Тайи шаш моҳи гузашта 16 тобути муҳоҷири ба Кӯлоб оварда шудааст.
Алӣ Комилов, директори ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» гуфт, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 16 тобути муҳоҷири тоҷик аз Русия ба фурудгоҳи шаҳр Кӯлоб оварда шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 13 тобут ба ин фурудгоҳ оварда шуда буд.
Ҳамчунин номбурда афзуд, «дар шаш моҳи соли гузашта соли ҷорӣ 3 287 нафар муҳоҷири тоҷик бинобар надоштани иҷозати Хадамоти муҳоҷирати Федератсиюни Русия аз фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб баргардонида шуданд».
Categories
МУҲОҶИРАТ