“Барои афроде, ки дӯст медоранд, то миёни мардуми имондор фоҳиша ва фисқу фуҷурро паҳн кунанд, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират азоби дарднок аст”, (сураи «Нур», 19).
Худованд дар ин ояти карима бандагонашро ҳушдор медиҳад, ки бо паҳну таблиғ намудани аъмоли фаҳш азоби илоҳиро интизор шаванд. Ва ҳар он чӣ, ки аз калом ва рафтори фаҳшу зишт бошад, онро фоҳиша гуфтаанд. Лекин дар бештари ҷойҳо ба он зиноро ирода мекунанд.
Тавре дар тафсири Ибни Ал-арабӣ омадааст, “дӯст медоранд, ки фоҳиша паҳн гардад (шоеъа шавад)” ва барои ин корҳое анҷом медиҳанд. Зеро муҳаббат доштан кори қалб аст ва касе чизеро дӯст дошт, онро ошкор мекунад. Агар онро паҳн кард, ҳамоно баён намудем, ки барои ӯ дар дунё чӣ азоб мебошад.
Мустафо Адавӣ дар тафсири ин оят гуфтааст, иддае аз мардум дар миёни касоне, ки имон овардаанд, дӯст медоранд, то зиштиҳо паҳн гардад. Пас, ба муҷарради дӯст доштани шармандагӣ барои бародаронат бояд донӣ , ки ба азоби илоҳӣ гирифтор мешавӣ. Аз ин ҷиҳат вақте қадами бародари мусалмонат лағжид хурсандӣ набояд кард ва он шармандагиро на ба хешу ақрабо ва на ба ҳамсарат паҳн манамо. Ба пешпо хӯрдани бародари мусалмонат, ки афтидааст, шод набояд шуд …
Касе, ки барои бародаронаш шармандагиро дӯст медорад, барои ӯ дар дунё ва дар охират азоби дарднок аст. Ба худат назар кун, эй бандаи Худо, ту нафсу ҳоли худатро медонӣ. Пас, бубин, ки ба нафъи инсонҳо мебошӣ? Оё агар лағзише барои мусалмоне аз мусалмонҳо рӯх дод, ба он ту хурсанд мешавӣ ва рафта онро паҳн мекунӣ? Ё ин ки барои соҳиби он хато аз Худованд талаби мағфират мекунӣ? Агар ту барои ӯ аз Худованд талаби мағфират кунӣ ва айби ӯро пӯшонидӣ, бидон, ки ҳоли ту ва нафсат хуб аст . Вале агар он амали пастро паҳн кардӣ ва ба он шодмонӣ намудӣ, бидон, ки имони ту заъиф аст ва дар қалби ту беморӣ асту мусибати аз ҳама бузург дар ин бобат ин аст, ки барои худ мусибат ва азоби Худованди субҳонаҳу ва таъолоро бо ин рафторат ҷалб менамоӣ.
Дар робита ба ин масъала Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси шуъбаи кор бо уламои ҲНИТ мегӯяд, бо паҳн намудани фаҳшу зино мардуми мо на Исломро, балки худи миллти тоҷикро мавриди шармандагӣ қарор медиҳанд. Ӯ мегӯяд, ҷойи нигаронӣ аст, ки иддае аз мардуми ба истилоҳ “бофарҳанг” ин кори шумро ба дигарон таблиғ мекунанд. Ва шояд барои ин корашон табъи худро болида созанд, вале бояд донанд, ки бо ин кори худ маврди итоби Худованд қарор мегиранд …
Пас, ба қалбат назар намо ва онро муъолиҷа кун. Зеро ту баъди Худованди субҳонаҳу ва таъоло табиби қалбат мебошӣ. Пас, вақте ахлоқи пасти ғайриинсониро дар қалбат пайдо кардӣ, аз Худованд талаби мағфират намо. Вақте чунин дарёфтӣ, ки ба мусибат ва шармандагии мусалмонҳо, чи марду чи зан, дар қалби ту фараҳ роҳ ёфтааст . Пас, талаби мағфират намо, ки худ дар мусибати бузурге гирифтор гардидаӣ. Ҳамоно қалби ту бемор аст. Аз Худованд барои он талаби мағфират намо, то аз ин мусибат раҳо ёбӣ, вагарна азоби ту аз ҷониби Худованд аз ҳамин дунё шуруъ мешавад. Худованд ҳамаи корҳои туро мебинад ва медонад, агар ту бадбахтиро пеша магирӣ, ба ҳар рафтори зишт хашмгин мешавад. Бинобар ин дар пайи он бояд бошем, ки чӣ гуна хашми Худовандро аз худ дур намоем ва раҳматашро ҷалб кунем. Ва бояд донӣ, ки дар паҳн кардани фаҳш миёни мусалмонҳо ҳаргиз раҳмати Худоро нахоҳӣ ёфт. Зеро Худованд ба ин амали шум розӣ намешавад. Он гуноҳе, ки нафаре анҷом додааст, ба Худованд ҳаволааш бояд кард ва барояш ҳидояти дуъо намуд, на бо фаҳмидани он гуноҳ нағора навохт. Шояд он дуъо сабаб мешавад, ки Худованд қалбашро нарм намуда, ӯ тавба мекунад ва ба Худо бозмегардад.
Дар умум, хубтар он аст, ки каломи бад ё рафтори бад пинҳонӣ боқӣ бимонад ва дар миёни мардум паҳн карда нашавад. Худованд ин низомро муқаррар намудааст, ки ҳар кӣ итоъат аз Худованд кард, бандаи сазовор аст ва ҳар кӣ аз итоати Ӯ сарпечӣ кард, интизори азоби илоҳӣ гардад.
Аз ин ҷиҳат, он матолибе, ки дар рӯзнома, маҷаллаҳо, расонаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳодисаҳое зишт нашр мегарданд, барои афроди ноогоҳ таъсири манфӣ мерасонанд. Фасоди афродеро иддае дар миёни касоне, ки имон овардаанд, ҷиноятҳои афродеро паҳн мекунанд, дар ҳоле ки ин инсон шояд аз ин гуноҳаш тавба кунад ва ба сӯи Худованд баргардад.
Дар хулоса метавон аз иддае аз расонаҳои хабарӣ нигаронӣ намуд, ки ба хотири ҷалби хонанда наворҳои таблиғгари фасодро нашр мекунанд. Дар натиҷа, чандин нафарон он наворҳоро тамошо мекунанд, ки ҳар гуна таассуроти манфӣ мерасонад. Вазифаи мо ҳимоят аз фаҳш набояд иборат бошад, балки ҳимоят аз нишондодҳои Худованд бошад. Зеро дастуроти Худованд амалӣ шавад, то раҳматаш ба замин ва Ватани мо сарозер шавад, дар акси ҳол, азоби илоҳӣ хоҳад расид, ки тарси мо аз ин аст.
Абдурраҳмон С.