ин натиҷа мерасонад, ки шаби қадр дар даҳаи ахири моҳи Рамазон ва шабҳои тоқи ин даҳаи ахир мебошад.

Имом Бухорӣ дар китоби саҳеҳаш бобе зери унвони “Ҷустуҷӯи шаби қадр дар шабҳои тоқи даҳаи ахири Рамазон” номгузорӣ кардааст.

Иҷмоъи уламо бар ин аст, ки шаби қадр дар шабҳои тоқи даҳаи ахири моҳи мубораки Рамазон мебошад. Ҳазрати Ибни Аббос (р) мегӯяд: “Ҳазрати Умар (р) аз ёрони Расули Худо шаби қадрро пурсид. Ҳама якҷоя гуфтанд, ки дар даҳаи ахири Рамазон мебошад.

Ҳикмат дар пинҳон будани шаби қадр чист?

Фаҳмидем, ки шаби қадр дар даҳаи ахири Рамазон мебошад, аммо мушаххаст нест, ки кадом шаб аст, зеро Расули Худо (с) ин шабро медонистанд ва ба хотири ҳикмате, ки Худованд ирода карда буд, пушида монд ва Расули Худо иллати фаромуширо чунин баён мекунад: “Шаби қадрро дидам, касоне манро бедор карданд, ки фаромушам гардид. Пас, шаби қадрро дар даҳаи ахири Рамазон ҷусутуҷӯ намоед.”

Аммо Расули Худо (с) дар ҳадиси саҳеҳул Бухорӣ сабаби пушида мондани шаби қадрро чунин шарҳ медиҳад: “Ин кор ба хайри Шумост”, чун пинҳон будани шаби қадр боис мешавад, ки барои дарёфти он бештар талош кунем ва ибодати бештаре анҷом диҳем. Баръакс, агар вақт муайян мебуд, ба он шаб иктифо карда, аз қиёми шабҳои дигар кутоҳӣ мекардем. Барои ҳамин, Расули акрам (с) даҳаи ахири Рамазонро то вафоташон ба эътикоф менишастанд.

Фаъолият дар шаби қадр

Ҳазрати Оиша (р) ривоят намуда, ки Паёмбари Худо дар даҳаи ахири Рамазон камарашро мебаст ва шабзиндадорӣ мекард ва аъзои оилашро бедор менамуд. Яъне Ӯ (с) бештар ибодат намуда ва аз ҳамсаронашон дурӣ мекард.

Дар ҳадиси дигаре омадааст: “Расули Худо (с) дар даҳаи ахири Рамазон он қадар талош мекарданд, ки дар ғайри Рамазон чунин набуданд.” (Саҳеҳ Муслим)

Аз Худованди карим мехоҳем, ки моро аз шаби қадр баҳраманд созад ва аз хубӣ ва подоши он маҳрумамон нагардонад.

Манбаъ: eslahonline.net

More From Author

You May Also Like