Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки дар ҳамоиш илмӣ фарҳангӣ зери унвони «Рисолати муҳаммадӣ ва дунёи имрӯз» ширкат дошт, андеша ва пешниҳодоти худро дар партави ин маҳфили нуру зиё манзури ҳозирин кард, ки муҳтавои онро пешкаши хонандаи азиз мегардонем
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Алҳамдулиллоҳ, ассалоту вассалому ало расулиҳи Муҳаммад (с) ашрафил анбиёи вал мурсалин ва ало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин.
Бародарону хоҳарони азизу меҳрубон ва устодони арҷманд!
Пеш аз ҳама аз самими қалб яко-яки шумо ва кулли уммати мусалмонро ба рӯзи таваллуди Паёмбари акрам (с) муборак мегӯям ва аз Худованди маннон таманно дорам, ки моро пайравони шоистаи ҳазрати Муҳаммад (с) гардонида бошад. Баъдан аз ҷониби аҳли раёсати ҳизб ба дастандаркорони ин маҳфили нурониву пурбаракат ташаккур мегӯям, ки онро ба хотири бузургдоштои Паёмбар (с) омода кардаанд. Дар ин чанд лаҳзае, ки аз ҳаёти пурбаракати Паёмбари охирзамон сӯҳбатҳоеро шунидем ва аз ҷанбаву фаъолиятҳои Паёмбар (с), ҳамчун падар, шавҳар ва азизтарин инсон дар пешгоҳи Худованд, ҳамзамон соддатарин чеҳра дар рӯи замин бештар огоҳ шудем. Фазои маҳфил моломол аз ҳузну андӯҳ, ҳамзамон хурсандию шодӣ буд.
Фикр мекунам, самимият ва вижагии нишасти мо ҳам дар ҳамин аст, ҳамон тавре Паёмбари акрам (с) як инсони самимӣ, содда ва азиз буданд, ин нишаст ҳам самимиву содда, ҳамзамон моломол аз баракату маънавиёт буд. Паёмбари акрам (с), дар баробари дӯстдоштаи тифлон будан, онҳоро дӯст медошт. Хеле шодам, ки аксари ширкатдорони озмун ва туҳфагирифтаҳои имрӯза тифлон буданд, Бародарону хоҳарони муҳтарам! Фурсати сӯҳбат агарчи кам ҳаст, вале мехоҳам чанд нуктаро дар баробари он сӯҳбатҳое, ки бародарону хоҳарон доштанд, хидмати шумо арз намоям. Агар ҳадафи мо аз ин гуна нишастҳо, танҳо шунидани чанд қиссаву ривоятҳо аз зиндагии Паёмбари акрам (с) бошад, дониста бошед, ки ӯ ҳеҷ гоҳ тарафдору хоҳони сохтакорӣ ва баргузор кардани нишастҳои пурдабдаба ву холӣ аз маънавиёту баракат набуданд. Набояд мо ҳам чанд ҳарфу гуфтаҳои дар дил доштаи худро бигӯему ҳамдигарро табрик гуфта, пароканда шавем.
Омадани Паёмбар (с) бар ин дунё ҳадафмандона буд, фаъолияташ мақсади муайян дошт, ҳатто рафтану охирин нафасҳояш холӣ аз панду насиҳат набуданд. Вақте ин ҷо нишастаему ба ривоёту қиссаҳо гӯш меандозем, иншоаллоҳ бовар дорам, ки баргузоркунандагони ин нишаст ҳамин ҳадафро доранд, он ҳам шинохти рисолати Паёмбар (с) ва ҳам истифодаи дурусти он дар зиндагии худ бошад. Номи маҳфил ҳам ҳадафмандона гузошта шудааст: «Рисолати муҳаммадӣ ва дунёи имрӯз». Агар мо аз зиндагии Паёмбар ва мелоду реҳлаташ, аз фаъолиятҳои ӯ барои ҳаёти имрӯзаи хеш ибрат гирифта натавонем, пас ин ҳама ҷашну ҷашнвораҳо ҷуз сарф кардани вақт чизи дигаре нахоҳанд буд. Вале мутмаинам, ки дар нишасти имрӯза ҳамаи ҷанбаҳои масъала ба инобат гирифта шудаанд ва он ба ҳадафи худ мерасад.
Хоҳиши дигар ин аст, ки мунтазири моҳи мавлуд набошем. Агар Паёмбари акрам (с) дар ин моҳ таваллуд шуданду аз ин дунё рафтанд, вале фаъолияти паёмбариаш дар моҳҳои дигар буд, дар дувоздаҳ моҳи сол паёмбар буд. Пас набояд дар моҳҳои дигар фаъолияти он Ҳазрат (с) ва фиристода шудани китоберо аз сӯи Худованд тавассути ӯ фаромӯш кунем. Бояд дар ин толор пайваста сӯҳбат аз Қуръону аз Паёмбар (с) сурат бигирад.
