(Идома аз шумораи гузашта)
Ба ҳамин тариқ, ки хавф аз азоби Илоҳӣ мусталзими риҷо ва умеддворӣ аст, умедворӣ ба неъматҳои Худованд (ҷ) низ тарси фавт шудани неъматҳо ва расидан ба азоби Ӯ таъолоро дар дил эҷод месозад, зеро дарки неъматҳо фавти онро душвортар месозад ва расидану гирифтор шудан ба азоби илоҳиро бисёр сахт мегардонад.
Вақте ҳазрати Салмон (р) дар боби сифоти Биҳишт сухани Расулуллоҳ (с)-ро, ки барои Фотима (р) мегуфтанд шунид, ҳолати раъбу ваҳшат ва тарс бар вай ғолиб шуд ва ба тарафи Бақеъи Ғарқад, ки мавзеест рафт, даст бар сараш ниҳод ва бо садои баланд фарёд мезад:. «Чӣ қадар сафарам дур аст ва чӣ қадар тӯшаам кам аст, вой бар ҳоли ман, агар бозгашти ман ба тарафи оташи дӯзах бошад»
Ин ду амр аст, ки сабаби бахшоиши костаҳо ва расидан ба орзуҳо мегардад, чунончи Паёмбар (с) назди касе рафтанд , ки дар ҳолати назъ буд, фармуданд: Чӣ гуна ҳастӣ? Гуфт:. Аз гуноҳонам метарсам ВА раҳмати Парвардигорамро умедворам Эшон фармуданд:. Дар чунин ҳолате ин ду амр дар дили ҳеҷ бандае ҷамъ намегардад, магар ин ки Худованди бузург ӯро ба ончи умедвор аст мерасонад ва аз он чи метарсад, Эмин месозад
ОН чи Дар Боби хавфу риҷо Аз осору нусус омадааст мерасонад, ки ин ду хислат аз лавозими имони мӯъмин ва аз сармояҳои бузурги солик аст, ки беҳтарин тӯшаи роҳ баршумурда мешавад. Аммо бартарии хавфу риҷо аз якдигар ба эътибори зарурати худи шахс аст, бад-ин маъно, ки зарурати шахсӣ мавриди назар ба ҳар кадом бештар бошад барояш ҳамон чиз бартариву беҳтарӣ дорад .
Хавфу риҷо ҳар ду давои дардҳои қулубанд, бинобарин бартарии ҳар як бар дигаре ба мавҷудияти дарде ташхис дода мешавад, ки дар вуҷуди фард мавҷуд аст. Агар дар вуҷуду қалби ӯ амн аз азобу мағрурият бештар ҷой дошта бошад, хавф ӯро заруртару муносибтар ва беҳтар аст ва аммо билъакс, агар дар дили ӯ марази (беморӣ) яъсу ноумедӣ аз раҳмати Илоҳӣ ғалаба дошта бошад, давои риҷо ва умедворӣ ӯро муносибтару беҳтар хоҳад буд.
Имом Ғаззолӣ бар ин назар будааст, ки умуми мардумро хавф нисбат ба риҷо беҳтару заруртар аст, зеро бештар ба гуноҳ оғуштаанд, аммо касонеро, ки тақво дошта бошанд ва аз гуноҳони пӯшидаву ошкор бипарҳезанд, бояд хавфу риҷояшон муътадил ва мусовӣ бошад.
Таъодул дар ин ду амр дар ривояте аз ҳазрати Алӣ (р) низ мавриди таъйид қарор мегирад. Вай ба бархе аз фарзандонаш мегӯяд:. «Аз Худованд (ҷ) чунон битарсед, ки фикр кунӣ, ки агар ҳасаноти ҳамаи аҳли заминро биёварӣ аз ту намепазирад ва чунон умедвори Ӯ таъоло бош, ки агар бо гуноҳони ҳамаи аҳли замин биёӣ туро меомурзад»
Аммо ин ки наҳваи хавфу риҷо дар синини умр чи гуна бошад, уламо бар ин назаранд, ки беҳтар аст дар ҳангоми қабл аз аломоти марг хавф бар инсон ғалаба дошта бошад то бар анҷоми аъмоли ҳасана мубодират варзад, вале дар ҳангоми фаро расидани марг беҳтар аст риҷо ва умедворӣ бештар бошад то муҳаббати Илоҳиро дар дил тақвият намояд ва гумонашро ба Парвардигор некӯтар созад, ки ин амр мояи муҳаббат байни банда ва Худованд аст.
