Ба истиқболи 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ

Сарриштаи давлат, эй бародар, ба каф ор,
В-ин умри гаронмоя ба хасорат магузор.
Андар ҳама ҷо, бо ҳама кас, дар ҳама кор
Медор нуҳуфта чашми дил ҷониби ёр.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Мутафаккири бузурги форсу тоҷик Муҳаммади Ғаззолӣ мефармояд: «Хирад омӯхтани илм асту хирадмандӣ кор бастани илм. Аз ин рӯ, ин атои қудсӣ бояд муҳтарам дониста шавад ва касоне, ки хирадманду донишманданд, миёни табақаҳои ҷомеа бояд қадршиносии бештаре дошта бошанд, зеро, заррае беэътиноӣ нисбати табақаи хирадманду соҳибмаърифат ҷомеаро рӯ ба инҳитоту костагии эътибор мувоҷеҳ месозад».
Аҷдоди бузургвори Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ аз Бағдод ба маҳаллаи Дашти Исфаҳон ва аз он ҷо ба сарзамини Ҷом, ки аз тавобеъи Ҳирот аст, кӯч баста, дар он ҷо муқим гардид. Ҳазрати Мавлоно шаби 23-юми шаъбони муъаззами 817-и ҳиҷрии қамарӣ (1414 мелодӣ) дида ба ҷаҳон кушуд. Падари бузургвори ишон он касро, ки ҳанӯз тифл буд, ба манзури таълиму тарбият ба шаҳри Ҳирот овард ва дар мадрасаи Низомия шомили ҳалқаи дарси асотиди бузургвори он мадраса гардонид. Агарчи авқоти таҳсилашон андак ва маҳдуд буда, магар донишмандиву табаҳҳурашон дар улуму маорифи мутадовилаи замон машҳуру маъруф аст. Он ҷаноб дар тариқат муриди Мавлоно Саъдуддини Кошғарӣ буда, ба ҳазрати Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор (р) иродати комил дошт, чунонки дар осори худ аз ин ду бузургвор бисёр ситоиш кардааст.
Аҳли илму дониш бар ин боваранд, ки манзалату мақомеро, ки ҳазрати Мавлоно дар дарбори Ҳирот ва назди мулуки дигари замони худ дошт, ҳеҷ донишманду шоиреро дар замонаш муяссар нашудааст. Вафоташон дар таърихи 898-и ҳиҷрии қамарӣ (1492 милодӣ) иттифоқ афтод.
Ҳазрати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз мафохири фарҳанг ва адаби дунёи ислом маҳсуб мешавад ва мавриди эҳтироми аҳли фарҳангу адаб мебошад ва дар сарзаминҳои Эрону Афғонистон ва Туркия осорашон мавриди қабул ва истифодаи хосу ом қарор дорад. Таълифоти ишон бо тахаллуси Ҷомӣ 54 адад китоб мебошад.
Азбаски солҳои охир насли наврас бо ҳар роҳу восита аз таълиму тарбияи динӣ гирифтан маҳрум карда шуда истодаанд, мо тасмим гирифтем, ки тавассути нашрияи «Наҷот» манзумаи «Эътиқоднома»-и Абдураҳмони Ҷомиро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор диҳем ва ҳамзамон аз волидайну ворисони наврасон хоҳиш менамоем, ки фарзандон ва умуман, ҷавонони ноогоҳро аз мазмуну муҳтавои он огоҳ намоянд.
«Эътиқоднома», ки номи аслиаш «Ақоиднома» мебошад, манзумаест, ки қисми таркибии достони «Силсилат-уз-заҳаб»-и «Ҳафт авранг»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро ташкил медиҳад. Таъкид намудан бамаврид аст, ки дар ин манзума вожаҳои арабӣ ва истилоҳоти фалсафию илоҳиётшиносӣ фаровон истифода шудаанд. Инсони савобҷӯ ва худошиносе бо номи Абдуллоҳ Шафиқии Ҳиравӣ ба шарҳу тавзеҳи ин манзума камари ҳиммат бастааст, то ки ҳадафи Мавлоно Ҷомӣ аз хонандагони нисбатан каммутолиа бавижа наврасон пӯшида намонад. Воқеан, ӯ дар ин ҷода кори хайреро ба анҷом расонидааст ва забони соддаи шарҳу тавзеҳи ӯ имкон медиҳад, ки тамоми хоҳишмандон аз ин манзума баҳра бардошта тавонанд.
Мударрис Гелонӣ дар муқаддимаи чопи Теҳрони «Ҳафт авранг» менависад: «Рисолаи «Ақоиднома»-и Ҷомӣ манзумаест дар усули ақоиди ашъарӣ, ки Ҷомӣ онро дар зимни китоби «Силсилат-уз-заҳаб» тамом карда. Мебинем, ки дар ин китоб такфир ва лаъни аҳли қибларо ҷоиз намешуморад. Ҳамин матлаб равшан мекунад, ки Ҷомӣ марди равшан ва мунсифе аст ва ин сифатро бояд аз сифоти писандидаи ӯ донист».
Ногуфта намонад, ки маҷмӯаи мазкур бо унвони «Эътиқоднома» ҳанӯз соли 2008 дар таҳияи Иброҳими Наққош дар Душанбе нашр шудааст.

