Порамаълумоте аз фаъолияту зиндагиномаи яке аз чеҳраҳои олами Ислом ва донандаи илми ҳолу қол,
Домулло Файзуллоҳ Алишоев (равонаш шод бод) дар деҳаи Сангвори водии Вахё дар охирҳои асри XIX таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти ибтидоии исломиро ҳанӯз дар айёми хурдсолӣ дар зодгоҳаш аз бар карда, баъдан рӯ меорад ба сайқал додани он ва дар айёми ҷавонӣ мақсад мегузорад, ки барои сайқал додани дониши хеш вориди Бухорои Шариф гардад. Дар заминаи ҳамин амри хайр Худованд ба ӯ иноят фармуд, то ба мадрасаҳои бонуфузи Бухоро роҳ пайдо карда, ба омӯхтани илмҳои калидӣ бипардозад. Дар муддати таҳсилот дар ин макони ганҷ ва тамаддунофар бо бисёре аз олимону фозилон ва мударрисон аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, аз онҳо сабақ мегирад, аз ҷумла, бо мутафаккир ва олиму донишманди тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ҳамчун ҳамсабақ шиносу дӯст мегардад.
Гуфтан бамаврид аст, ки баъд аз фориғуттасил ва ба кору фаъолият машғул шудани ӯ, устод Айнӣ барои ҳурмату қадрдониаш аз Сталинобод (Душанбеи кунунӣ) ба Кӯлоб ташриф меовард ва аз ҳоли ҳазрати Домулло бохабар мешуд. Зимни дидорбинӣ ин ду чеҳраи илму маърифати миллат соатҳои тӯлонӣ бо ҳам суҳбат меоростанд. Дар солҳои минбаъда бисёре аз мударрисону устодони мадрасаҳои Бухоро донишмандию маърифати баланди ин марди Худоро чунин мегуфтаанд, ки домулло Файзуллоҳ илми Бухорои Шарифро ба Кӯлоб бурд.
Оре, домулло Файзуллоҳ тӯли 25-30 сол дар он шаҳри пуровоза, макони илму дин, Бухорои Шариф аз донишмандону олимони замон илмро сидқан аз худ мекунад ва баъди фориғуттаҳсил шудан аз мадрасаҳои он, ба Кӯлоб баргашта, муддатҳои зиёд дар масҷиди «Ҳоҷӣ Сафар»-и маҳаллаи «Чармгарони поён», ки таърихи 200-сола дорад, ба сифати сархатиб адои вазифа мекунад ва аксари мардуми мусалмони Кӯлоб аз хизмати ин олими замон шарафёб гаштаанд. Ҳамин буда, ки бо мурури вақт аксарияти онҳо эътиқодмандону ихлосдорони бобои Домулло шуда, барои рафъи мушкилоти худ баҳра бардоштаанд.
Манзили зисти ҳазрати Домулло бозори гардонро мемондааст. Доимо аз деги калони пур аз таъом мардуми корафтодаро бо нону намак иззат намуда, бо рафъ сохтани мушкилоташон онҳоро гусел мекардааст. Хидмати ӯ на аз барои риё ва тамаъи чизе, балки холисона дар роҳи Худо будааст. Баъзе аз маблағҳоеро, ки сарфи назар аз хоҳишаш ҷамъ мешудаанд, қисман ба ҳамсояҳое, ки дар хонадони онҳо чанд кӯдак ва ятимбачаҳое зиндагӣ мекардаанд, тақсим карда, тибқи имкон онҳоро ба ғамхории хеш фаро мегирифтааст.
Қобили зикри хос аст, ки бо вуҷуди илму маърифати баланд доштанаш, ҳазрати Домулло хоксор ва зоҳиду тақводор, ҳамчун сӯфии воқеъӣ шинохта шудааст. Ровиёни рӯзгори домулло Файзуллоҳ мегӯянд, ки ӯ як давра дар ҳамсоягии домулло Қурбон ном устои оҳангаре сукунат дошта, ки ин ба солҳои 60-уми асри гузашта рост меояд. Усто Қурбон дар он давру замон худро ҳамчун устои тавонову ғанӣ ва қавмдор ҳисобида, нисбат ба ҳазрати Домулло бо баҳонаҳое кинаву адоват варзида, рашку бахилӣ мекардааст. Кор ба дараҷае расида, ки ҳатто фаъолиятҳои исломӣ ва хидматҳои холисонаи ӯро ғаразнок сифат карда, ба идораҳои дахлдори шӯравӣ «мактуб» мефиристодааст, ки ин ҳама корҳои паст ва ноҷавонмардона, он ҳам ҳамчун ҳамсоя боиси ранҷишу малоли хотири ҳазрати Думулло гардидаанд.
Вале бо вуҷуди ин ҳама пастзаданҳо, домулло Файзуллоҳ нисбат ба ин устои бадандешу ғараздор фақат ҳамин қадар гуфтааст: Усто Қурбон, ҷонамро ба лаб овардӣ, Худованд дар айёми пирӣ ҳамин тарз хору залилат гардонад.
Солҳо сипарӣ мегаштанд ва пас аз 30 соли реҳлати ҳазрати Домулло он дуъое, ки нисбат ба усто Қурбон гуфта буд, иҷобат ёфт ва ӯ рӯзҳои сахтеро аз сар гузаронид.