Тавре мушоҳида кардам, бародарону хоҳарон ташнаи шунидаи ҳарфе дар ин маврид ҳастанд. Пас чаро ин фурсатро барои дӯстон ҳар моҳу ҳар ҳафта фароҳам наорем? Хоҳиш ин аст, ки ин гуна нишасту маҳфилҳо ҳарчи бештар шаванд ва ободии ин толор ҳамон вақте эҳсос мешавад, ки баргузории корҳои неку савоб беш аз пеш сурат бигиранд.
Марҳалаҳои зиндагии Паёмбар (с) ва аз мо: монандӣ ва тафовутҳо
Дӯстони азиз! Ин ҷо дар бораи марҳалаҳои зиндагии Паёмбар (с) гуфтанд, вале нуктаеро хидмати шумо арз карданиам, ҳамон тавре оятҳои Қуръони карим ду тақсиманд: макию маданӣ, зиндагии Паёмбар (с) ҳам ду қисмат аст. Агар мо ба Қуръони карим руҷуъ намоем, тамоми сураҳое, ки дар Маккаи мукаррама нозил шуданд, мавзуъи аслӣ ва меҳварии онҳо як аст, шинохту ваҳдонияти Худо ва даъвати мардум аз ҷоҳилияту парастиши бутҳо ба парастиши Худои ягона. Ҳадафи дуюм тарбият кардани инсон дар партави парастиши Худои ягона, ки тамоми фаъолияти Паёмбар (с) дар ин марҳала, расонидани ваҳйи илоҳӣ, шиносонидани дурусти он ва тарбияи инсон буд. Тарбияи инсонҳое, мисли Билолу Аммор ва дигар саҳобаҳо буд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ дар фикри сохтани ҷомеъае, мисли ҷомеъаи Мадина набуданд. Ҳадафи онҳо танҳо шинохти Парвардигор буд ва барои ин ҳадаф азобу уқубатҳои зиёде кашиданд. Онҳо омодаи таҳаммули ин мушкилот буданд. Ёдатон бошад, дар баробари азобҳои кашида ҳазрати Аммор ва Билоли ҳабашӣ, ҳамеша Ҳақ ё Аҳад мегуфтанд, ҳеҷ калимаи дигаре дар забони онҳо набуд.
Баъдан марҳалаи дуюм, Мадина аст, ки ҳам Паёмбари акрам (с) ва ҳам оятҳои қуръонии дар он марҳала нозил шуда аксаран ба мавзуи сохтани як ҷомеъа ва муносибатҳои инсонӣ, тарзи зиндагӣ ва ҷомеъасозиву давлатдорӣ роҳнамоӣ мекунанд. Чӣ оятҳои қуръонӣ ва чӣ аҳодиси набавӣ ва ҳаёту рузгори Паёмбар (с) ба ин гуфтаҳо далолат мекунанд. Вақте аҳодиси Паёмбар (с) мегӯем, зиндагӣ ва фаъолияти он Ҳазрат (с)-ро дар назар дорем, инҳо бо ҳам тавъаманд.
Агар дар Макка мавзуъҳои меҳварӣ дурустии шинохти Худованд ва тарбияи як инсони муъмин буд, дар Мадина сохтани ҷомеъае бар мабнои инсонҳои омода ва комил мебошад. Манзур аз ин ҳарфҳо чист? Бубинед, вақте номи мавзӯъро «Рисолаи муҳаммадӣ ва дунёи имрӯз» гузоштем, пас дар фикри он бошем, ки худи мо, яъне Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки иншоаллоҳ пайравони Муҳаммад (с) ҳастем, худро дар кадом марҳала мебинем?!
Даъвати банда аз уламои кибору уқало ва хоҳарону бародарон ин аст, ки аввал биёед, худи мо дар дохили Наҳзат фикр кунему ҳоло хулоса набарорем, ки бародарони азизи мо ҳоло дар куҷо қарор доранд, дар марҳалаи Макка ё Мадина? Шояд зоҳири масъаларо бинему бигӯем, ки марҳалаи аввали мо, замони шуравӣ буд ва мисдоқҳояш ҳам вуҷуд дорад. Мебинем, ки Паёмбар бо ҷамъи ёронаш пинҳонӣ оёти нозилшударо ба мардум мерасонид ва онҳоро ба парасимши Худованди якто даъват менамуд. Онҳо дар як замоне берун омаданду ҷамоъати худро ошкор карданд, мо ҳам дар замони шуравӣ пинҳонӣ дарс мехондему ҷаласаҳое доштем. Баъдан замоне фаро расид, ки ҳуввияти хешро ошкор сохтем.
