Categories Ахбори рӯз

Қиёси Украина ва Тоҷикистон аз ҷониби Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 8 май дар Маскав, дар ҳамоиши ғайрирасмии Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ гуфтааст, ҳаводиси Украина ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таъсири баде хоҳад гузошт.
“Мо аз рухдоди ҳаводиси ахир дар ин кишвари пасошӯравӣ амиқан нигарон ҳастем. Ин раванд барои Тоҷикистон ошност, ки дар оғози ба даст овардани истиқлолият ба даргирии мусаллаҳона оварда, кишварро бо мушкилоти сахти иқтисодию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ карда буд”, гуфтааст ӯ.
Ин ҳам дар ҳолест, бо гузашт чанд моҳ аз оғози воқеоти Украина аввалин маротиба раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ин масъала ибрози назар менамояд. Қабл ҳам Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо ҳамтои русаш тахминан чунин як мавқеъ гирифта буд.

More From Author

You May Also Like