Бо он чи то ин ҷо гуфта омадем натиҷа ба даст меояд, ки бандаи мӯъмин ва солики роҳи тариқро воҷибу лозим аст то ҳангоми идомаи ҳаёт хавфу риҷоро дар дил дошта бошад ва ин манзилату ҷойгоҳи мӯъмин аст, чунончи Қуръони карим мефармояд:. «… Парвардигорашонро аз рӯи хавфу тарс ва аз рӯи умеду тамаъ мехонанд …» (сураи «Саҷда», ояи 16)
Хавфи ростину некӯ он аст, ки соҳиби худро аз маҳорими Худованд бозмедорад ва аз ин андоза тарс набояд фаротар равад, зеро ба яъсу қунут мубаддал мегардад. Ҳамчунон риҷои ростину некӯ он аст, ки бандаро бар амалкард ба тоъот водор созад, чунончи бо нури Илоҳӣ ба амал мепардозад ва умедвори подоши Ӯст, ё ӯро бар тавба аз маъосӣ ва тақсирот водор мегардонад ва баъд аз он умедвори мағфират ва омурзиш мегардад. Аммо онгоҳ ки шахс дар анҷоми гуноҳон ифрот кунад ва бидуни тавба ва амали солеҳ мағфирату омурзиши Ҳақро умед дошта бошад, ин риҷову умеди воқеӣ нест, балки таманнову риҷои козиб аст.
Бинобарин хавфу риҷо василаи наҷоти инсон аз доми ибтилои (озмудан . ва дар бало афтодан) дунёст ва бо ин ду боли қавӣ метавон роҳи тӯлонии дунё ба сӯи охиратро паймуд ва низ хавфу риҷо ҳамроҳ бо муҳаббат аз лавозими ибодот ва тоъоти Илоҳист, чунон ки ибодат бидуни ҳар кадом Аз нуқс холӣ нахоҳад БУД Бархе донишмандон гуфтаанд: ҳар кӣ Худовандро танҳо бо умедворӣ бипарастад марҷеъӣ (ҷои бозгаштан) аст, ҳар кӣ Ӯро фақат бо хавф ибодат кунад ҳурурӣ аст ва он кӣ Ӯро танҳо бо ҳуббу дӯстӣ бидуни хавфу риҷо ибодат намояд зиндиқ аст, аммо он кас, ки Ӯро бо дӯстиву муҳаббат ва бо хавф аз азоб ва умедворӣ ба раҳмату омурзиш парастиш кунад мӯъмини яктопараст аст.
Бар ин мабно зарур менамояд то дар мабҳаси дигар ба баррасии муҳаббат пардохта шавад, зеро муҳаббат аз лавозими ин роҳ аст ва дар ирфону тасаввуфи исломӣ ва осори он ба унвони шарти асосии сулук матраҳ гардидааст.
МУҲАББАТ – АРМУҒОНОВАРИ ЛАЗЗАТ ДАР ИБОДАТ
. Аз мақулот ВА истилоҳоте, ки дар ирфон ва тасаввуфи исломӣ аз он сухан рафтааст, вожа ВА истилоҳи муҳаббат АСТ Дар Ин мабҳас Ба баёни муҳаббат ВА Ин ки дорои чи ҷойгоҳе Дар «Кашф-ул-асрор» ва дар ирфони исломӣ аст, пардохта мешавад.
Муҳаббат дар тасаввуф ва ирфони исломӣ аз манозили тариқ дониста шуда ва аз умурест, ки ҳама аҳли сулук ва ирфон барои ба даст овардани он миёни ҳиммат барбастаанд. Шайхулислом Пири Ҳирот дар «Манозил-ус-соирин» онро аз манозили роҳи тариқат баршумурдааст, ки солик онро тай менамояд.