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Ҳамд ва тавҳиди Бори таъоло
Баъди ҳамди Худову наъти Расул,
Бишнав ин нуктаро ба самъи қабул.
Ки нахустин фариза бар оқил,
Оқиле, к-аз булуғ шуд комил.
Нест берун аз ин ки бипзирад,
Бар дилу ҷони хештан гирад.
Баъд аз он бетараддуду инкор,
Ба забон ҳам занад дами иқрор.
Маънии абёт:
Баъд аз ситоиши Худованд ҷалла ҷалолуҳу ва сифати Паёғамбар(с) ин суханро ба гӯши қабул бишнав, ки аввалин фарз бар одамӣ, ки ба воситаи булуғ ба камоли ақли худ мерасад, ғайр аз ин нест, ки ба ҷону дили худ қабул кунад ва бовар дошта бошад. Ва баъд аз он ҳам бидуни тардиду инкор иқрор кунад, яъне ба забон ҳам бигӯяд.

Сифати имони муҷмал
К-офаринандаест Одамро,
Балки зарроти ҷумла оламро.
К-аз адамшон раҳи вуҷуд намуд,
Ҷовидон ҳасту буду хоҳад буд.
Ҳаст бе туҳмату шумор яке,
Нест андар ягонагиш шаке.
Кард баъси Муҳаммади арабӣ,
То бувад халқро расулу набӣ.
Маънии абёт:
Ки барои одамиён ва ҷаҳон бо ҳама чизҳое, ки дар вай аст, холиқу офаридагоре вуҷуд дорад, ки онҳоро аз адам (нестӣ) ба сӯи вуҷуд раҳнамун кардааст. Ӯ ҷовид аст, ки пайваста вуҷуд дошта, дорад ва хоҳад дошт. Ин офаридгор яке аст ва ин яке будани Ӯ аз ҷинси шумораи 1-2-3 нест, балки аз ин аст, ки бидуни шак яктову ягона аст ва назиру монанд надорад. Ӯ Муҳаммад (с)-ро аз қавми Араб паёғамбар ба ҷониби халқ равон кард, то барояшон дини Вайро расонида ва онҳоро ба роҳи рост раҳнамун шавад.
Ҳарчи собит шавад ба қавли1 сиқот2,
Ки Муҳаммад алайҳи алфа салот3.
Дод моро хабар ба муҷиби он,
Воҷиб ояд ба он зи мо имон.
Ин бувад муҷмали сухан беқил,
Шарҳи он гӯш кун алаттафзил4.
Маънии абёт:
Ҳар чӣ ба гуфтаи мардуми амин собит шавад ки Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад(с) бар ӯ ҳазор раҳмати Худо бод, моро бад-он хабар дода ва огоҳ кардааст, бар мо воҷиб аст, ки дар ҳамон вақт ба он имон биёварем, яъне онро қабул кунем. Ҳамин қадар, ки гуфта хулоса ва муҷмали имон бувад, шарҳи онро ошкорову равшан гӯш кун.
Дар баёни вуҷуби вуҷуди Ҳақ субҳонаҳу таъоло
Ҳар киро ақли хӯрдабин бошад,
Пеши вай ин сухан яқин бошад,
К-осмону замину ҳар чи дар ӯв,
Бошад аз ҷисму ҷон, чӣ кӯҳна чӣ нав.
Нест онро зи сонеъе чора,
Ки бувад файзбахш ҳамвора.
Хона бе сунъи хонасоз кӣ дид?
Нақш бе дасти хомазан кӣ шунид?

