Categories Ахбори рӯз

60 хаймаи «фаромӯшшуда » дар Кӯлоб

Аз Кӯлоб иттилоъ расид, ки тайи ду рӯзи ахир аз ҳоли сокинони 60 хаймаи аз сел осебдида касе хабар нагирифтааст. Тибқи иттилои сарчашмаи мӯътамад дар Кӯлоб дар баъзе хаймаҳо хӯрока тамом шуда, вазъи кӯдакон дар ҳоли баде қарор дорад. Дар ин маврид Бобоева Бибимоҳ, мегӯяд, ки фарзанд ва шавҳараш маъюб буда, касе ба онҳо аҳамият ҳо бо истифода аз латапораҳо барои кӯдакон обро меҷӯшонанд. Мутаассифона, дар ин вазъ масъулин тамоман фаромӯш кардаанд, ки сокини 60 хайма муҳтоҷи ёрии онҳост.Дар сӯҳбат Партоева Сабзамоҳ, Сатторова Хилолбӣ низ аз мушкилоти имрӯзашон гуфтаанд. Аммо аҷиб аст, ки ба андешаи як тан аз осебдидагон баъзе шахсиятҳо дар Кӯлоб мекӯшанд, ки ин вазъият аз чашми намояндагониҲукуматаз ҷумла муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон пинҳон нигоҳ дошта шавад.Дар сӯҳбат сокинони ин хаймаҳо зикр намуданд, ки бинобар надоштани такягоҳе эшонро ба ҳоли худашон раҳо намудаанд. Эшон бо далоили дар даст доштаашон зикр кардаанд, ки чаро онҳое, ки такягоҳе доштанд, имрӯз эшон дигар бидуни мушкилӣ зиндагӣ доранд, аммо теъдоде аз афроде, ки муқими ин хаймаҳоянд дигар касе парвои мо надорад. Гуфта мешавад, ки оилаҳои дигар аллакай бо ҳама ашёи аввалияи зиндагӣ таъмин буда, аммо бошандагони ин хаймаҳо ҳоло чашм интизори кӯмаки масъулин нишастаанд. Мо вазъро зери назар дорем ва бо даст додани имконият ҳатман вазъи имрӯз ва ояндаи оилаҳои дар офат осебдида дар саҳфаи мо мунъакис мегардад. Пас бо мо дар иртибот бошед. Онҷое, ки мардуми азизи ин сарзамин мушкил дорад, мо ҳампаҳӯли ин миллатва мардум ҳастем. Он рӯзе, ки ин мардум аз мушкилоти ба сарашон омада раҳо ёфтанд, он рӯз барои ҳамаи мо рӯзи хушбахтист.

More From Author

You May Also Like