Имрӯз дар қароргоҳи шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Қургонтеппа нишасте дар мавзӯи зиндагӣ ва рисолати Муҳаммад (с) барпо гардид, ки дар он беш аз 25 нафар меҳмонон ва аъзоёну ҳаводорони ҳизб ширкат карданд
Дар мавзуъи «Зиндагиномаи Муҳаммад (с) аз вилодат то биъсат» Қамариддин Афзалӣ суханронӣ намуда қайд намуд, ки Расули Худо (с) беҳтарин ва афзалтарини халқшудаҳо Худованди (ҷ) мебошад ва Худованд ҳазрати Муҳаммад (с)-ро аз овони туфулӣ бо баракоту раҳмати хеш нигоҳ дошта ва аз тамоми газандҳои давраш маҳфузаш карда буд. Бо лутфу раҳмати Худованд қиссаи Шайтонро аз синаи муборакаш берун сохт ва ӯро барои расонидани рисолати хеш ба бандагонаш омода намуд.
Сипас Фахриддин Маҳмадалиев, муовини раиси шуъба дар навбати худ аз чи иборат будани рисолати ҳазрати Муҳммад (с) суханронӣ намуда гуфт: «Худованд сариҳу ошкоро рисолати паёмбарашро дар китоби хеш чунин гуфтааст: «Эй Муҳаммад (с) мардумро ба сӯи парвардигорат аз рйи ҳикмат ва панду андарзи ҳасана фаро хон». Дар ҷои дигаре низ Худованд мефармояд, ки «Шумо беҳтарин уммате будед, ки барои расонидани ин амр ба мардум, яъне амр ба маъруф ва наҳй аз мункар шуро баргузид». Бузургтарин рисолати Паймбар (с) даъвати мардум ба сӯи яктопарастӣ, берун кашидани мардум аз ҷаҳлу нодонӣ ба сӯи илму маърифат ва аз бандагию ғуломӣ ба сӯи озодӣ буд.
Дар ин нишасти илмӣ хоҳар Хайринисо Саидова, масъули бахши бонувон дар минтақа барои ҳозирин аз китоби «Мушкоти Шариф» нақл намуд, ки Худованд ҳазрати Муҳаммад (с) – ро ба ахлоқи бузург дар китоби хеш тавсиф намудааст. «Хамоно ту эй Муҳаммад соҳиби ахлоки бузург мебошӣ» дар идомаи суҳбат гуфт: Чеҳраи мубораки Паёмбар (с) монанди маҳтоби шаби чаҳордаҳум буд. Кафи дастонаш сер гӯшт буданд ва ранги рӯи муборакашон на сурху на сафед буд…
Бо ҳамин минвол бахши ахирӣ бо суолу ҷавоби иштирокчиён ба анҷом расид.