Тӯли 10-солаҳост, ки бо баҳонаҳои бофтаву сохта, Исроил болои Ғазза ҳамалоти низомӣ доир менамояд. Ҳамалоти охирин, ки чандин рӯз боз идома дорад, садҳо қурбониву захмиро ба дунбол дорад ва ҳар рӯз ин шӯмораи шуҳадо афзоиш меёбад.
Ба назари Шумо, оё Исроил бо ин ҳамалот чӣ мехоҳад ва дар ин кирдораш ҳақ аст? Чаро низомҳои феълӣ дар ҷаҳони Ислом дар иртибот ба ин қазия хомӯширо ихтиёр мекунанд?
Абдуллоҳ Оқилзода, коршиноси масоили динӣ ва иҷтимоъӣ
Ҳадафи асосии Исроил аз ин ҳамалот ба пуррагӣ зери тасарруфи худ даровардани сарзамини Фаластин мебошад. Ҳатто мутобиқ ба бандҳои “Протоколҳои саюнситҳо” ин режими ишғолгар қасди ба куллӣ тасарруфи оламро ҳам дорад. Касе ин протоколҳоро аз назар гузаронида бошад, ба умқи гуфтаҳои боло мерасад.
Режими ишғолгар бо тасарруфи кулли Фаластин василаи зери даст даровардани Шарқи Миёнаро барои худ осон мегардонад. Онҳо қасди ба пуррагӣ пора-пора кардани ин минтақаро доранд, чун бо ин роҳ ҳукумат кардан болои дигарон хеле осон мешавад.
Аммо дар мвриди ҳақ будан ё набудани онҳо. Имом Қарзовӣ (ҳ) дар китоби “Ал-Қудсу қазияту кулли муслим” бисёр мухтасар ва мантиқона посух додаанд. Мехоҳам инҷо айнан гуфтаи ишонро нақл кунам: “Ин ҷо таъкидан мегӯям, ки Қудс сарзамини сирф арабӣ ва исломист, ҳамон тавре Фаластин ба куллӣ хоки арабӣ ва исломист. Яҳудиҳо дар он ҳеҷ ҳаққе надоранд, то онро гирифта ба пойтахти давлати бебунёдашон ва дар пояи зулму таҷовуз бино кунанд. Яҳудият даъво доранд, ки дар Фаластин ҳам ҳаққи таърихӣ ва ҳам ҳаққи динӣ доранд. Аммо воқеъият ин аст, ки онҳо на аз нигоҳи таърихӣ ва на аз нигоҳи динӣ дар ин сарзамин ҳеҷ ҳаққе надоранд, балки онҳо ғосиб ва ишғолгари ин сарзамин дониста мешаванд ва камтарин ҳаққе дар он надоранд”.
Аммо оид ба қисмати ахири савол, ки чаро низомҳои феълӣ дар ҷаҳони Ислом хомӯширо ихтиёр карданд, инро метавон гуфт, агар ошкору бепарда бигӯем, режими ишғолгар бо пуштибони асосии худ, ИМА тавонист бо ин ё он роҳ аксари ҳокимони давлатҳои арабиро «ғулом»-и худ гардонад. Хулосаи он танҳо дар як ҷумла ин аст, ки ҳокимони ки шварҳои исломӣ ба тамоми чиз розианд, муҳим курсӣ ва қудраташон ҳифз шавад.
Султон Ҳамад, журналисти мустақил ва таҳлилгар
Ҳамлаҳои хунини низомиҳои Исроил болои мардуми мулкии Фаластин, албатта амалест ғайрибашарӣ ва сазовори маҳкум аз сӯи ҷомеъаи байналмилалӣ. Зеро дар ин ҳамлаҳо бештар занону кӯдаконва пиронсолон ба шаҳодат мерасанд. Вале мутаассифона, ҷомеъаи байналмилал, ҳатто ҷаҳони араб ҳам ба таври лозим дар қиболи ин бедодгариҳои Исроил вокуниши ҷиддӣ нишон надодаанд, ки албатта бар зарари суботу амният на танҳо ин минтақа, балки дар миқёси ҷаҳон аст.
Чунин ваҳшигариҳои доираҳои низомии Исроил метавонад қувваҳои ифротгароро ба содир кардани амалҳои терористӣ таҳрик диҳад. Аз ин рӯ, ҳалли ҳарчи тезтари мусолиматомези ин қазия ба манфиъати ҳарду ҷониби даргир аст.
Асадуллоҳ Вализода, коршинос
Новобаста ба қарори СММ дар хусуси таъсиси ду давлати мустақил дар ин қаламрав, 66 сол муқаддам ғайричашмдошт танҳо давлатеро расмият бахшиданд, ки номаш Исроил аст. Дар ҳоле ки ағлаби кулли аҳолии Фаластинро дар он замон арабҳо ташкил медоданд. Ин амри ноодилона ва хиёнаткорона нисбат ба мардуми муқимии ин сарзамини таърихӣ маҳз бо пуштибонии абарқудратҳо ва лобистҳои саҳюнизми ҷаҳонӣ, ҳамчунин саҳланкории низомҳои кишварҳои арабӣ ба вуқуъ пайваст, ки то ҳанӯз баҳои сангинашро мардуми мазлуми Фаластин бо баҳои хуни хеш пардохта наметавонад. Чун давлати Исроил асосан зери ғояҳои саҳюнистӣ, ғасби бештари замин, соҳибият ба дороиҳои он ва тағйири ҳолати демографӣ ба фоидаи яҳудиҳо ташкил ёфтааст. Низоми ғосиби яҳудӣ ҳануз аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ бо ҳама василаҳои имконпазир ин ҳадафҳоро пайгирӣ мекунанд.
Аммо низомҳои феълӣ дар ҷаҳони араб аз нигоҳи мавқеъи ягона надоштан дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар буҳрони Фаластин, муқобили қудратхоҳиҳои Исроил чорае андешида натавонистанд. Ҳатто дар солҳои охир, бар алайҳи ҳамлаҳои аҳдшиканонаи Исроил, онҳо ҳамчун низоми худкома мувоҷҷеҳи буҳрони сиёсии дохилӣ буда, кадом вокуниши ҷиддие зоҳир накарданд. Билъакс, барои пешгирӣ ва саркуб намудани ҳаракатҳои димократӣ ва озодихоҳӣ, ки асосан дар ин равандҳо нирӯҳои исломӣ бартарият доранд, ба кишварҳои ғарбию режими саҳюнистӣ тавофуқоти ғайриалание ҳосил намудаанд.
Бубинед, ҲАМОС дар интихобот пирӯз шуд, вале ҳаққаш поймол гардид ва то имрӯз навори Ғазза дар муҳосира аст. Яке аз ҳадафҳои аслии ҳуҷуми навбатии Исроил болои ин минтақа ҳам аз байн бурдани ин ҳаракати муқовимати исломист. Агар ин бетаваҷуҳӣ давом ёбад ва пеши сиёсати таҷовузгаронаи Исроил гирифта нашавад, Фаластин ҳаргиз соҳиби давлати мустақил нахоҳад шуд ва олами ислом аз Байтулмуқаддас маҳрум мегардад.