“Эй бандагони мӯъминам, ҳамоно замини Ман паҳновар аст, пас танҳо Маро бипарастед” . (Сураи Анкабут, ояти 56).
Дар ояти қаблӣ манзараи шадидтарин азоби ҳиссӣ ва маънавии ҷаҳаннам, ки мункирони ашаддӣ ва такзибкунандагони истеҳзогарро интизор аст, тасвир ёфта буд. Дар ин оят ба мӯъминони садри Ислом, ки ба иллати дар ҷомеъаи Қурайш ақаллиятро ташкил додан ва дар ихтиёр надоштани қудрати кофӣ ба дасти мункирони рисолати Паёмбари гиромӣ (с) азобу шиканҷа мешуданд ва бархе зери шиканҷа ба ҳалокат расида ва бархе аз шиддати азоб ҷонашон ба лаб омада буд, барномаи амалӣ дода шудааст. Мӯъминони дар тангно ва сахтӣ қарордошта дар он муҳити даҳшатбор на танҳо вазифаҳои динии хешро ба таври шоиста адо карда наметавонистанд, балки бар баъзе аз онон хатари баргаштан аз дин ва аз даст рафтани ақида таҳдид мекард. Дар айёме, ки онҳо аз гирифор омадан ба фитнаи мушрикони бедодгар дар ҳарос буданд ва шабу рӯз роҳи наҷот додани дину ақидаи хешро меҷустанд, ин оят ба Паёмбари гиромӣ нозил шуд. Худованд дар он ба мӯъминони ситамдида ба оҳанге саршор аз меҳру муҳаббат, ба оҳанге, ки дилҳои маҷрӯҳу дардмандро навозиш мекунад, хитоб намуда, ба онҳо дастури ҳиҷрат медиҳад: “Эй бандагони мӯъминам, ҳамоно замини Ман паҳновар аст … ”
Тарзи баёни ин қисмати оят ифодагари ин мафҳум аст: Шумо, ки бими аз даст додани ақидаатон пеш омадааст ва имкони ба таври шоиста барпо доштани шаъоири диниатонро надоред ва Парвардигори хешро ибодат карда наметавонед, ин макони танги ваҳшатборро тарк намоед ва ба минтақае биравед, ки аз барпо доштани динатон ҷилавгирӣ намешавад ва дину ақидаатонро хатари рабуда шудан таҳдид намекунад ва дар он ҷо озодона ибодат карда тавонед, “пас танҳо Маро бипарастед”. . Эй бандагони мӯъминам, зери таъсири фишори муҳит наравед, шумо бандагони Манед ва ин замин ҳам мулки Ман аст ва замини Ман ниҳоят фарох аст, шуморо мегунҷонад
Паёмбари гиромӣ (с) дар тавзеҳи мазмуни ин оят мефармояд: “Сарзаминҳо сарзаминҳои Худованд аст ва бандагон ҳам бандагони Худованданд, бинобар ин, дар ҳар ҷое, ки ба хайре ноил шавӣ, дар он ҷо иқоматро ихтиёр кун “. (Ривояти Имом Аҳмад).
Дар ин оят ба вазъи зиндагии онрӯзаи мусалмонон дар муҳити душманони мактаби тавҳид ва шароити адо намудани вазифаҳои динияшон ишораи равшан аст. Ҳамзамон дар идомаи оят Худованд бо судури дастуре барномаи дурнамои амалкарди Паёмбарро бо пайравонаш муайян намудааст, ки таҷассумгари барномаи амалии даъват мебошад.
Рӯйи даст гирифтани ин барнома гарчи барои пешравони қофилаи мусалмон дастур шуда бошад ҳам, дар асл барномаи куллиест барои тамоми мусалмононе, ки дар гӯшае аз курраи замин ба иллати камии теъдод ва дар ихтиёр надоштани қудрату тавоноӣ ба дасти душманони қудратманду ситамгар азобу шиканҷа мешаванд ва наметавонанд дини ҳақро ба таври шоиста тарғиб намуда, дастуроти шаръиро анҷом диҳанд. Зеро дар ватане, ки ақидаеро хилофи хости инсон бар ӯ таҳмил кунанд, каромате вуҷуд надорад. Барои шахси мусалмон беҳтарин ва маҳбубтарин сарзамин ҳамон гушае аз курраи хокӣ аст , ки дар он ҷо барои ибодати Худои ягона фишору тазйиқ вуҷуд надорад. Зеро мақсуд аз офариниши инсон бандагии Худост, вақте ин ҳадафи аслӣ зоеъ шавад, чорае ҷуз ҳиҷрат нест. Шахси боимон набояд тан ба зиллат диҳад. Аз ин рӯ Худованд дар ояти 97 сураи Нисо касонеро, ки дар иқоматгоҳашон бо қудратмадорони динситез якҷо зиндагӣ карда, зулму ситамро ба худ раво дошта, амалҳои динияшонро на танҳо ба таври шоиста анҷом намедиҳанд, балки воҷиби динияшонро тарк менамоянд ва ҳиҷрат намекунанд, шадидан ҳушдор додааст: “Касоне, ки фариштагон ҷони онҳоро , ки бар худ ситам раво доштаанд, меситонанд, ба онҳо мегӯянд: “(дар амри динатон) чӣ гуна будед” Мегӯянд:. “Мо дар замин мустазъафон будем” (дар миёни душманони дин аҳкоми онро ба ҷо оварда наметавонистем) (Фариштагон баҳонаи онҳоро напазируфта) мегӯянд: “Магар замини Худо паҳновар набуд, ки ҳиҷрат мекардед? ». Ононро ҷойгоҳашон дӯзах АСТ ВА БАД саранҷоме АСТ
Ва Дар ояҳои 98-99 ҳамин сура мардону занон ва кӯдаконе, ки чораи ҳиҷрат кардан надоранд ва фурсати ҳиҷрат барояшон даст надодааст, истисно шудаанд, зеро онҳо нотавонони воқеъиянд: “Магар он тоифа аз мардону занон ва кӯдакони мустазъафе, ки чорае надоштанд ва роҳ ба ҷое намебурданд. Пас умед аст, ки Худо онҳоро мавриди афв қарор диҳад … “.
Ояти мавриди баҳс ба мо таълим медиҳад, ки дар ҳолатҳои дар даст надоштани қудрати муҳофизат аз дину имони хеш мусалмонон аз аҷз набояд таслим шаванд ва аз динашон даст бикашанд, ё бикӯшанд ба хотири хушнуд кардани мухолифони сарсахт ҳудуди Худоро таҷовуз намоянд. Агар онҳо Худоро тавре, ки душманони дин мехоҳанд, ибодат кунанд, ибодаташон ҷавобгӯйи шаръи шариф намешавад, ё ба ҷуз Худованд дар маъсияти Ӯ таъоло аз каси дигар итоат намоянд, имонашон табоҳ хоҳад шуд. Дар ин гуна ҳолатҳо беҳтарин роҳи ҳифзи дин ва имон муҳоҷират аст.
Зубайдуллоҳи Розиқ