Муҳаббат, ки дар забони тоҷикӣ муодили он дӯстӣ ва дӯст доштан аст, моддаи он дар луғати арабӣ «ҳубб» аст. Ин калима маъонӣ ва мафоҳими сафо ва равшанӣ, баландӣ ва ғалаба, лузуму пойдорӣ , мағзу маркази як чиз ва нигаҳбониву имсокро ифода менамояд ва шакке нест, ки ин умуру мафоҳим аз лавозими муҳаббат аст, зеро аз нигоҳе вожаи муҳаббат сафо ва покии дӯстиро мерасонад ва иродаи қалбро ба ҷониби маҳбуб собит месозад, ҳамчунонки дорандаи он ҳамроҳии маҳбубро ба гунаи ҳамешагӣ ба худ лозим мегирад ва ҳамаи ҳастии худро ҳозир аст ба маҳбуб бибахшад ва низ азму иродаашро барои ба даст овардани маҳбуб ҷамъ мегардонад. Бар ин асос ҳама маъонӣ ва мафоҳими ёдшударо дар хеш парваронида ва ҷамъ кардааст.
Уммати исломӣ бар ин иттифоқи назар ва иҷтимоъ доранд, ки муҳаббати Худованд ва Расули Ӯ бар ҳамаи мусулмонон фарз аст. Худованд бандагонашро дӯст медорад ва бандагон низ Парвардигори худро дӯст медоранд, чунончи дар бораи мӯъминон ва бандагонаш мефармояд: «… Ӯ таъоло ононро дӯст медорад ва ишон Ӯро дӯст медоранд …» («Моида», 54)
Ва ҳамчунон фармудааст:. «… Ва касоне, ки имон оварданд, бештар дӯстдори Худо ҳастанд …» («Бақара», ояи 165)
Бар мабнои мадлули ин оёт, дӯстӣ ва муҳаббати Худованд аломат ва нишонаи имони мӯъминон аст, чунончи ин амр мадлули аҳодиси набавӣ низ ҳаст.
Ҳамон гуна, ки тазаккур рафт, дар Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ дар боби муҳаббат ва дӯстӣ зиёд сухан гуфта шуда, чунон ки арзишмандии онро афзудааст ва онро бисёр муҳим ҷилва додааст. Меъёри арзишмандии воқеъии муҳаббат ба эътибори маҳбуб ё чизе ки мавриди дӯстиву муҳаббат қарор мегирад баррасиву арзёбӣ мешавад, зеро ҳарчанд маҳбуб олитару арзишмандтар бошад, муҳаббат варзидан бо он беҳтару волотар аст ва аммо онгоҳ ки маҳбуб дорои арзиш набошад ва ё он гоҳ муҳаббат бо ӯ бахотири ҳақ ва мавриди таъйиди шариъат набуда бошад, чунин муҳаббате аз арзишмандӣ бархурдор нест.
Дар «Кашф-ул-асрор» ва соири осори ирфонӣ аз муҳаббат бо таваҷҷуҳ ба чунин меъёрҳое суханон ва назариёте ироа шудааст, ки метавон бо мулоҳизаи он андешаҳо ба гунаи куллӣ анвои муҳаббатро аз назари мавзӯъ дар ду бахш арзёбӣ кард.
Аввал муҳаббатҳое, ки мамдуҳ ва машрӯъ аст, балки аз лавозими ибодат шумурда шуда ва аз нигоҳи шариъати Илоҳӣ матлуб аст. Аз он ҷумла муҳаббати Парвардигор аз манозили роҳ дониста шудааст, чунонки қаблан бад-он ишора доштем .
Дигар муҳаббати ашё ва умури дунявӣ аз қабили муҳаббати ҷоҳу мақом ва молу авлод аст, ки баъзе мубоҳ аст, бо ҳудуд ва меъёрҳое ки шариъат барои ҳар кадом таъин кардааст. Аммо баъзе мамнӯъ ва мардуд аст ва бо тақвои динӣ созгор пиндошта нашудааст.
