Бино ба хабарҳои расида, аз ноҳияи Рашт мақомоти қудратӣ баъд аз зӯҳри имрӯз ба муқобили гурӯҳҳои вижаи Мулло Абудулло ва Аловиддин Давлатов амалиёти густурдаеро оғоз намудаанд. Ин хабарро Маҳмадулло Асадуллоев сухангӯйи вазорати дифоъ ба расонаҳои хабарӣ таъйид намудааст, аммо айни ҳол дар бораи ҷузъиёти бештари қазия маълумоте дода намешавад. Гуфта мешавад, ки иртиботи телефонии мобилӣ дар ин минтақа муваққатан қатъ карда шудааст. Ахаран бар асари амалиёти даҳшатафканонаи гурӯҳҳои Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов 25 нафар сабозони вазорати мудофиа ба ҳалокат расиданд, ки дар байни эшон афсарони олирутба низ буданд. Ёдовар бояд шуд, ки ҳамлаи мазкурро Шӯрои сиёсии ҲНИТ маҳкум намуда, мардумро ба ҳушёрӣ ва нигоҳ доштани сулҳу амният ва субботи ҷомеа давъат намуд.
Categories
Ахбори рӯз