Хонандаи гиромӣ! Қазоват намо ба ин покнафасию мустаҷоб шудани дуъо, ки худ гувоҳи ҳол аз ботини поки домулло Файзуллоҳ мекунад. Каромоти дигаре ҳам аз бобои Домуллоро метавон зикр кард, ки шахсе бо номи Зардакшоҳ Қаландаров ҳамчун ҳамсояву мурид муносибаташ нисбати ӯ дар заминаи ҳурмату қадрдонӣ, меҳру вафо ва дӯстдорию садоқат роҳандозӣ шуда будааст. Барои Зардакшоҳ одат шуда, ки ҳар саҳар аз ҳазрати Домулло дуъо гирифта, ба кор мерафтааст. Шабе дар хоб мебинад, ки бобои Домулло саллаеро дар сари ӯ мегузорад. Саҳар тибқи одат назди бобои Домулло барои дуъо меравад, вале ин марди шариф аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ҳамроҳаш хӯроки субҳона тановул намояд. Зимни суҳбат сари дастархон бобои Файзуллоҳ ба писараш, Зубайдуллоҳ дастур медиҳад, ки рафта ҳамон сарпӯши пашминро (туҳфаи арзишмандеро, ки шогирди соҳибмартабааш зимни дидор тақдим карда будааст) оварда, ба сари Зардакшоҳ бипӯшонад ва ин иқдоми хешро ҳамчун табаррук барои пешравиҳои муридаш мегӯяд.
Зардакшоҳ аз ин амали бобои Домулло шигифтомез мегӯяд: Ман ба хонаи Шумо барои гирифтани туҳфа намеоям, ҳамин дидорбинӣ беҳтарин ҳадяест барои ман ва хоҳиш мекунам ин корро накунед.
Дар ҷавоб домулло Файзуллоҳ мегӯяд: Шаб вақте дар сарат салла гузоштам, рад накардӣ, ҳоло ин кулоҳи чармини хубро туҳфа мекунаму онро қабул надорӣ?
Дар ин лаҳза Зардакшоҳ қариб аз ҳуш меравад, чунки то ҳол бо касе дар бораи хобаш чизе нагуфта буд. Баъди чанде ӯ иқрор карда, ки дар ҳақиқат ҳазрати Домулло донандаи илми ҳол асту назаркардаи Худованди мутаъол, инчунин донандаи улуми «Кашф-ул-қубур» низ.
Гап дар он аст, ки пеш аз машғул шудан ба омӯзиши ин китоб, бояд аз тасаввуф дар назди устод сабақ гирифту баъдан ба ин илм даст зад. Баъди аз бар кардани ин илм манзараи дохили қабр бо ризои Худованд дар назари инсон маълум мегардад, ки бандаи дар хок рафта, дар кадом ҳол гирифтор аст ва ба саволҳои Мункару Накир чӣ тавр ҷавоб медиҳад. Аз ин илму маърифати худодод бобои Домулло бархурдор будааст.
Хуллас, домулло Файзуллоҳ шахсияти пешрафта ва чеҳраи шинохта шуда ва ба нафси аммораи худ лаҷом зада будааст. Барои худ қалъаву кушк насохт ва дунболи султаву моли дунё низ нагашт. Танҳо бо тоъату ибодат, хайру саховат ва амалҳои нек роҳи охираташро обод кард. Танҳо масъулияти мо ин аст, ки дар ҳаққи ӯ дуъои хайр фиристем, то Худованди мутаъол мақомашро Ҷаннат-ул-фирдавс гардонида бошад.
Аз ин порамаълумот мақсади мо ҳамин аст, ки бобои Домулло такрор ба такрор дуъо мекардаанд, ки илоҳо дини Ислом ва масҷиди ҷомеъи «Ҳоҷӣ Сафар»-и маҳаллаи «Чармгарони Поён»-ро барои дурнамо пойдору обод боқӣ бимонад.
Ҳамин аст, ки ин масҷид дар ҳақиқат ягон солу моҳе ва ҳафтае, ҳадди ақал рӯзе ҳам аз фаъолият бознамондааст, ҳатто дар даврони сангини шӯравӣ ҳам. Шукронаи Худованд аз неъмати истиқлолияташ мекунем, ки ҷомеъа рӯ ба тараққиёту шукуфоӣ овардааст ва идомадиҳандагони таълимоту фармудаҳои домулло Файзуллоҳ, ба монанди ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода, домулло Абусалом, Ҳоҷӣ Саидмурод Исмоилзода, Ҳоҷӣ Саид, Ҳоҷӣ Абдуллоҳ, Ҳоҷӣ Барот, Ҳоҷӣ Хонҷону Ҳоҷӣ Иброҳим, Акрамалӣ Майдекзода ва теъдоди хеле ҳам зиёди афроди фаъолу дигаре аз сокинони кишвари азиз, аз ҷумла бурунмарзиҳо ҳам камари ҳиммат бастаанд, то масҷиди мазкур ба куллӣ бо лоиҳаи басо ҳам хуштарҳи замонавӣ азнавсозӣ шавад.
Боз ҳам шукри Худованди Раҳмон мекунем, ки ин чизҳо амалӣ гашта истодаанд.
Файзиддин Зарифӣ,
сокини кӯчаи «Чармгарони Поён»-и шаҳри Кӯлоб