Дар музокироти рӯзи гузашта миёни мақомот ва намояндагони сокинони Хоруғ, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфта мешаванд, талаби қонунӣ кардани гирдиҳамоӣ ва аз ҷавобгарӣ озод намудани ҷавононе, ки мақари мақомотро оташ заданд, рад шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки манбаи мо дар Хоруғ имрӯз гуфт, ҷониби намояндагони сокинон талаб доштанд, агар парвандаи ҷиноӣ боз менамоянд, бигзор авмоили ин бетартибиро аз ҳарду ҷониб пайдо карда, ба ҷавобгарӣ кашанд. Вале агар мубтакирини тиркушоӣ дар шаҳр ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд, набояд аз ҷониби дигар ҳам касе ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Ҳол он ки ба гуфтаи манбаъ, «оташсӯзиҳо дар чунин ҳолот яке аз рамзҳои эътироз мебошад, ки дар дигар кишварҳо низ ин хусусият дида мешавад».
Бояд гуфт, феълан аз ҷониби мақомот ва сокинони шаҳри Хоруғ кумиссиюни муштараке созмон дода шудааст, ки имрӯз, 26-уми май шуруъ ба таҳқиқи қазияи Хоруғ менамояд.
Categories
Ахбори рӯз