Пирмуҳмуҳаммади Ганҷавӣ яке аз наберагони Шамси Табрезӣ буда, дар сарзамини Карабоғи Озорбойҷон ба воя расидааст. Пирмуҳаммад дар асри 16 ҳаёт ба сар бурдааст ва шогирди яке аз олимони барҷастаи замон худ Шайх Абдуғаффор буд.
Ин олим оиладор, соҳиби 3-писар буд. Фарзандони Шайх Абдуғаффор заррае ҳам ба падари бузургвори худ суҳбат намекарданд ва мутаассифона, аз бурду бохти зиндагӣ ва илм бебаҳра монда буданд. Пирмуҳаммад дар вақти шогирди Шайх Абдуғаффор буданаш барои омӯхтани илм дар як рӯз аз субҳи содиқ то нисифирӯзӣ пиёда ба хонаи Шайх Абдуғаффор роҳ мепаймуд.
Рӯзе завҷаи Шайх Абдуғаффор аз шавҳари меҳрубони худ суол мекунад: ба кадоме аз фарзандони худ кор ва вазифаи устодии худро ба меърос васият мекунӣ? Дар ҷавоби модари фарзандонаш Шайх Абдуғаффор мегӯяд: фарзандони мо соҳиби ин масъулияти баланд нестанд, магар шогирдам Пирмуҳаммад.
Баъди посухи шавҳар ҳамсар норозигии худро нисбати Пирмуҳаммад баён сохта, суханоне дар шаъни ин донишҷӯ изҳор мекунад, ки ин аз рӯи ҷоҳилию гумроҳист. Дар ин лаҳзаи бисёр ҳассос кор ба ҷое расида буд, ки тақдири ин занро ҳал мекард, Шайх Абдуғаффор бо нармӣ ҳамсари худро ба сӯйи хулқи инсонӣ даъват ва ба занаш муроҷиат мекунад, ки «мо соҳиби се писар ҳастем ва онҳо дар хонаи мо нашъу намо меёбанд. Пирмуҳаммади Ганҷавӣ шогирди болаёқат ва соҳиби хислати инсонӣ аз маконе ба хонаи мо меояд, ки нимрӯза роҳ аст. Дар ин лаҳза зан аз меросе ёдовар мешавад, ки дар тӯли зиндагияшон ба даст овардаанд ва баъдан, Шайх Абдуғаффор ба модари фарзандонаш пешниҳод мекунад, ки «биё, фарзандонмон ва шогирдам Пирмуҳаммадро имтиҳон мегирем».
Посе аз шаб фаро мерасад, Шайх ҳамсарашро аз хоб бедор карда мегӯяд: ман ин лаҳза номи ҳарсе фарзандонамонро гирифта, ба назди худ даъват мекунам, кадоме аз фарзандон аввал шуда, ҷавоб мегӯяд ё аз хобашон хеста, ба наздамон ҳозир шавад, вазифа ва масъулияти ман бар ӯ насиб мешавад. Агар аз хобашон бедор нашуданд, ман 3 бор номи шогирдам Пирмуҳаммадро мегирам ва агар дар 3 маротиба Пирмуҳаммад дар наздамон ҳозир шавад, вазифа ва пешвои мардумро ба ӯ месупорам, албатта, бо розигӣ ва хушнудии Холиқи якто. Ту розӣ ҳастӣ?
Бо маслиҳат ба санҷиши худ оғоз мекунанд. Шайх Абдуғаффор ҳамроҳи занаш фарзандонро то 10 дақиқа аз хоб бедор мекунанд, аммо мутаассифона талоши эшон натиҷае намедиҳад. Писарон гардани шайтонро нашикаста, аз хоби ғафлат бедор нашуданд. Шайх Абдуаффор ба занаш муроҷиат мекунад, ки «нагуфтам, писарони ту лоиқи ин масъулияти сангин нестанд. Ман шурӯъ мекунам ба даъвати шогирдам Пирмуҳаммад». Баъдан, устоди меҳрубон шогирдашро садо мекунад: Пирмуҳаммад! Пирмуҳаммад! Пирмуҳаммад! Чун маротибаи сеюм номи ӯ гирифта мешавад, Пирмуҳаммад вориди хонаи устоди азизу бузургвораш мегардад, ки ин барои тасдиқи суханони Шайх Абдуғаффор бо ҳақиқат мепайвандад. Шайх аз шогирди худ мепурсад: Пирмуҳаммад, чӣ гуна тавонистӣ дар ин се бор садо кардани ман нимрӯза роҳро тай кунӣ? Пирмуҳаммад бо як лаҳни зебо ва боодобона посух мегӯяд: устоди меҳрубон, дар садои аввал аз хобам хестам, чоруқҳоям (пояфзолҳоям)-ро ба пойҳоям кашидам. Дар садои дуюм бо амри Аллоҳи меҳрубон ин масофаро тай намудам ва дар шунидани садои сеюм ба назди Шумо ҳозир шудам, устод. Гумон кардам, ки ҳоҷоте доред ба ман ва хобро барои хизмати Шумо ҳаром кардаму роҳро пеш гирифтам.
Дар чунин ҳол, Шайх Абдуғаффор табассумкунон назар карда, ба завҷааш мегӯяд: ин хулқ танҳо аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён барои бандагони солеҳ ва сазовораш дода мешавад. Он хоҳишу найрангҳои мо дар ин ҷо ба кор намераванд. Ин корест, ки аз ҷониби Худо дар тақдирот сабт шудааст ва ба тақдир тан бояд дод тан. Барои ин ғамгин машав.
Таҳияи Алиакбари Ҳаётзода, донишҷӯи курси 4-уми факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДСТ ба номи М. Турсунзода