Авлиёро бояд шинохт

TBegin:http://nahzat.tj/uploads/posts/2014-07/1405763054_ca338e3c9262ffb7fda1ab099ab32cf1_l.jpg|leftАвлиёро бояд шинохтTEndcolorstart:#000000Матлаби мазкур ба хотири ҷой доштани ақидаи ғалате рӯи қоғаз оварда мешавад, ки дар зеҳни мардум ҷой дорад, он ҳам шинохти авлиё. Онҳо авлиё ё суфӣ ва шайху гӯшанишин касеро мегӯянд, ки тоъату фармони Худоро канор гузошта, худро ба кӯи девонагӣ задааст.

Аммо вақте инсони огоҳ рӯ меорад ба шарҳи ақидаи “Таҳовия” дар он чунин бандеро мехонад: Ҳамаи муъминон дӯстону авлиёи Худоянд. Ҳамон тавре муъминон бо якдигар дар имон тафовут доранд, дар дараҷа ва вилояту дӯстӣ ба Худо низ аз ҳамдигар фарқ доранд. Пас маҳбубтарини авлиё касонеанд, ки Худоро пайваста итоъат ва аз Қуръону суннати Расулуллоҳ (с) пайравӣ менамоянд.

Ибни Қаййим ҳам авлиёҳоро тақсимбандӣ кардааст ба раҳмонӣ ва шайтонӣ: Авлиёи Худо касонеанд, ки васфшуда бо ояҳои қуръониянд, яъне “огоҳ бошед, ҳамоно дӯстони Худоро хавфе бар ишон нест ва ғамгин нестанд. Онҳо касонеанд, ки имон ба Худо ва Расул доранду парҳезгоранд, (сураи «Юнус», 62 – 63).

“Ин китобест, ки дар он шакку шубҳае нест, роҳнамои муттақиён аст. Касоне, ки имони ба ғайб доранд ва намозро барпо медоранд. Аз он рӯзие, ки ба онҳо додаем ва инфоқ мекунанд, касоне ҳастанд, ки бо он китобе, ки ба ту нозил шудааст ва ба он чи ба расулони пеш аз ту нозил шудааст ва ба рӯзи қиёмат яқин доранд. Онҳо касонеанд, ки ҳидоятёфтагону растагоранд», (сураи «Бақара», 2-5)

«Ва локин накӯию амали хайр ин аст, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат, малоикаҳо ва китобҳову паёмбарон имон дошта бошанд, моли худро бо вуҷуде, ки онро дӯст медоранду ниёз доранд, ба хешовандон ва мискинону мусофирон, бенавоёну асирон нафақа мекунанд ва намозро барпо медоранд. Закотро адо ва бо аҳду паймони худ вафо мекунанд, вақто аҳд мекунанд. Дар ҳолати нодорию беморӣ ва дар ҷанг бо душман сабр мекунанд, онҳо касонеанд, ки ростгӯён ва муттақиёнанд, (сураи «Бақара», 177)

Инчунин Худованд ваъда кардааст, ки гуноҳи мардону занони мусулмону муъмин, мардону занони ибодаткунанда ва ростин, мардону занони сабркунанда ва худотарс, мардону занони садақадиҳанда ва рӯзагиранда, мардону занони шармгоҳи худро аз зино боздоранда ва Худоро бисёр ёд кунандаро мебахшад ва ҷаннати худро барои онҳо омода кардааст

“Касе, ки итоат аз Худо ва Паёмбар кунад ва аз Худо битарсаду парҳезгорӣ намояд, онҳо касонеанд, ки пирӯзшудагонанд», (Сураи «Нур», 52)
Пас авлиёи Худо касонеанд, ки Худоро мухлисона парастиш мекунанд ва агар ҳар гуна кор ё мушкилоту ихтилофе пеш ояд, паёмбарро довар қарор медиҳанд, инчунин авлиёи Худо бидъаткор нестанд ва мардумро ба бидъат даъват намекунад.

Баръакс, авлиёи шайтонанд, ки ин сифатҳои қуръониро надоранд. Ибни Қаййим дар охир мегӯяд: Агар барои ту зарурати фарқ кардан миёни авлиёи раҳмонӣ ва шайтонӣ пеш ояд, бояд авлиёи Худоро бо се кирдор бисанҷӣ:

1.Онҳо бояд намозгузор бошанд.
2.Мардумро бояд ба сӯи Худо ва суннати Расулуллоҳ(с) даъват намоянд.
3. Ба суннат ва аҳли суннат бояд муҳаббат дошта бошад.

Аз ин гуфта чунин хулоса бар меояд, ки авлиёро бо хориқулодда ё ҳоли ӯ санҷидан лозим нест, агарчи дар болои об роҳ гардаду дар ҳаво парвоз намояд.

Банда, ин суханҳоро бидуни хитоб ба касе ё ғарази шахсӣ ин ҷо наовардаам. Мақсад ин аст, ки ҳанӯз аз овони хурдсолӣ медонам эшонзода ва дигарҳоеро, ки гузаштагонашон аз аҳли тариқат будаанд. Насли баъдӣ аз шариъат бехабаранд ё наузумбиллоҳ ибодат барои баъзеи дигараш бегона мебошад.

Аммо мардум нисбати ин ҷанобон чунин ақидаву назар доранд: Инҳоро хондаву нахондаашон баробар аст. Худованд ҳамаи моро аз залолату хурофот ва ақидаҳои ғалат нигоҳ дорад, омин.

Аъзами Ҳасаниён/colorend

More From Author

You May Also Like