Маънии абёт:
Ҳар кас дорои ақли борикбин ва дурандеш бошад, ин сухан дар назди ӯ яқин расидааст, ки ҳар чизе, ки дар замин, осмон, нав, кӯҳна аз ҷисму пайкар ва рӯҳу ҷон вуҷуд дорад, ӯро аз сонеъ ва офаридгоре чора нест, ки пайваста сабаби бахшоиши неъмати вуҷуд барояш шуда битавонад. Кадом касе хонаеро дида бошад, ки хонасоз ё меъмор дар он кор накардааст ва кӣ шунидааст, ки расм ва нақшае бидуни дасти қаламзане падид омада бошад?
Ҳарчи оварда сӯи ҳастӣ пай,
Ёфта ҳастиву бақо аз Вай.
На араз5 зоти Ӯву на ҷавҳар6,
Ҳарчи банди хаёл аз он бартар.
Ҳама муҳтоҷи Ӯ нишебу фароз,
Ӯ мубарро зи эҳтиёҷу ниёз
Аввал Ӯ буду коинот набуд,
Ёфт з-Ӯ ҷумла коинот вуҷуд.
Охир Ӯ монаду намонад кас,
Кунҳи7 Ӯро ҷуз Ӯ надонад кас.
Аз ҳама дар сифоту зот ҷудо,
Лайса шайъун камислиҳи абадо8.
Маънии абёт:
Ҳар чизе, ки ба олам мавҷуд шудааст, ҳастии худро аз офаридгори ҷаҳон ёфтааст. Зоти Худованд на ҷисм ва на модда ва на аз чизҳоест, ки бар ҷисм пайдо мешавад, балки аз ҳар чӣ дар гумону андешаи мо дарояд, аз он бартару болотар аст. Ҳар мавҷуде, ки дар поёну болои олам аст, барои вуҷуди худ ба Худованд эҳтиёҷу ниёз дорад. Ӯ таъоло аз ҳаргуна эҳтиёҷу ниёзмандӣ пок аст. Дар аввал, яъне пеш аз ҳама чиз Худованд вуҷуд дошт, дигар мавҷуде набуд, ҳамаи мавҷудот ва коинотро Худованд ҳастӣ дода ва офаридааст. Дар охир, яъне пас аз ин ки ҳамаи коинот ба хости Худованд несту нобуд шаванд, зоти Ӯ таъоло боқиву пойдор аст, ҳақиқати зоти Ӯро ба ҷуз худи Ӯ касе намедонад. Аз ҷумлаи махлуқот дар сифоти зоти Худ ҷудост, ҳеҷ гоҳ чизе ба Вай шабеҳу монанд нест.
Дар баёни ваҳдати зоти поки Ҳақ субоҳанаҳу таъоло
Воҳид аст Ӯ ба зоти хеш аҳад,
Ваҳдате бартар аз шумору адад.
Ҳар киро ваҳдаташ шавад машҳуд9,
Аз адад фориғ асту аз маъдуд.
Соҳати10 иззаташ бувад з-он пок,
Ки кунад кас таваҳҳуму11 ишрок12.
Раҳ ба имкон наёфт ҳамтояш,
Тангнои маҳол13 шуд ҷояш.
Маънии абёт:
Офаридгори олам яке аст, на яке аз ҷинси шумораи 1-2-3 буда бошад, балки бад-ин маънӣ, ки яктову ягона аст. Ҳар кас ба ягонагии Худованд доно шуд, медонад, ки ин яктоӣ аз ҷинси адад ва шумурдан нест, балки бузургӣ ва иззати шони Худованд аз он поку муназзаҳ аст, ки фикру андешаи касе бад-он роҳ ёфта битавонад. Монанд ва ҳамтои Худованд имкон надорад, ки мавҷуд шавад, балки он як чизи маҳол аст, яъне вуҷуд надорад.
Дар баёни он ки зоти Худованд якто ва ягона аст
Гар Худо будӣ аз яке афзун,
Кай бимондӣ ҷаҳон бад-ин қонун.
Дари файзи вуҷуд баста шудӣ,
Тору пуди бақо гусаста14 шудӣ.
Ҳама олам адам шудӣ бо ҳам,
Балки берун наёмадӣ зи адам.
Донад он, к-аш зи ақл дорад баҳр,
Ки ду шаҳро чу ҷо шавад як шаҳр.
Силки15 ҷамъият аз низом афтад,
Рахна дар кори хосу ом афтад.
Маънии абёт:
Агар худованди олам аз яке зиёдтар мебуд, асоси дунё ба сабаби кашмакаши онҳо ба ҳам мехӯрд ва тартиби ҷаҳони ҳастӣ пойдор намемонд, балки дарвозаи ҳастӣ баста мегашт ва тору бофти мавҷудоти олам аз ҳамдигар мепошид. Тамоми мавҷудоти олам нобуд мешуд, балки роҳе ба тарафи вуҷуд ёфта наметавонист. Ҳар кас донову оқил бошад, медонад, агар ду подшоҳ дар як шаҳр ҷойгузину ҳоким гарданд, риштаи ҷамъияти мардум аз назму қоида берун мегардад ва дар кори хосу ом рахнаву бесарусомонӣ ворид мешавад.

(давом дорад)
Фароҳамсоз
СаидмуродШарифов

1Қавл – сухан, назария ва ақида
2Сиқот – ҷамъи сиққа, мардуми тарфи эътимод ва амин.
3Алайҳи алфа салот – бар ӯ ҳазор раҳмати Худо бод.
4Алаттафзил – баёни возеҳ ва ошкоро.
5Араз – чизе, ки собит ва пойдор набошад ва чизе, ки ба сабаби чизи дигар падид омада бошад, монанди ранги ҷома, ки ба сабаби ҷома падид омадааст.
6Ҷавҳар – ҳарчи пойдор бошад, монанди ҷома, ки ҷавҳар аст ва ранг араз.
7Кунҳ – ҳақиқати чизе, асл ва гавҳари он.
8Лайса шайъун камислиҳи абадо – ҳеҷ гоҳ чизе монанди Ӯ нест.
9Машҳуд – дидашуда, донисташуда.
10Соҳат – боргоҳ, даргоҳ.
11Таваҳҳум – гумон ва пиндоштан.
12Ишрок – ширк овардан.
13Маҳол – воҷиб, мумкин.

More From Author

You May Also Like