Вохӯриҳои раиси ҲНИТ бо Равил Гайнутдин ва академик Наумкин

Рӯзи 23- уми октябри 2012, Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН, бо раиси Шӯрои муфтиҳои Русия, шайх Равил Гайнутдин вохурӣ анҷом дод.

Равил Гайнутдин аз вохӯриҳо ва ҳамкориҳои густардаи масъулини динии Русия бо бародарони тоҷики хеш изҳори қаноатмандӣ намуда, онро ба манфиати масалмонони ду кишвар донист. Ӯ аз вохӯриҳои қаблии хеш бо раиси Марказии исломии Тоҷикистон, ҷаноби Сайидмукаррам Абдулқодирзода ва сафари бародарон Тураҷонзодаҳо ба Русия ёдовар шуда, онҳоро иқдомҳои муҳим барои шиносоии бештар ва таҳкими дустиву бародарии миллатҳо ва кишварҳо номид.

Инчунин, ҷаноби Гайнутдин аз мавқеъи муътадилу созандаи ҲНИТ ва фаъолияти муассири фарҳангиву равшангароии он дар байни муҳоҷирин ва миллатҳои сокини Русия ҷонибдорӣ намуда, саҳми тоҷиконро дар рушди фарҳанги исломӣ қобили аҳамият донист.

Раиси ҲНИТ бо ишора ба аҳамияти рушди андешаҳои муътадил ва асили исломӣ ҳамчун омили пешгирандаи ифротгароӣ дар байни мусалмонон, ба хусус ҷавонон, нақши уламо ва пешвоёнро муҳим дониста, фаъолияти шахсии Равил Гайнутдинро намуна арзёбӣ кард.

Муҳиддин Кабирӣ низ ишора намуд, ки уламо ва роҳбариятҳои динӣ дар минтақаи мо бояд аз ихтилофҳо ва ҷудоиандозиҳо канораҷуйӣ намуда, ҳамкории бештар дошта бошанд ва нерӯҳои солими ҳама ҷомеъаҳо бояд атрофи арзишҳои муштарак ҷамъ шаванд ва ин потенсиали бузургро дар хидмати миллатҳо ва кишварҳои худ бигузоранд.

Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки иртиботҳоро қавитар намуда, чорабиниҳои муштарак байни муҳоҷирин анҷом диҳанд.

Ҳамон рӯз, раиси ҲНИТ бо директори Институти шарқшиносии Русия, академик Виталий Наумкин, дар дафтари ӯ вохурд.

Лозим ба ёдоварист, ки академик Наумкин, ки дорандаи мукофотҳои давлатии кишвари мо мебошад ва дар самти таҳкими дустиву бародарии ду кишвар саҳми бузург гузоштааст, имрӯз ҳамон масъулиятеро дорад, ки замоне фарзанди милати тоҷик Бобоҷон Ғафуров дошт.

“nahzat.tj”

More From Author

You May Also Like