Баландтарин мартабаи муҳаббат, муҳаббат ва дӯстӣ бо Худованд (ҷ) аст ва ин муҳаббатест, ки ҳама аҳли диёнат ва ирфон ба он чашм дӯхтаанд ва аломоти имони ҳар бандаи мӯъмин аст. Инсони мӯъмин бояд Худованди мутаъолро аз ҳама чиз ва ҳама кас бештар дӯст дошта бошад ва аз ҳама муқаддам бишуморад ва чунин муҳаббате аст, ки ҳаловату маззаи имонро насиби фарди мӯъмин мегардонад. Дар ҳадисе ба ривояти Имом Муслим (р) аз Паёмбари гиромии Ислом ривоят шуда, ки фармуданд: «Се хислатанд, ки ҳар кӣ ин хасоил дар ӯ мавҷуд бошад ширинии имонро дарёфтааст: касе ки Худованд ва Паёмбараш аз ҳар чизе ғайр аз ишон барояш маҳбубтар бошад ва дигар ин ки шахсеро дӯст дошта бошад ва ӯро ба хотири Худо дӯст дошта бошад ва дигар ин ки аз бозгаштан ба куфр бад бибарад, баъд аз ин ки Худованд ӯро аз он наҷот дода, ҳамчунон ки аз афтодан ба оташ мутанаффир аст ».
Ақли башарӣ, ки аз мавҳуботи (бахшишҳо) Парвардигор аст, низ ҳукм мекунад, ки Худованд (ҷ) чун Парвардигори олам аст ва офаринандаву валинеъмати башар мебошад, сазовори дӯстиву муҳаббати банда аст ва бандаи мӯъмин бояд ба Ӯ таъоло муҳаббат варзад.
Дар «Кашф-ул-асрор» бар маъқулияти ин амр ба гунаи мустадил (талаби далелкунанда) ишора сурат гирифтааст. Бад-ин тариқ ки: «Мустаҳаққи дӯстӣ ба ҳақиқат Худосту бас, зеро ки ҷамоли баркамол ва ҷалоли безавол Ӯрост. Илми беолат ва қудрати беҳиллат (ҷамъи ҳила) мар Ӯрост ».
Сипас дар он ҷо ба сухани Сиддиқи акбар ва халифаи барҳақ Расули Худо истишҳод (гувоҳӣ хостан) сурат гирифта, ки мегӯяд: «Ҳар кӣ сафои муҳаббати Ҳақ дар дили ӯ манзил кард, кудурати талаби дунё ва қабули халқ аз дили вай рахт бардошт. Агар касе аз махлуқотро дӯст дорад аз он аст, ки вай ба Ҳақ таъоло тааллуқ дорад ё аз рӯи дӯстӣ бо Ҳақ муносибате дорад ».
Арзиши муҳаббати Худованд (ҷ ) аз неъмати дидори Ӯ таъоло санҷида мешавад, ки ҷумлаи баландтарин неъматҳои Бори таъолост ва дар охират дар биҳишт насиби мӯъминон мегардад, зеро орзуи дидори Ӯ таъоло дар охират муҷиби муҳаббати ӯ дар дунё мегардад ва муҳаббати ӯ дар дунё васила ва боиси итоат аз фармонҳои Ӯст, ки дидори Ӯ дар қиёмат аз натоиҷи ин итоат ва фармонбардорист.
Бинобар ин муҳаббат бо Худованди мутаъол ва дидори Ӯ дар охират лозиму малзуми якдигаранд. Пири тариқат шайхулислом Абдуллоҳи Ансорӣ дар мақоле байни ин ду мунозира ва гуфтугӯ барқарор карда ба гунае ки ҳар дуро аз лавозими имон донистааст, ҳарчанд ки дидор аз мақосид ва меҳру муҳаббат аз васоилу асбоб аст, ки бо лаззатбахшӣ ба либоси мақосид даромадааст. Вай мегӯяд: «Меҳру дидор ҳар ду ба ҳам расиданд. Меҳр дидорро гуфт:. ту чун нурӣ, ки олам афрӯзӣ Дидор меҳрро гуфт : ту чун оташӣ, ки олам сӯзӣ. Дидор гуфт: ман чун ҷилва кардам, ғамон аз дил барканам. Меҳр гуфт: ман боре ғорат кунам диле ки бар ӯ рахт афканам. Дидор гуфт: ман туҳфаи мумтаҳонам (озмудашуда). Меҳр гуфт: ман шӯрандаи ҷаҳонам … »
(Давом дорад)
Таҳияи С.Шарифов