Categories ҶОМЕА

Ба дарозо кашидани “беморӣ”-и сардори боздоштгоҳ монеъи дидори М. Кабирӣ бо Тоҷиев ва Иброҳимов шуд

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва вакили МН бо сабаби ба дарозо кашидани “беморӣ”-и сардори боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд муваффақ нашуд, ки бо Тоҷиев ва Иброҳимов, ду узви боздоштшудаи ҳизб мулоқот кунад ва яке аз масъулини ҳизб ин иқдоми мақомотро “баҳона” хонд.

Тибқи ваъдаи масъулини СИЗО-и шаҳри Хуҷанд, ки дар ҳоли ҳозир Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов, ду узви боздоштшудаи ҳизб дар он нигаҳдорӣ каррда мешаванд, қарор буд Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Наҳзат ва вакили МН, имрӯз 22-юми ноябри соли 2013 бо онҳо мулоқот кунад, аммо бо сабаби давомнокии “беморӣ”-и сардори боздоштгоҳи мазкур ин мулоқот сурат нагирифт.

Ҳарчанд, Файзинисо Воҳидова ва Юсуф Дониёров, вакилони дифоъи Иброҳимов ва Тоҷиев муваффақ шуданд, ки имрӯз ҷумъа бо муваккилонашон мулоқот кунанд ва назарҳои худи онҳоро дар ин қазия шуниданд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, увзи Шӯрои сиёсии ҳизб, ки Муҳиддин Кабириро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекард, дар суҳбат ба сомонаи Наҳзат ба дарозо кашидани “беморӣ”-и сардори боздоштгоҳро “баҳона” хонда, гуфт: “Агар сардори боздоштгоҳ бемор мебуд, метавонист аз тариқи телефон ҳам амр диҳад, то иҷоза диҳанд, ки ин мулоқот анҷом ёбад.”

Ӯ афзуд, ки ҳарчанд Муҳиддин Кабирӣ ба ҳайси вакил аз Маҷлиси Намояндагон салоҳияти дидор бо боздоштшуда ва ё маҳбусро дорад, аммо ба хотири монеъа эҷод накардани мақомот ба сабаби надонистани салоҳиятҳои вакили МН ва ё дигар сабабҳо, онҳо барои мулоқот кардан бо он ду боздоштшуда масъулини баландпояи ҳукуматҳои маҳаллӣ дар шаҳри Исфара ва вилояти Суғдро дар миён гузоштанд, вале бар замми ҳамин ҳам нагузоштанд, ки вакили МН ва роҳбари ҲНИТ бо боздоштшудаҳои мазкур мулоқот кунад.

Масъулини ҳизб пештар гуфта буданд, ки ҳадаф аз мулоқоти роҳбари ҳизб ва вакили МН ошноӣ ба вазъи саломатии онҳо, шунидани қазия аз худи ишон ва шаффофияти бештари он арзёбӣ мебошад.

Ҳамчунин, чи тавре пештар иттилоъ дода будем, баъди вохурии роҳбари ҳизб бо прокурори шаҳри Исфара ва масъулони баландпояи мақомоти маҳаллӣ, мақомоти зидахл ваъда доданд, ки ба аҳли хонаводаҳои Тоҷиев ва Иброҳимов рӯзи душанбеи оянда (25-уми ноябр) иҷоза хоҳанд дод, ки бо онҳо вохурӣ намоянд. Ҳарчанд, мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ба онҳо аз тарафи хонаводаҳои боздоштшудагони мазкур ягон дархости расмӣ барои мулоқот то он замон нарасидааст, вагарна онҳо монеъи чунин вохурӣ намешуданд.

More From Author

You May Also Like