Categories Ахбори рӯз

Президенти Укроин: Амалиёт барои озодии Донетску Луҳанск идома меёбад

Петро Порошенко изҳор дошта, ки амалиёт оид ба озод сохтани ду вилояти Донетск ва Луҳангск аз гуруҳҳои ғайриқонунӣ идома меёбад. “Ман хеле дурам аз эҳсосот, вале авзоъ ниҳоят мураккаб аст. Террористҳо дар шаҳрҳои бузург ҷо гирифтаанд ва ҳоло дар пеш санҷишҳои зиёде ҳастанд”, гуфтааст ӯ зимни муроҷиъат ба мардуми Укроин, дирӯз, 5-уми июл.
Сардори давлат қайд карда, ки амри ӯ ҳоло боқист, “танг кардани маҳдудаи терористҳо ва идома додани амалиёт барои озодии Донетску Луҳанск. Ҳодисаҳои рӯзҳои охир ҳақиқати нақшаи сулҳи моро тайид карданд, ҳамчунин қарор дар мавриди оташбаси муваққатро.
Ҳиҷ кадоме аз онҳоро силоҳбадастон қабул надоштанд ва барои ин амали худ акнун ҷавоби сазовор мегиранд”, гуфтааст П.Порошенко.
Дар баробари ин ӯ иттилоъ дода, ки зимни озод кардани шаҳрҳо нерӯҳои низомии кишвар тамоми чораҳоро мебинанд, то мардуми мулкӣ зарар набинанд.

More From Author

You May Also Like