Categories БА СУИ НУР

Аҳкоми рӯза

“Чанд рӯзи баршумурдаро (рӯза бидоред) ва ҳар кӣ аз шумо (дар моҳи рамазон) бемор ё дар сафар бошад, (рӯзаашро бихӯрад,) пас чанд рӯзи дигарро ба ҷои он (рӯза бигирад) ва бар касоне, ки рӯза барояшон тоқатфарсост, фидяе аст (дар ивази як рӯз) ба андозаи таъоми як тангдаст ва ҳар кӣ бо майлу рағбат кори хайре кунад, ин барояш хубтар аст ва рӯза гирифтан барои шумо беҳтар аст, агар (фазилати онро) бидонед”, (Сураи “Бақара”, ояти 184).

Дар ин оят ба хотири равшании бештар андохтан ба ибодати рӯза, ки фарзияти он дар ояти қаблӣ баён шуд ва комил кардани мафҳуми он оят чанд нукта зикр шудааст. Оят сараввал ба хотири ҷуръати бештар бахшидан ба шахси мукаллаф ба ҳудуди ин фарзи илоҳӣ ба таври муҷмал ишора намуда мефармояд: “Чанд рӯзи баршумурдаро (рӯза бидоред)”. Аз ин ҷумла бармеояд, ки рӯза ибодатест, ки замони тӯлониро дарбар намегирад. Чунончи аз ояти баъдӣ маълум мешавад, манзур аз “чанд рӯзи баршумурда” моҳи шарифи Рамазон мебошад, ки ҳар сол бисту нуҳ ё сӣ рӯзро ташкил медиҳад. Ба иловаи зикри кӯтоҳии муддати рӯза, дар равиши сухан боз сабукиҳои дигареро низ қайд мекунад: “Ва ҳар кӣ аз шумо (дар моҳи Рамазон) бемор ё дар сафар бошад, (рӯзаашро бихӯрад,) пас чанд рӯзи дигарро ба ҷои он (рӯза бигирад)”.
Бемор ва мусофир рӯзаашонро хӯрда, баъди шифо ёфтан аз беморӣ ва баъди баргаштан ба ватан ба теъдоди рӯзҳои беморӣ ва дар сафар будаашон аз рӯзҳои дигари сол рӯза мегиранд.
Бояд гуфт, Худованд, ки барои бандагонаш осонӣ мехоҳад, сафар ва бемориро ба таври мутлақ ва бидуни қайду шарт баён кардааст. Шояд ба ғайр аз машаққатҳое, ки мо дар сафар ва беморӣ эҳсос мекунем, мушкилоти дигар низ нуҳуфта бошад, ки инсонҳо ба дарки онҳо расида наметавонанд, ё ин ки фаҳми башар тавони расидан ба дарки онро надорад. Вақте ки Худованд сабаби ин ҳукмро баён накардааст, мо онро таъвил накунем ва аз матни оят пайравӣ намоем, беҳтар аст. Бо ин вуҷуд, фуқаҳои киром дар мавриди беморӣ шарҳу тафсири бештар додаанд. Беморон чанд тоифаанд, аз ҷумла бемороне ҳастанд, ки аз шиддати беморӣ аслан тавони рӯза доштанро надоранд, бар ин тоифа аз беморон воҷиб аст, ки рӯзаашонро бихӯранд. Инчунин бемороне низ ҳастанд, ки тоқати рӯза гирифтанро доранд, вале дар рӯза доштан машаққат мекашанд ва қисмати дигари беморон тавони рӯзаро доранд, аммо ба сабаби рӯза гирифтан ё беморияшон авҷ гирифта зиёд мешавад ва ё ба онҳо хавфи зарар таҳдид мекунад. Барои ин гурӯҳ рухсат аст, ки рӯзаро бихӯранд.
Паёмбари гиромӣ (с) дар баробари мусофир ва бемор инчунин ба зани ҳомила ва зани ширдеҳ низ рухсат додааст, ки рӯзаашонро бихӯранд ва дар вақти муносиби дигар қазои онро бидоранд, дар сурати он ки ба сабаби рӯза доштан ба худи зан ва ё фарзандаш хавфи зарар дидан таҳдид кунад. Ҳазрати Анас ибни Молики Қушайрӣ аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекунад, ки фармуданд: «Ҳамоно Худованд аз мусофир ними намоз ва рӯзаро соқит кардааст ва аз зани ҳомила ва бачаи ширхордор низ (рӯзаро соқит кардааст)».
