Categories ҶОМЕА

Ҳамоиши ҷумҳуриявии «Нур» дар ҲНИТ

«Фалсафа ва ҳикмати шаҳид», «Нақши уламо дар бедории миллат» ва «Мероси устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ» аз мавзӯоте ҳастанд, ки имрӯз, баъд аз зуҳр дар ҳамоиши ҷумҳуриявии «Нур» дар дафтари марказии ҳизб баррасӣ мешаванд.
Дар ҳамоиши ҷамҳуриявии «Нур », ки ба хотири мартаби шаҳид гузаронида мешавад, дар мавзӯи аввал Саидумар Ҳусайнӣ, муовинин аввали раиси ҲНИТ ва вакили парлумон, вобаста ба мавзӯӣ дувум Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруфи кишвар ва ахиран, Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшиноси тоҷик дар робита ба« Мероси устод Сайд Абдуллоҳи Нурӣ »суханронӣ хоҳанд кард.
Бояд гуфт, баъди даргузашти устод Нурӣ ҳар сол ҳамин вақт ба унвони «Бузургдошти устод Сайид Абдулоҳи Нурӣ» ҳамоише баргузор мегашт, вале пас аз фавти устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар моҳи марти соли 2010 ин ҳамоиш «Бузургдошти устодон» ном гирифт.
Инак, соли аввал аст, ки ҳамоиши ҷумҳуриявии мазкур зери унвони «Нур» гузаронида мешавад. Ҳадаф аз «Нур» ном ниҳодани он равшангари роҳи ин ҳаракати сиёсӣ будани нури устодон гуфта мешавад.

More From Author

You May Also Like