Ба гузориши сомонаи хабарии ISLAM.RU дар рӯзи 19- уми август милисаҳои рус мошини Файзалӣ Савлатовро боз дошта ӯро аз мошин берун мебаранд. Файзалӣ Савлатов дар масҷиди Домодедово кор мекунад. баъд аз таҳқиру фишори зиёд онҳо Файзалиро ба отдел бурда бо зури ба ӯ арақу пиво менушонанд. Ин милисаҳои рус 3 соат Файзалиро лату куб намуда ӯро таҳдид мекунанд ва мехоҳанд, ки ким кадом коғазеро имзо намояд, вале ӯ аз ин кор худдорӣ менамояд.
Баъд аз он, ки Файзалӣ ба пракратура муроҷиат мекунад барои шикоят кардан, дар пракратура мегӯянд вақти корӣ тамом шудааст ва шикояти ӯро қабул намекунанд. Дар ҳамин ҳол 4 нафар бо либоси шахсӣ ба хонаи ӯ рафта зану фарзандонашро таҳдид мекунанд, ки шикоят накунад. Сомона гузориш мекунад, ки милисаҳо маст будаанд ва ҳатто маводи мухаддир истифода карда буданд. Инчунин онҳо Файзалиро таҳдид ба таҷовуз карданд.
Айни ҳол Файзали дар ҳолати вазнин қарор дорад ва дар беморхона бистари мебошад. Ҷамъияти мусалмонони Домодедово низ пайгири ин қазия мебошанд. Инчунин ҳамватанонамон дар Маскав низ бетараф нестанд ва барои дифоъ аз ҳуқӯқи ҳамватани худ талош намудаистодаанд. Изатулло як нафар аз тоҷикони шаҳри Маскав мегӯяд тоҷикони Русия низ бетараф нестанд ва ин қазияро пайгири намуда истодаанд.
Categories
Ахбори рӯз