Зуҳри имрӯз, 6-уми декабри соли 2013 Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН Сюзан М. Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистонро дар қароргоҳи марказии ҲНИТ ба ҳузур пазируфт.
Сафири Амрико Муҳиддин Кабириро барои шомил шуданаш дар феҳрасти 500 мусалмони бонуфузи олами Ислом табрик карда, гуфт, ки ӯ ба ин мақом сазовор аст. Роҳбари ҲНИТ дар навбати худ аз сафири Амрико барои табрик карданаш ташаккур кард.
Ҷонибҳо раванди интихоботи баргузоргаштаро баррасӣ намуда, атрофи вазъи пас аз интихоботии кишвар табодули назар карданд.
Сафири Амрико аз омодагии Наҳзат барои ҳамкорӣ бо ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ истиқбол карда, пешниҳоди номзадии занро паёми муcбат арзёбӣ намуд.
Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки пешниҳоди номзадии зан ва пуштибонии аксарияти қишри рӯҳоният аз ин иқдом баёнгари он аст, ки дар кишвари мо дар умум андешаҳои муътадили исломӣ реша давонда, пайдоиши гароишҳои тунд решаи динӣ надорад, баръакс онҳо зеро таъсири омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоъӣ шакл гирифта, гоҳо ба худ тобиши динӣ мегиранд.
Инчунин, тарафҳо масоили марбут ба минтақаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.