Бояд гуфт, манзур аз сафар на ҳамаи сафарҳои одатӣ, балки сафари тӯлонӣ мебошад, ки бинобар таҳқиқи фуқаҳо тақрибан масофаи серӯза роҳ аст ва фуқаҳо онро ҳаштод километр эътибор кардаанд.
Аз ҳазрати Ҷобир (р) ривоят аст, ки гуфт: “Паёмбари Худо (с) дар соли Фатҳ дар моҳи Рамазон ба сӯйи Макка баромад ва то ба (маҳале ба номи) “Курроъул ғамим” расидан рӯзадор буд ва мардум ҳам рӯза доштанд. Сипас он Ҳазрат (с) фармуд, то косаи об биёранд, баъд аз он косаи обро баланд бардошт, то ҳамаи мардум ба он нигаристанд, сипас онро нӯшид. Баъд аз он ба он Ҳазрат (с) хабар доданд, ки бархе аз мардум рӯзадоранд, фармуд: “Онҳо гунаҳкоранд, онҳо гунаҳкоранд” (Муслим ва Тирмизӣ ривоят кардаанд).
Инчунин аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривояти дигарест, ки гуфт: “Дар яке аз сафарҳо Паёмбари Худо (с) дид, ки мардум издиҳом намуда ва болои сари шахсе соя кардаанд”. Фармуд: “Ӯро чӣ шудааст?” Гуфтанд: “Рӯзадор аст”. Фармуд: “Дар сафар рӯза доштан кори писандида нест” (Бухорӣ, Муслим, Абудовуд ва Насоӣ ривоят кардаанд).
Худованд дар идомаи оят дар мавриди касоне, ки ба сабаби пиронсолӣ ва ё камқувватӣ, ё бемориҳои тӯлонӣ рӯза доштан барояшон то ҳадде душвор аст, ки дар анҷоми он лозим мешавад машаққати зиёд бикашанд, мефармояд: “Ва бар касоне, ки рӯза барояшон тоқатфарсост, фидяе аст (дар ивази як рӯз) ба андозаи таъоми як тангдаст”.
Ин тоифа аз мӯъминон, ки умеди баъди моҳи Рамазон беҳбуд ёфтану қазо доштани рӯзаро надоранд, рӯзаро бихӯранд ва ба ивази он фидя, яъне бадали молӣ бидиҳанд, ки миқдори он барои рӯзаи як рӯз аз таъоми миёна, на таъоми ниҳоят камғизо ва на таъоми гаронбаҳои лазиз сер кардани як тангдасти гурусна аст.
Худованд баъд аз баёни фарзияти ибодати рӯза ва қисмате аз аҳкоми он ба як нуктаи ниҳоят муҳим ишора мекунад: “Ва ҳар кӣ бо майлу рағбат кори хайре кунад, ин барояш хубтар аст”. Он нукта ин аст, ки инсон ҳар амали некеро, новобаста аз он ки амали фарз аст, ё воҷиб, ё суннат ва ё мустаҳаб, бидуни эҳсоси нороҳатӣ ва бо камоли майлу рағбат ва довталабона анҷом диҳад, барояш хубтар аст.
Ҳамзамон дар идомаи ҷумлаи мазкур, ки заминаи муносибе барои баёни ин маънӣ омода намудааст, мефармояд: “Рӯза гирифтан барои шумо беҳтар аст, агар (фазилати онро) бидонед”. Яъне бо камоли рағбат ва довталабона рӯза гирифтанатон, ки бо дарназардошти хайру салоҳи шумо мӯъминон фарз гардонда шудааст, беҳтар аст.
Дар партави ин оят метавон ба хубӣ дарёфт, ки дастуроти Худованд дар мавриди анҷом додани ибодатҳо, аслан бар меҳвари тарбия ва тазкияи нафси инсонӣ давр мезанад ва амри шореъ анҷоми ин таклифотро дар моварои воқеъияти тавони башарӣ қарор надодааст.

Зубайдуллоҳи Розиқ

More From Author

You May Also Like