Categories Uncategorized

Путин бо Рӯҳонӣ дидор мекунад

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия каме пас аз маросими таҳлифи Ҳасан Рӯҳонӣ ба унвони раисҷумҳури нави Эрон, дар мобайни ин моҳ, барои музокира дар бораи парвандаи ҳастаии Эрон ба Теҳрон сафар мекунад.

Рӯзномаи “Комерсант” – и чопи Маскав ба нақл аз як манбаъи наздик ба вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон навишт, ки дидори Путин аз Эрон дар ояндаи наздик сурат хоҳад гирифт.

Ин рӯзнома изофа кард, ки давлати Русия умедвор аст ба қудрат расидани Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ба пешрафти музокирот дар бораи барномаи ҳастаии ин кишвар кӯмак кунад ва сафари Путин бо ин ҳадаф анҷом мешавад.

Ҳамчунин раисҷумҳури Русия қасд дорад дар ин сафар дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумлаи сохти воҳидҳои нави неругоҳҳои атомии Бушаҳр тавассути Русия ва таҳвили системаҳои мушакии “Анти – 2500“ ба ҷои “S – 300” ба Эрон бо мақомҳои ин кишвар гуфтугӯ кунад.

More From Author

You May Also Like