Дар қазияи дардноки бародар Зайдуллоҳ баъзе аз амалкардҳои хиёнатомези масъулини тафтишотӣ ошкор шуданд, манзурам ташхиси алтернативии ДНК дар ин парвандаи таҳмилист. Ахиран вакилони дифоъи ин марди наҷиб ва шикастнопазир эълон доштанд, ки ташхиси генетикии анҷомдодаи мақомоти тафтишотӣ тақаллубист.
Муваффақияти вакилони Зайдуллоҳ дар он аст, ки онҳо бо ташаббуси худ ташхиси мазкурро дар ҳамон ташкилоти ташхисдиҳандае анҷом доданд, ки муфатишони парвандаи ҷиноӣ анҷом дода буданд, вале бо натиҷаҳои фарқкунанда. Нафари ташхисгари маскавӣ изҳор медорад, ки қаблан ҳам ҳамин корро анҷом дода буду Зайд Саидов падари фарзанди ба тарзи ҳаром таваллудшуда нест.
Ҳоло суоли матраҳ баъд аз пайдо шудани ин моҷаро ва муттаҳамсозандаи мақомоти тафтишотӣ ин хоҳад буд, ки онҳо ин корҳои тақаллубиро дар куҷо анҷом додаву ба чӣ хотир чунин як гуноҳи сангинро болои як мусалмони боирода таҳмил кардаанд? Бубинед, натанҳо вакилони дифоъи Зайдуллоҳ, балки тамоми қишри огоҳ ва мусалмони ҷомеъа ба ин гуна кор даст задани Зайдуллоҳро бовар надоштанд.
Хушбахтона яке аз вакилони дифоъи ҳуқуқ, муи сари Зайдуллоҳро ба Маскав бурда, падар набудани ӯро дар нисбати фарзанди бо роҳи ҳаром таваллудшуда ба исбот расонид. Бояд гуфт, ки ин гуна ҳаромтаваллудшуданҳо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шиддат зиёд шудаанд ва эҳтимол пуштибонони ҳаромкорон ҳам дар ниҳодҳои давлатӣ ба курсие такя зада бошанд.
Алайҳи бародар Зайдуллоҳ то имрӯз бо истифода аз 10 банди кодекси ҷиноӣ айбҳои сохтаро болои ӯ таҳмил кардаанд. Бале, инро ҷуз таҳмил чизи дигаре гуфтан ҷоиз нест, чунки ӯ агар ин гуна амалро болояш таҳмил ҳам мекарданд, имони Зайдуллоҳ ба он иҷоза намедод, аз ҷумла: гирифтани пора ва қаллобӣ, тамаъҷӯӣ ва сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ, таҷовуз ба номус ва дигар корҳои хилофи ахлоқи як мусалмони боиродаро.
Ҳамин аст, ки тавре худи Зайдуллоҳ ҳам мегӯяд, тамоми иттиҳомот ва таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ доранд ва рабти мустақим мегиранд ба эълони таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав».
Инчунин бояд иқрор кард, ки эълони таъсиси ин ҳизби нав боиси пайдо шудани шуру шавқе дар ҷомеъа ва такони ҷиддие дар афкори қишри огоҳи ҷомеъаву долонҳои ҳукумат гардид. Муҳимтар аз ҳама, афкори таҳмилии «ҲХДТ ҳизби мардумӣ»ро ба шиддат зери суол қарор дод.
Вале боз ҳам дар доираҳои таҳлилӣ ин масъала фикри ягона ва мавқеъгирии рӯшанро то ба пайдо шудани иттиҳомҳои пайи ҳам, бахусус таҷовуз ба номус ба вуҷуд наовард ва иддае аз таҳлилгарон пайдо шудани «Тоҷикистони нав»ро иқдоми шахсии Зайдуллоҳ ва дӯстонаш медонистанду иддаи дигаре бозии навбатӣ аз кадом ҷонибе, ки қабл аз интихоботи президентӣ матраҳ карданианд.
Ҳоло раванди мурофиъаи судӣ ва амалкарди тақаллубкорона дар тафтишот, боздошти шоҳиди аслии қазия аз сӯи мақомоти марбута, ки барои шоҳидӣ додан аз сӯи вакилони дифоъ даъват шуда буд ва боз чандин корҳои дигар тамоми ишораҳои болоро рангу бӯи дигар бахшидааст.
Ҳатто аз мавҷудияти барномаи паси пардагие ҳарф зада мешавад, ки онро бе дастури боло ошкор карда наметавонанд. Ба ҳар ҳол, сардаргумии мурофиъаи додгоҳӣ дар мавриди исботи худро наёфтани далелҳои тафтишотӣ оид ба иттиҳомҳои мавҷуд эҳсос мешавад.
Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки кадом сирре дар парвандаи таҳмилии Зайдуллоҳ боқӣ намондааст, пас чаро додгоҳ мурофиъаро аз таҳхонахои КДАМ берун кашиданӣ нест?
Бо умеди пайдо шудани нӯри Ҳақ.