«Чӣ бояд кард, то ки ҳам мардум ба ҷойи “қабристон” аз нақби рушану андак ҳамвор гузаранду вазорат ҳам то ба охир расонидани бунёди нақб аз суолҳои бешумору танқид эмин бимонад?»
Бегоҳи рӯзи 21 август, вақте аз ҷониби Хуҷанд ба Душанбе бармегаштем, муҳаррики мошини кирокаш дар миёни нақби “Истиқлол” хомӯш шуд. Лаҳзае дар назар намуд, ки мо дар қабристонем. Дурусттараш дар қабрем, зеро зулмот буд. Зани мусофир ба дуъохонӣ даромад. Фарзанди ӯ аз тарс ба гиря сар кард. Воқеан, дар дили мусофироне, ки мошинашон дар нақб мемонад, ваҳм рахна мезанад. Ҳатто хабаре паҳн шуда буд, ки зане дар ин торикистони нақб фавтида буд…
Хайрият, кадоме аз мусофирон чароғчаи телефонашро афрӯхт ва даруни мошин рушан шуд. Як ё ду дақиқа пас аз рӯбарӯ мошини боркаше омад. Ронанадаи кирокаши мо берун шуда, даст бардошт ва он мошини боркаш қарор гирифт ва ронандаи он ҳамроҳ бо кирокаши мо «дард»-и мошинро ёфтанд.
Мо ба ҳаракат даромадем ва ман аксе бардоштам аз ин лаҳзаи вахиму ваҳим.
Ва ҳар нафаре аз он берун ояд, мисли мо шукронае ба Аллоҳ мекунад, ки нақб қабраш нашуд.
Худ аз худ суоле бармеояд, ки ин чӣ иншооти торикистон аст, ки тайёр нашуда, се бор ва якеи он бо иштироки ДУ президент бо хароҷоти хеле зиёд пардабардорӣ карданду ҳанӯз барои хидмати мардум пурра омода нест.
Умедвор будам, дар сомонаи “Озодагон” вазири нақлиёт Низом Ҳакимов ба суолҳои хонандагон дар бораи нақби “Истиқлол” ҷавобҳои рушан ва пурра медиҳад ва баъзе муаммоҳоро мекушояд.
Вале вазир қаноатманд аст, ки ширкати то ҳол соҳиби аслиаш гумноми IRS “пардохти музди меҳнати кормандон, истифодаи қувваи барқ, рушаноӣ ва ҳавотозакунии нақб маблағи муайян ҷудо намуда, техника ва мошинолоти худро дар мавриди зарурӣ сафарбар карда истодааст.”
Мӯҳтарам вазир, рӯзе, ки мо гузаштем, дар дохили туннел нафаре кор намекард. Дар як километр танҳо се ё чор чароғи хира месӯхт ва шояд ширкат мошинолоташро пинҳон карда будааст ва ё аз сабаби торикӣ мо онҳоро дар нақб надидем.
Аз сӯҳбати вазири нақлиёт маълум шуд, ки ӯ ҳанӯз ба умеди оши ҳамсоя аст: “Ширкати эронии «Собир» бояд бозсозии нақбро аз ҳисоби 50% саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50% саҳми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар сурати нарасидани маблағ аз ҳисоби худ пурра ба анҷом расонад. Дар айни замон ширкати «Собир» аз ҳисоби пешпардохти саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздор мебошад.”
Ин баҳс, ки кӣ сохтумонро ба итмом бирасонад, чанд сол аст идома дорад ва шояд “Собир” дигар ба ин нақб барнагардад. Ширкати IRS ҳам сохтумони нақбро ба ӯҳда намегирад. Вазир ҳам ваъдаи мардонаи худ дар бораи бастани нақб ва анҷоми таъмири он дар тобистонро иҷро накард.
Чӣ бояд кард, то ки ҳам мардум ба ҷойи “қабристон” аз нақби рушану андак ҳамвор гузаранду вазорат ҳам то ба охир расонидани бунёди нақб аз суолҳои бешумору танқид эмин бимонад?
Агар шумо нахоҳед, ки моҳҳову солҳо сипарӣ шаванду нақб чун қабр боқӣ намонад, зинҳор ба умеди ширкати “Собир” нашавед ва ба ширкати IRS ҳам муроҷиат накунед.
Пештар ман танҳо барои рушанӣ андохтан ба номаи аъмоли ин ширкат ба шахси савум, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Олӣ муроҷиат карда будам, то аз шахси аввал бипурсад, вале то ҳол эшон хомӯш аст. Яъне, то ҳукумат дигар нашавад, ёфтани сари калобаи ин ширкати мармуз амри маҳол аст.
Бинобарин пеш аз ҳама аз ба муддати кӯтоҳ, шояд то ба як ҳафта, яъне, то хушк шудани бетони рехта нақбро баста, аз ҳисоби ҳамон 50% саҳми Ҳукумати Тоҷикистон тавассути қубурҳо оби даҳ то понздаҳ ҷойи оббаромадаро ба ҷӯй гузаронида, чуқуриҳои хавфнок, ки шумораашон дар кафи нақб аз даҳто ҳам зиёд нестанд, бетон резанд.
Баъд дар ҳар километр ақаллан бист чароғи нерӯмандтар насб кардан даркор аст, то ки нақб на ба қабристон, балки воқеан ба як гузаргоҳи рушантар табдил ёбад.
Умедворам, барои ин амалҳо молиёти Ҳукумати Тоҷикистон мерасад, зеро барои ин кор миллионҳо сомонӣ неву чанд сад ҳазор сомонӣ кифоя аст. Чи тавре мегӯянд, ҳам лаъл ба даст меояду ҳам ёр намеранҷад, яъне, ҳам мардум ҳангоми убури нақб азоб намекашанду ҳам ҳукумат ё вазорат барои пурра ба анҷом расонидани сохтумони нақб саросема нашуда, сарчашмаи маблағро пайдо мекунад.
Хулоса, роҳи ягона барои ин “қабристон”-ро ба гузаргоҳи нисбатан рушан ва ҳамвор табдил додан аз ҳамон 50% саҳми Ҳукумати Тоҷикистон истифода кардан аст.
Агар натавонед, танҳо эътироф кунед, ки вазорат маблағ надорад. Он гоҳ тавассути матбуот ба тоҷирон, бозаргонон ва умуман, шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат намуда, маблағи заруриро ҷамъ оварда, ширкати дигаре кори боқимондаро ба анҷом мерасонад.
Ҳамту не, мӯҳтарам вазир?
Манбаъ: Сомонаи Наҳзат