Марҳалаи ҳиҷрат дар ҳаёти Паёмбар буд, ки онро ҳам Наҳзат сипарӣ кард. Муқовамату мусолаҳа буд, ки мисдоқашро дар муборизаҳо медонем. Сулҳи Ҳудайбия дорему сохтани як ҷомеъаи навин, ки мо ҳам ин гуна марҳаларо тай кардем.
Агар мисдоқҳои ҳарду марҳаларо, ҳадди ақал таърихи 30 солаи Наҳзатро ба он давраҳои хоси рушди низоми исломӣ муқоиса кунем, зоҳири маъала ин аст, ки тақрибан ин мароҳил тай шудаанд ва дар марҳалаи Мадина қарор дорем. Вале суол ин аст, ки оё воқеъан чунин аст ё танҳо зоҳири масъаларо мебинему асли онро дарк накардаем? Ба гуфти Мавлоно:
Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳанӯз андар хами як кучаем.
Даъвати банда аз бародарону хоҳарон ва аҳли илм ин аст, ки атрофи ин масъала бештар бишинему тафаккур намоем, ки натанҳо Наҳзат, балки тамоми уммати исломӣ имрӯз дар кадом марҳала қарор дорад?! Оё мо бар инем, ки марҳалаи Маккаро, мисли Паёмбар (с) ва атрофиёни ӯ тай кардаем. Ҳоло дар ин маврид чизе гуфтанӣ нестам, чун посухе надорам. Ба ин хотир, бориди дигар даъват мекунам, ки бояд бинишинему фикр кунем.
Оё бародари мо Умедҷон, ки дирӯз ба шаҳодат расид ва Худованд шаҳодати эшон қабул кунад, метавонад мисдоқи амалҳои яке аз саҳобагони Паёмбар дар замони Макка бошад? Бояд сари ин гуна масоил ҳам андеша кунем. Наҳзат бояд дунболи тарбияи Умедҷону Билолҳо бошад ва баъд аз омодагиҳо дунболи марҳалаи Мадина бошем. Паёмбар дар он марҳала масъулияти давлату ҷомеъаро бар душ гирифт ва паёмбари ваҳдат қарор гирифт. Дар Мадина миллату қавмҳоро атрофи худ ҷамъ кард ва ин марҳала аз марҳалаи Макка комилан фарқ мекард. Агарчи ҳама дар қолаби паёмбарӣ буд, вале марҳалаи нав масъулиятҳои нав дошт. Паёмбар (с) тавонист Суҳайли Румиву Салмони Форс ва Билоли Ҳабаширо ҷуъзи як уммат бигардонад. Дар асоси шинохти Худованд, Қуръон ва суннати худ ҷомеъа сохт. Оё бар ин марҳала расидаем, ки дар кишвари мо тамоми ақвому миллатҳо ман мусалмонаму пайрави Муҳаммад (с) бигӯянд ё ҳоло ҳам дар зеҳнамон минтақа, ноҳия ва авлавиятгузории миллат, ҳатто аҷдоду гузаштаи худамон бартарият дорад? Агар ин тавр мебуд, Суҳайл ва Салмону Билол паҳлӯи ҳам ҷамъ намешуданд ва як умматро ба вуҷуд намеоварданд. Агар ин тавр мебуд, саиди қавми Паёмбар Абуҷаҳл ва Абӯлаҳабу дигарон буданд, онҳо худро саиди қавм медонистанду фикр мекарданд, ки хуни онҳо тоза аст, чун масъулияти нигаҳбонии Маккаву Каъбаро доштанд. Пас чӣ шуд, ки Билолу Салмон матраҳ шуданд, онҳо касе набуданд ҷуз ғулом, вале Ислом онҳоро саид кард. Ҳар муаззине болои минбар меояд, худро шогирди Билол медонад ва ҳар форсзабоне ба Муҳаммад эмон меорад, бо фахр мегӯяд, ман аз қави Салмон ҳастам. Мо бояд сари ҷузъиёти ин масоил фикр кунем, ки дар куҷо қарор дорему равонаи кадом самту ҳадафи дурнамои мо чист?
