Categories Uncategorized

7 далели асосии нокомӣ

М. Қодирӣ

Нокомӣ ва ба мақсад нарасидани инсон яке аз омилҳоест, ки метавонад дар зиндагӣ таъсири бузурге дошта бошад. Аксар вақт инсонро дар ҳолатҳое во мегузорад, ки роҳи зиндагӣ ва ҳақиқати ҳоли худро гум мекунад. Нокомӣ боис мегардад, то инсон миёни ҷомеа ва дӯстону наздикони худ эътиборашро аз даст бидиҳад. Пас чигуна метавонад як инсон аз нокомиҳо худро эмин нигоҳ дорад? Ё худ чӣ сабаб мегардад, ки инсон бештар дар зиндагӣ ба нокомӣ рӯ ба рӯ мегардад?

Аксар равоншиносон сабаби онро дар худи инсон баҳо додаанд. Зеро як инсон пас аз комиёбиҳои бузург ҳайсият ва мавқеи инсонии худро аз даст медиҳад. Ҳамеша гумони он дорад, ки ӯ дар ҳама ҳолат уҳдабаро ва корсоз аст. Хусусан, дороию мақомдорӣ яке аз комёбиҳои инсон аст, ки агар аз он ба таври одилона истифода набарад метавонад ба таври зудӣ онро аз даст бидиҳад. Ё ин ки агар инсон дар ин ду ҳолат ба зулм ва ноадолатӣ комёбии худро пайдо кардан хоҳад, ҳатман пушти он нокомист.

Коршиносон ва таҳлилгарон низ нокомии инсонро дар рафтор ва кирдори худи як инсон баҳо додаанд. Аз ҷумла онҳо дар робита ба саволи он ки агар касе аз шумо пурсон шавад, ки нокомиро чигуна таъриф мекунед ва ё онро чигуна дарк менамоед?

Дар ҷавоб бояд гуфт, ки нокомӣ як бахши асосии муваффақият аст, зеро ки боис мешавад, шумо иштибоҳҳо ва хатогиҳоятонро такрор накунед. Пас инсон дар зиндагӣ агар аз рӯи усул ва қоидаи инсонӣ ва хусусан имондорӣ кор нагирад, ҳамеша метавонад рӯ ба нокомӣ биёрад.

Барои мисол, дар зиндагӣ ва ҳаёти имрӯза бисёр аз ҳолатҳо ва ҳодисаҳоро мушоҳида намудаем, ки як инсони доро ва соҳибмақом чигуна аз мақом ва дороии худ боз мемонад.

Ҳамчунин зимни мушоҳидаҳо маълум гардида, ки аксар инсонҳоро нокомӣ дар ҳолате рӯ ба рӯ мешавад, ки онҳо аз ҳад ва маҳдудаи даркорӣ гузар мекунанд ва мавқеи худро ҳамчун як инсон аз даст медиҳанд. Дар дунё басо шоҳону мулкдоронро аз таърих ва ҳаёти муосири инсонӣ хондаем ва шунидаем, ки онҳо дар баробари як инсон будан худро чун Фиръавну Ҳомон баҳо додаанд, ки дере нагузашта зиндагии онҳо барбод рафтааст.

Пас чигуна метавон дар зиндагӣ як инсон ва ё як соҳибмулку соҳиби мақом бошем, мутахассисони соҳа чанд нуктаро барои раҳоӣ аз нокомӣ мавриди зикр қарор додаанд. Яъне агар инсон аз ин нуктаҳои мазкур худдорӣ карда тавонад ва худро дар як тавозуни баробари қарор бидиҳад, метавонад дар зиндагӣ ва ҳаёти худ аз нокомӣ раҳоӣ ёбад.

Омили якум ва ё аввалин коре ки инсонро рӯ ба нокомӣ меорад ақиб мондан ва дерӣ кардан дар амалӣ намудани нақшаҳои корие мебошад, ки барои комёбӣ аст.

Дуввум, иштибоҳоти худро қабул кардан. Яъне инсон аз иштибоҳ холӣ нест, пас вақте аз иштибоҳ сухан меравад, бояд гуш карда шавад ва ҳамзамон роҳҳои ислоҳи он дар нақшаи корӣ ҷой дода шавад.

Саввум, омиле, ки инсоро ба нокомӣ мебарад, зарар расонидан ба дигарону аз он барои худ нафъ гирифтан аст. Дар ин ҳолат фарқ надорад, ки зиён қасдан расонида мешавад ва ё саҳван. Муҳим дар он зарар дидани шахсе аз тарафи инсон аст.

Чорум, надонистани ҷойгоҳ ва мақоми инсонии худ, ки Худованд туро беҳтарин махлуқоташ офаридааст ва ту ҷуз як махлуқе беш наметавонӣ амал кунӣ.

Панҷум, фаромӯш кардани ҳоҷати мардум ва аз даст додани хидмати онҳо. Дар баробари ин, аз ёд рафтани он ки шумо ҳам ҳоҷот доред.

Шашум, бесаводӣ ва ақиб мондан дар баланд бурдани сатҳи илмии хештан ба таври доимӣ. Дар ин қисмат ҳам метавон молдорҳову мақомдороне мисол овард, ки бо надоштани саводи кофӣ имрӯз чигуна ҳолотро ба сари мардум овардаанд. Пас барои комёб будан саводу таълим ва такмили он ҳатмӣ мебошад.

Ҳафтум, такя кардан бар он ки ту доно ҳастӣ. Ин амал ҳам метавонад инсонро ба нокомӣ расонад. Зеро ҳар як инсон дар худ ҷои нофаҳмо ва номафҳуме дорад, ки ҳатман аз дигарон бояд онро омӯзад.

Аммо бо иктифои он ки “ман доно ҳастам” худро таскин медиҳад, ахиран рӯ ба нокомӣ хоҳад овард.

More From Author

You May Also Like