Мақсад аз ин нишастҳо бояд ҳамин бошад, на чизи дигар. Ҳамон тавре дӯстон дар ин ҷо гуфтанд, паёмбарӣ анҷом ёфт, вале рисолати идомаи ин роҳ боқист. Акнун онро уламо, ки ворисони паёмбаронанд, идома медиҳанд. Рисолати як олими имрӯза ин аст, ки бояд умматро ба роҳи ваҳдату бародарӣ даъват кунад. Чаро ин ҳарфҳоро ин ҷо матраҳ месозем, чун рисолати олими аслии исломӣ ҳамин аст, алҳамдулиллоҳ дар Наҳзати мо ва дар ҷомеъа ҳам уламо хеле зиёданд. Ин ишораҳо ба хотири он аст, ки уммати Муҳаммад (с) тибқи ҳадиси шарфиаш як ҷасади воҳид аст. Агар узве аз он ба дард омад, узви дигари он шикоят хоҳад кард, имрӯз ҷасади уммати муҳаммадӣ бемор ва хуншор аст. Оё воқеъан дарди ин баданро ҳис карда истодаем? Оё дар Сурияву Миср, Афғонистону Ироқ ва дигар кишварҳои мусалмонӣ хуни бародари мусалмон намерезад? Оё Паёмбар аз мо ва онҳое, ки даъвои меросбарии Паёмбарро дорем, розист? Албатта ин кор ношуданист, вале тасаввӯр кунед, ки агар Паёмбар (с) байни мо мебуд, оё аз мо, тоҷикону узбекҳо ва афғонҳову дигарҳо розӣ мебуд, ки ҳар кадоме лофи мусалмонӣ мезанем? Фикр накунам, ки аз мо розӣ бошанд.
Рисолати як олми исломӣ
Пас рисолати як олими исломӣ ин аст, ки дар ин шабу рӯз захми бадани бародари исломиро даво бахшад, қабл аз ҳама бо бародариву ухувват. Ҳамон тавре Паёмар (с) мефармояд: Муъмин бародари муъмин аст. Давои дигаре ҷуз ин нест, пас бояд ба бародарӣ даъват кунем. Бас аст рехтани хуни мусалмону таҳқири якдигар! Олими исломӣ аз номи уммат гап мезанад, на аз номи як тоифа, вале мутаассифона уламои мо пешвои як тоифаи хурд будан мехоҳанд, пешвои деҳа ё қавм. Расидан ба чунин пешвоӣ, ки аслан пешвоӣ ҳам нест, кори осон аст. Вале суҳбат кардан аз номи уммат ва аз номи Ислом кори саҳлу содда нест. Пешвоии як қавму тоифаро баъзеҳо кофӣ медонанду санг задани мазҳабу гурӯҳи дигарро дуст медоранд. Бале, гурӯҳе пайдо мешаваду пайравӣ аз ин гуна олим мекунад, бо ин васила пешво ҳам мешаванд. Вале ин пешвоии козибу дуруғин аст, олимӣ нест. Олими воқеъӣ касест, ки аз номи уммат дар асоси Қуръону суннат гап мезанад, агар ғалат кардани қавму тоифаи хешро мебинад ҳатман тазаккур медиҳад. Имрӯз қаҳрамонону пешвоёни ин уммат зиёд шуданд, он ҳам дар асоси таҳқиру тавҳини якдигарӣ. Корро ба ин ҳад мардуми авом нарасонидаанд, балки уламоянд гунаҳкори ин ҳолат. Вале тавре мебинем ҳеҷ варосате аз Паёмбар надоштаанд. Даъвати мо аз ҳамаи бародарон ин аст, ки бинишинему бо тааммулу тадаббур атрофи сирати Расулуллоҳ (с) таҳқиқот анҷом бидиҳем. Оё худро дар куҷо мебинему нигоҳамон чист, баъдан қадамҳои баъдиро дар асоси шинохти комили вазъият бардошта бошем.
Дар ахир бори дигар дуъо мекунам, ки Парвардигор мо уммати муҳаммадиро сазовори он бигардонад, ки Паёмбари акрам (с) дар ҳадисашон гуфтаанд. Фардои қиёмат ҳамаи паёмбарон бо умматонашон фахр мекунанду сарбаланданд. Ҳар як паёмбар мегӯяд: ин умматони мананд ва назди дигар паёмбарон фахр хоҳанд кард. Мо коре кунем, ки Паёмбар (с) назди дигар паёмбарон сарбаланд бошад. Дуъо кунем, ки фардои қиёмат дар паҳлӯи он Ҳазрат (с) нишаста бошем ва бо ифтихор ба мо ишора кунад, ки инҳоянд уммати ман ва бо онҳо фахр мекунам. Мутмаинам ва бовар дорам, касоне, ки байрақи роҳи Паёмбар (с) – ро дар даст доштанд, то охир мисли устод Нурӣ ва устод Ҳимматзодаву Қорӣ Муҳаммадҷони шаҳид ва садҳо бародарони дигаре, ки дар ин роҳ ҷон нисор карданду ин шароитро барои мо муҳайё сохтанд, равандагони роҳ боқӣ мемонанд. Дуъо кунем, ки Парвардигор аввал рӯҳи Паёмбар (с) ва баъдан ин бузургонро аз мо шод бигардонад ва фардои қиёмат бо ҳам маҳшур шавем.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.